Ҷасади ду кӯдакеро, ки 6 рӯз пеш дар кӯҳҳои Шаҳритӯс гум шуда буданд, дирӯз, 20-уми май аз як ҷарӣ ё ҷуқурӣ пайдо кардаанд. Ин ду бародар ҳамроҳи амакашон рӯзи 14-уми май барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта, бедарак шуда буданд.
Раҷаб Мӯсоев, амаки кӯдакон имрӯз, 21-уми май ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди шаш рӯзи ҷустуҷӯ, сокинон пайкари беҷони Саидумари 10-сола ва Насимҷони 12-соларо, аз ҷарии кӯҳ пайдо кардаанд.
Маълум нест, ки чӣ гуна онҳо аз амаки худ ҷудо шуда, нопадид гардидаанд.
“Онҳо ба ҷарӣ ғалтида, захмӣ шудаанд. Шаш рӯз ҳамроҳи сокинони деҳа ва кормандони раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон онҳоро дар кӯҳҳо ҷустуҷӯ мекардем, вале тани беҷони онҳоро пайдо кардем”, – гуфт амаки кӯдакон.
Манбаъ гуфт, ки шаби 20-уми май ҷанозаи кӯдаконро хонда, ҷасади онҳоро дар деҳаи Навкати ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Шаҳритӯс ба хок супурдаанд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба “Азия-Плюс” дарёфти ҷасади кӯдаконро тасдиқ карда, гуфтанд, ки онҳоро сокинони маҳаллӣ аз ҷарӣ пайдо ва ба хонаводаашон супурдаанд.
Нахуст хабари гум шудани кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб кард.
Бояд гуфт, дар гузашта ҳам хабарҳо аз дарёфти ҷасади сокинон баъди бедаракшавӣ расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла ахиран пайкари Таҳмина Шарифоваи 21-соларо, ки беш аз як моҳ боз бедарак буд, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд.
Пештар ҷасади Ёсинҷони 14-соларо, баъди ду рӯзи бедаракшавӣ, аз дарё пайдо карданд, ки дар пайи ин мақомоти Исфара ба таҳқиқи марги мармузи ӯ оғоз карданд. Натиҷаи таҳқиқи мақомот дар хусуси ин қазия маълум нест.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар беш аз чор моҳи соли равон (аз 1-уми январ то 13-уми май) дар Тоҷикистон 56 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва 8 тани дигар дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст додаанд.







