Сарбозеро, ки 10 рӯз пеш худро ба рӯд андохта буд, дар Файзобод ба хок супурданд

Ҷасади ӯро аз марзи Ӯзбекистон пайдо кардаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Ҷасади Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сарбози 23-солаи тоҷикро, ки рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯди Кофарниҳон андохт, дирӯз, 6-уми май дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ба хок супурдаанд. Пайкари ӯро баъди 10-рӯз аз наздикии марзи Ӯзбекистон сокинон пайдо кардаанд.

Маҳмадсаид Нуров, падари сарбоз дирӯз, 6-уми май, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҷасади писарашро шаби 5-уми май сокинони як маҳаллаи наздимарзии Ӯзбекистон пайдо карда, ба мақомоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

“Шаб тариқи Қалъаи Ҳисор рафта, аз марзи Ӯзбекистон ҷасадро гирифтем ва саҳар оварда, ба хок супоридем”, – гуфт падари сарбоз.

Пайкари сарбоз мушаххас аз кадом минтақаи наздимарзӣ пайдо шудааст, маълум нест. Аз Вазорати дифоъ ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти ин қазияро шарҳ надоданд.

Падари сарбоз афзуд, ки то ҳол аз ҷузъиёти тафтишот маълумот надоранд ва намедонанд ба кадом далел писараш худро ба дарё партофтааст.

Далели худро ба рӯд андохтани сарбоз маълум нест. Мақомот то ҳол қазияро расман шарҳ надодаанд. Қаблан аз Вазорати дифоъ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Додситонии низомӣ ин қазияро тафтиш мекунад.

Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки ӯ 8 моҳ қабл ба хидмат рафтааст ва “сарбози гардон (баталён)-и минрӯбии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд”.

Қурбонгул Ашурова, модари Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар суҳбат бо ин расона гуфта буд, ки сарбоз пеш аз он ки худро ба рӯд андозад, ба ӯ занг зада гуфтааст, ки “агар хатое карда бошад, узр мехоҳад”.

Модари сарбоз илова кардааст, ки Шаҳбоз аз дарди гурда шикоят мекард. Ин расона бо такя ба манбаъи худ аз тафтишот навишт, ки дар марги сарбоз “ду фарзия – бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ ва мушкили хонаводагӣ ҳамчун сабабҳои эҳтимолии даст ба худкушӣ задани сарбоз таҳқиқ мешаванд”.

Дар пайи расонаӣ шудани ҳодисаи мазкур, Вазорати дифоъ рӯзи 30-юми апрел гузориш нашр кард, ки дар он иддао мешавад, саломатии сарбоз ва шароити будубоши ӯ дар қисми низомӣ “хуб будааст”. Аммо дар он гузориш ҳам сабабу омили ин ҳодиса шарҳ дода нашудааст.

Бояд гуфт дар як моҳи охир марги се сарбози қисмҳои низомиии Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки дар ҳолатҳои гуногун фавтидаанд. Ҷузъиёти ин ҳодисаҳоро дар пайванди зер мутолиа кунед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.