Дар Тоҷикистон саршумори чорво ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшт афзоиш ёфтааст. Оҷонсии омори кишвар мегӯяд, то аввали моҳи май дар Тоҷикистон 3 миллиону 69 ҳазору 700 сар гов ва 8 миллиону 214 ҳазору 100 сар гӯсфанду буз ҳисоб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори гов 9,3% ва аз гӯсфанду буз 11,7% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, ин ниҳод гуфтааст, дар 4 моҳ (январ-апрел)-и соли 2026 дар кишвар 68 ҳазору 17 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2025-ум 12,5% зиёд мебошад.
Ба иттилои Оҷонсӣ, дар умум 94,3% гов ва 81,6% гӯсфанду буз дар дасти аҳолӣ аст. Гуфта мешавад, ки афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд 16,1 дарсад, вилояти Хатлон 10,7 фисад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, манбаъ мегӯяд истеҳсоли гӯшти паранда давоми 4 моҳи имсол ба 14 ҳазору 396 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 фоиз зиёд гардидааст. Ба иддаои манбаъ, рушди соҳаи парандапарварӣ натиҷаи васеъ шудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва зиёд шудани талаботи бозор аст.
Мақомот зиёд шудани саршумори чорворо ба “дастгирии давлатӣ, беҳтар шудани заминаи хӯроки чорво, рушди хоҷагиҳои аҳоливу деҳқонӣ” ва дуруст ба роҳ мондани “баҳисобгирии саршумори чорво” рабт додаанд.
Бо ин вуҷуд гароншавии нархи гӯшт яке аз мавзуъҳои баҳсбарангез дар кишвар боқӣ мемонад.







