ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Ҳамасола рӯзи 25-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология ҷашн гирифта мешавад..
Соли 1993 – Байни Тоҷикистон ва Русия созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила ба имзо расид.
Соли 1995 – Оқохони IV, пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон, аввалин бор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад ва аз ҳамон вақт мардуми ВМКБ ҳамасола ин рӯзро ба унвони Рӯзи Нур ҷашн мегиранд.
Соли 2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи назоратии Кулма–Қарасу ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2007 – Созишномаи ҷамъ кардани мошинҳои эронии “Саманд” дар Тоҷикистон имзо гардид. Ин санад бо мақсади таъсиси истеҳсоли мошинҳои мазкур дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба байни ду кишвар ба имзо расида буд.
Бар асоси ин созишнома, нақшаи таъсиси корхонае барои истеҳсоли мошинҳои “Саманд” дар Тоҷикистон таҳия шуд. Аммо то имрӯз иттилоъ дар бораи амалӣ шудани ин лоиҳа ё оғози истеҳсолот дар Тоҷикистон мавҷуд нест.
Соли 2020 – Беш аз 230 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷасади 13 нафар, ки дар пайи пандемияи коронавирус дар Русия банд монда буданд, ба Ватан интиқол дода шуданд. Бо ҳамин хатсайр омӯзгорони рус, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд, ба Маскав баргардонида шуданд.
Соли 2023 – Рустам Холиқов, роҳбари собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва директори пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд.
Нисбати ӯ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316 қисми 3 банди “в”) ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “а”) парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Мавлуди Абдуҳамид Ҷалилов, муаррих, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1929 – Зодрӯзи Суннатулло Бобохоҷаев, геологи тоҷик, доктори илмҳои геологияю минерология, профессор.
Соли 1934 – Мавлуди Олуболу Боқиев, таърихдон, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1956 – Зодрӯзи Хусрав Шамбезода, доктори илмҳои филология, профессор.
Соли 1972 – Зодрӯзи Самариддин Асозода, рӯзноманигор ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи Маҷлиси олии Тоҷикистон.

Соли 2010 – Абдуҷалил Ҳомидов, собиқ раиси вилояти Суғд дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Абдуҷалил Ҳомидов соли 1992 раиси вилояти Ленинободи пешин вилояти имрӯзаи Суғд раис таъин шуд. Дар охири соли 1993 аз мақом барканор гардид. Вале дар остонаи интихоботи расёати ҷумҳурӣ дар соли 1994 бори дигар вайро дар ин мақом таин карданд.
Соли 1996 Ҳомидов дубора аз мақомаш барканор шуд ва ин бор барои зиндагӣ ба Тошканд рафт. Мақомоти расмии Тоҷикистон вайро барои ҳимоят аз Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришӣ ва барои ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам медонанд. Вай соли 2001 дар Хуҷанд ҳангоми ширкат дар ҷанозаи хоҳараш боздошт ва зиндонӣ шуд.
Абдуҷалил Ҳомидов, дар моҳи июни соли 2002 бо як силсила иттиҳомот, аз ҷумла, тероризм, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва сӯиқасд ба ҷони шахсиятҳои давлатӣ ба 18 соли ҳабс маҳкум гашта буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад. Ин ҷашн дар пайи пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2024 пазируфта шуд.

Рустами Эмомалӣ ба СММ пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман 25‑уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Рӯзи 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома, ин пешниҳодро пазируфт.
25 май Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ҳадафи ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба мушкилоти кӯдакони гумшуда ва таҳкими чораҳои ҷустуҷӯ ва ҳифзи онҳо ташкил шудааст. Таъсиси ин рӯз бо ҳодисаи гум шудани кӯдаки шашсола, Эвиан Пейтс дар ИМА дар соли 1979 рабт мегирад. Кӯшишу ҷустуҷӯҳо барои дарёфти ӯ натиҷа надоданд, аммо ин ҳодиса ба ташкили чораҳои мушаххас дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ сабаб шуд.

