Оҷонсии омор мегӯяд, аз ин теъдод 22 ҳазору 562 ҷойи кор аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ва 25 ҳазору 929 ҷой кор аз ҷониби шахсони воқеӣ ташкил шудааст.
Манбаъ гуфт, аз 22 ҳазору 562 ҷойи коре, ки аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо дар се моҳи соли 2026 (январ – март) ташкил шудааст, 67%-и он шуғли доимӣ мебошад. Ҷойҳои корӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 30,8% афзудааст. Аз 22,5 ҳазор ҷои корӣ, ки аз сӯи корхонаҳо ташкил шуд, 374 ҷойи кори иловагӣ мебошад ва 1 ҳазор 298 ҷойи корие, ки дубора барқарор шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, аз 25 ҳазору 929 ҷой корие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ташкил шудааст, қисми зиёди он ба соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва савдо рост меомадааст. Афзоиш дар ин бахш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 дарсад мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 2025, дар кишвар ҳудуди 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Аммо танҳо чоряки ин ҷойҳои корӣ, доимӣ буда, мақомот ҳадаф доранд, ки солҳои наздик дар дохили ҷумҳурӣ 1,4 миллион ҷойи корӣ таъсис диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус (ҳирфаӣ) вуҷуд дорад ва дар ҷойҳои корие, ки дастрасанд, аксаран музди паст пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба он намераванд ва дар хориҷа кор ҷустуҷӯ мекунанд.
Тоҷикистон аз рӯйи фарогирии аҳолӣ ба шуғл дар соли 2025 миёни 187 кишвар дар зинаи 175-ум қарор гирифтааст.







