ВКД боздошти раиси як хоҷагии деҳқониро бо гумони куштори ду ҳамдеҳааш шарҳ дод

ВКД мегӯяд, ин мард ду касро бо милтиқи шикорӣ паррондааст.

asia+

Вазорати корҳои дохилии кишвар тасдиқ кард, ки Хуршед Мавлонов, раиси хоҷагии деҳқонии Зоидбой Каримови деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони куштори ҳамдеҳаҳояш – Насимҷон (Наимҷон) Ҳоҷибоеви 47-сола ва Шариф Султонови 41-сола боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора бори аввал, рӯзи 28-уми апрел “Азия-Плюс” хабар дода буд. Он замон манбаъҳои “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳодиса рӯзи 27-уми апрел рух дода, гумонбар дар пайи як муноқиша бо ду ҳамдеҳааш, онҳоро бо милтиқи шикорӣ паррондааст. Ҳарду ҷабрдида ҷони худро аз даст дода буданд.

Ҳамакнун, рӯзи 6-уми май Вазорати корҳои дохилӣ қазияро шарҳ дода, гуфтааст, ки ҷабрдидаҳо дар бошишгоҳи саҳроии ҳоҷагии деҳқонии Зоидбой Каримов, ки гумонбар раиси он аст, муноқиша кардаанд.

Дар ин ҷанҷол, ба қавли Вазорат, Хуршед Мавлонови 46-сола “бо камони якмиллаи шикорӣ 2 маротиба ба самти Насимҷон Ҳоҷибоев ва 3 маротиба ба самти Шариф Султонов тир холӣ кардааст, ки номбурдагон аз ҷароҳати бардоштаашон дар ҷои ҳодиса” ҷон бохтаанд.

Ин ниҳод сабаби муноқишаи онҳоро нагуфтааст.

Вазорат изҳор доштааст, ки гумонбар “бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ” камонашро ҳамроҳаш гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор карда, вале дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон дастгир шудааст.

Ҳоло нисбати ӯ бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати исботи иттиҳом, ба ӯ аз 8 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Ҷамоати Хистеварз. Акс аз asia+

Назари Хуршед Мавлонов дар мавриди ин ҳодиса маълум нест.

Дар аксҳои ҷойи ҳодиса, ки он замон дастраси “Азия-Плюс” шуданд, дида мешуд, ки яке аз кушташудагон аз тахтапушт ва дигарӣ аз пушти гардан ва биниаш хунрезӣ дорад.

Қаблан, аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳодисаро тасдиқ карда, аммо ба далели “халалдор накардани ҷараёни тафтишот” аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда буданд.

Насимҷон Ҳоҷибоев ва Шариф Султоновро рӯзи 28-уми апрел дар зодгоҳашон ба хок супурда буданд. Назари пайвандони гумонбар ва кушташудагон низ ба мо дастрас нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.