Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Билоли Шамс, Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Сафаралӣ, шавҳари Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, ки шаби 1 ба 2-юми апрел бо хоҳараш Таҳмина Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаашон дар шаҳри Кӯлоб ба таври мармуз кушта шуданд, бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Як манбаъ аз додситонии шаҳр ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти куштори ин се тан ва раванди тафтиши қазияро шарҳ дод.

Манбаъ афзуд, ки Валӣ Сафаралии 32-сола, сокини деҳаи Назарбойи ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркашӣ мекард.

Ба иттилои манбаъ, гумонбар бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова мунтазам ҷанҷол карда, пас аз як муноқиша дар моҳи декабри соли гузашта, ҳамсараш бо ду фарзандаш ба Кӯлоб ба хонаи волидонаш рафтааст. Валӣ Сафаралӣ “аз рафтори ҳамсараш норозӣ гардида, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани Зуҳро Қурбонова пайдо ва нақшаи содир кардани кушторро тарҳрезӣ кардааст”.

Намояндаи додситонӣ гуфт, гумонзад рӯзи 1-уми апрел ба шаҳри Кӯлоб рафта, аз маркази шаҳр корд харида, шабона дар наздикии хонаи волидони ҳамсараш ҳозир шудааст.  

“Соати 2-и шаби 2-юми апрел пинҳонӣ ба ҳавлӣ ворид шуда, бо корд 5 маротиба ба қафаси сина ва шиками хоҳари ҳамсараш Тахминаи Шоҳмаҳмад, ки ҳомиладор буда, барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш қарор дошт, задааст. Дар як вақт, ӯ ба қафаси синаи ҳоҳарзодаи ҳамсараш, Абубакр Қурбонови 6-сола, ки дар паҳлуи Таҳмина хоб буд, 2 бор корд задааст. Аз садои имдодхоҳии онҳо Зуҳро Қурбонова, ки дар ҳуҷраи дигар бо ду фарзандаш хоб буд, омадааст, ки  гумонбар ба қафаси сина ва дигар аъзои бадани марҳум 4 бор корд задааст”,-гуфтанд аз Додситонии шаҳри Кӯлоб.

Ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасондааст. Маълум нест, ки ангезаи куштори Таҳминаи Шоҳмаҳмад ва Абубакри 6-сола чӣ аст.

Ба гуфтаи манбаъ Зуҳро ва Таҳмина дар ҷои ҳодиса ва Абубакри хурдсол дар Беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб аз дунё гузаштаанд. Абубакр Қурбонов, писари Фотима Қурбонова, хоҳари дигарии занони кушташуда мебошад, ки дар замони ҳодиса дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштааст.

Манбаъ гуфт, мақомот 2-юми апрел, соати 10:15 гумонбар Валӣ Сафаралиро  дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир ва ба додситонии Кӯлоб оварда шудааст. Алайҳи гумонзад бо иттиҳомӣ одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а,в,д,е,л” -и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Бар асоси ин иттиҳом ба гумонбар аз 15 то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад. Назари гумонбар ва пайвандони марҳум дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Аз Додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, дар раванди тафтишот “корди хоҷагӣ бо изҳои сурхи ба хун монанд ва дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла либосҳои хунолуди Сафаралӣ Валӣ дарёфт шуда, барои ташхис фиристода шудаанд”. Инчунин ҷабрдида Қурбонов Ш. ва дигар шоҳидони ҳодиса пурсида шудаанд. Тафтиши ҳодисаро ин ниҳод пеш мебарад.

Бояд гуфт, ки дар бораи куштори ду зан ва як кӯдаки хурдсол бори аввал Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дод.

Куштори хоҳарон Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаашон дар шаби 2-юми апрел вокуниши тунди ҷомеаро ба вуҷуд овард. Ҷасади онҳоро рӯзи 2-юми апрел ба хок супориданд.

Дар чанд соли охир ин аввалин куштори хонаводаҳо дар Тоҷикистон нест, ки расонаӣ ва боиси нигаронӣ мегардад. Аз ҷумла, куштори пурсарусадои модар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли гузашта содир шуд, боиси тарсу ҳароси сокинони ин деҳа гардид. Дар пайи ин куштор Шаҳло Назарова, модари 44-сола ва Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва Шарифи 12-сола ҷон бохтанд.

Инчунин, силсилакушторҳо дар Конибодом, ки моҳи марти соли 2024 оғоз гардида то охири сол, номи 23 аъзои 7 оила, ки дар ин шаҳр кушта шудаанд расонаӣ гардид. Ин ҳодисаи мудҳиш на танҳо сокинони ин шаҳр, балки тамоми аҳолии кишварро ба даҳшат оварда буд.

Мақомот гуфтанд ангезаи ин кушторҳо ғоратгарӣ ва тасарруфи молу амвол буда, “ягона мақсади гунаҳкорон ба даст овардани маблағ буд”. Дар ҳарду ҳолат ҳам гумонбарони асосӣ ба ҳасби абад маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.