Аз соли 2010 ин рӯз расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда эътироф шудааст. Тибқи омори расмӣ, шумораи кӯдакони гумшуда дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо мерасад.
Рӯзи 25 май ҳамасола ҳамчун Рӯзи Африқо (ё Рӯзи озодии Африқо) таҷлил мегардад. Таърихи ҷашн ба 25 майи соли 1963 бармегардад, ки дар ин рӯз дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Эфиопия 30 кишвари Африқо ҷамъ омада, Созмони ваҳдати Африқо (СВА)-ро таъсис доданд.
Соли 2002 ин созмон ба Иттиҳоди Африқо (African Union) табдил дода шуд, ки то ба имрӯз фаъолият дорад ва мақсадҳои ҳамсонро дар самти ваҳдат, сулҳ, амният ва рушди устувори кишварҳои африқоӣ пайгирӣ мекунад.

Ҳамасола аз 25 то 31 май Ҳафтаи ҳамбастагӣ бо миллатҳо ва халқҳое, ки то ҳол истиқлолияти пурра ва ҳаққи худидоракуниро ба даст наовардаанд, баргузор карда мешавад. Ин ҳафта бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва ҳадафаш дастгирӣ ва ёдоварӣ аз ҳуқуқи ҳамаи халқҳо барои озодӣ, истиқлол ва худмуайянкунии сиёсӣ мебошад.
Ҳамасола рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ғадуди сипаршакл таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси созмонҳои байналмилалии тандурустӣ ва эндокринологҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба аҳамияти ин узви муҳими бадани инсон ва мушкилоти марбут ба он роҳандозӣ шудааст.

Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз се як аҳолии ҷаҳон аз мушкилоти гуногуни ғадуди сипаршакл ранҷ мебаранд.
25 май ҳамчун Рӯзи дастмол ё сачоқ (Towel Day) ҷашн гирифта мешавад. Ин як ҷашни ғайрирасмии байналмилалӣ аст, ки ба хотираи Дуглас Адамс, нависандаи машҳури англис бахшида шудааст. Ӯ бо силсилаи романи фантастикиву ҳаҷвии худ шӯҳрат ёфтааст.
Ин рӯз соли 2001, ду ҳафта пас аз даргузашти Дуглас Адамс аз ҷониби мухлисонаш таъсис дода шуд. Онҳо дар ин рӯз бо худ сачоқ мегиранд ва онро ё ба китфашон мепечонанд ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба намоиш мегузоранд. Сабаби интихоби сачоқ ҳамчун рамз зикри он дар асари нависанда аст.

25 май инчунин Рӯзи байналмилалии картаҳои таро ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бори аввал соли 2003 бо ташаббуси коршиноси маъруфи амрикоӣ оид ба таро – Дэн Элдер (Dan Pelletier) таъсис дода шудааст.
Картаҳои таро маҷмӯи 78 корт мебошанд ва аввалин намунаҳои он дар Италияи Шимолӣ пайдо шудаанд. Он дар аввал ҳамчун кортҳои бозӣ истифода мешуд, аммо бо гузашти вақт ба унсури муҳими рамзшиносӣ ва табдил ёфт.

Рӯзи 25 май яке аз маъруфтарин бошгоҳҳои футболи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия “Зенит” зодрӯзи худро ҷашн мегирад.
25 май соли 1957 дар Москва маросими ботантана кушода шудани меҳмонхонаи “Украина” барпо гардид. Он замон он на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар Аврупо низ калонтарин меҳмонхона эътироф мешуд. Меҳмонхонаи “Украина” яке аз ҳафт биноест, ки дар Маскав бо номи “баландошёнаҳои сталинӣ” маъруф аст.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона аз 23+28º то 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона аз 20+25º то 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 19+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 8+10º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 25 ба 26-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.







