Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани чорво дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои махсус муқаррар шудааст. Аз шаҳрдорӣ ба “Азия-Плюс” суроғаи ин маконҳоро пешниҳод карданд.
Тибқи иттилои ҳукумати Душанбе, сокинон бояд дар ҷойҳои муайяншуда чорвои худро забҳ кунанд ва барои дар дигар нуқтаҳо куштани чорво ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Маконҳое, ки барои забҳи чорво пешбинӣ шудаанд, дар баргаҳои мо бинед:
Бояд гуфт, ки забҳи чорво дар ҳудуди пойтахт солҳои 2007–2017 манъ буд. Соли 2017 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ин амалро дар ҷойҳои мушаххас дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Аз соли он вақт то кунун ҳамасола барои забҳи чорво нуқтаҳои махсус дар ҳудуди пойтахт муайян мешаванд.
Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи 27-уми май фаро мерасад ва намози ид дар масоҷиди кишвар соати 6:00 баргузор мешавад. Ба ин муносибат сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.
Дар рӯзи Иди Қурбон қурбонии гӯсфанд, шутур ё гов ҷоиз аст. Ҳамзамон бояд донист, ки ин амал пеш аз ҳама бо ҳадафи садақа, зиёфат оростани наздикон ва дӯстону наздикон анҷом дода мешавад. Аз се як ҳиссаи қурбонӣ бояд ба ниёзмандон ё ятимон тақсим гардад, ҳиссаи дуюм ба меҳмонон ва хешу таборон дода шуда, ҳиссаи боқимонда барои аъзои оила нигоҳ дошта мешавад.







