Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, ҷавонони тоҷик ва онҳоеро, ки дар хориҷ таҳсилу кор мекунанд ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, ки ҳамасола дар таърихи 23-уми май таҷлил мешавад, табрик гуфт.
Дар паёми шодбошии худ ӯ изҳор дошт, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб 1 миллион ҷавони тоҷик мактабҳои олии дохилӣ ва 140 ҳазор тани дигар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар шуданд, вале “бо дарназардошти суръати рушди илму фанноварӣ ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест”.
“Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла ҳуши маснуӣ (зеҳни сунъӣ), иқтисоди рақамӣ, фанновариҳо (технологияҳо)-и иттилоотӣ, хидматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории навоварона барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад”, – илова кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ имрӯз, ҳамчунин, нақши ҷавонони тоҷикро дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ “басо муассир” тавсиф карда, гуфтааст, ки онҳо “бояд бо тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулият ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ муқовимат кунанд”.
“Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии фарҳангу суннатҳои бегона шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ – таърих, забон фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллати бостонии тоҷикро омӯзед, донед ва барои ҳифз кардану густариш додани онҳо талош кунад”, – афзудааст раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ дар идома ҷавононро хитоб қарор дода, гуфтааст, ки “забони модариро покиза нигоҳ доред, зеро забони мо яке аз қадимтарин ва зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад ва ин забони ширину шево ҳастии миллати бостонии тоҷик аст”.







