“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, ки ангезаи аслии куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ноҳия Рӯдакӣ аз сӯйи ду нафар ғорати маблағи хонавода будааст. Ба гуфтаи ӯ, мутаҳҳамон баъди куштани аъзои хонавода, аз манзили ҷабрдида 19 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ, имрӯз, 12-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ парвандаи куштори пурсарусадои модар ва […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, ки ангезаи аслии куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ноҳия Рӯдакӣ аз сӯйи ду нафар ғорати маблағи хонавода будааст. Ба гуфтаи ӯ, мутаҳҳамон баъди куштани аъзои хонавода, аз манзили ҷабрдида 19 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ, имрӯз, 12-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ парвандаи куштори пурсарусадои модар ва се кӯдаки ноболиғи ӯро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, ки Сайфулло Азимов, муттаҳами асосӣ дар куштор бар асоси иттиҳомҳои одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2, бандҳои а,б,в,з,и,е-и КҶ), ҷалби шахсони ноболиғ ба содир кардани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин (моддаи 165, қисми 4-и КҶ) ва ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (моддаи 166, қисми 3, банди “в”-и КҶ) ва роҳзанӣ (моддаи 249, қисми 4, банди “б”) гунаҳкор ва ба ҳукми абад бо нигоҳ доштани ӯ дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсусан сахт ва 5 соли аввали он дар маҳбас, маҳкум шудааст.

“Нисабати дигар муттаҳам, ки шахси ноболиғ мебошад ва дар ин ҷиноят бевосита ҳамроҳи Азимов буд, бинобар ноболиғ буданаш ҳолати корро пурра гуфта намегузарем, ҷазои ниҳоӣ бинобар ноболиғ будан бо дастрасии моддаи 87-и Кодекси ҷиноӣ, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10-сол таъин карда шудааст”,- гуфт Мирзозода.

Ба гуфтаи Мирзозода ҳукми онҳо рӯзи 9-уми декабри соли 2025 содир шудааст. Раиси Додгоҳи олӣ бо нигаронӣ гуфт, ки бар замми он ки амалҳои аз ҳаёт маҳрум кардани инсонро қонунгузории Тоҷикистон манъ кардааст, вале “сад афсӯс, ки баъзе шахсиятҳо ба корҳои ҷамъиятӣ машғул нашуда, даст ба қатлу куштору ғорат ва ба даст овардани маблағ мезананд”.

 

Қаблан Ҳалим Иброҳимов, падари хонаводаи кушташуда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ аст.

Куштори пурсарусадои модар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир ва пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ шуд. Дар пайи он Шаҳло Назарова, модари 44-сола ва Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва Шарифи 12-сола ҷон бохтанд.

Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.

Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.

Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Маҳкумшудаи дигар, ки ноболиғ ва аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.

“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, – қаблан гуфта буд Иброҳимов.

Ҳуввияти ноболиғи маҳкумшуда барои “Азия-Плюс” маълум аст, аммо бо риояи меъёри қонунгузории кишвар, ошкор намешавад. Модари маҳкумшудаи ноболиғ баъди боздошти писараш бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, ба бегуноҳии писараш таъкид карда буд.

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.