Лоиҳаи устувории таъминот бо оби Душанбе аз навсозии обгирӣ аз дарёи Кофарниҳон (КАФ-1) иборат аст, ки устувории низоми таъминот бо оби шаҳрро дар шароити тағйирёбии иқлим тақвият бахшида, сифати обро беҳтар мекунад. Ҷорисозии низоми “SCADA” барои арзёбӣ ва пайгирии таъминот бо об дар вақти воқеӣ ва бунёди долонҳои сабз баҳри беҳбуди обпарто ба коҳиши хавфҳои обхезӣ ва поинравии ҳарорат дар шаҳр кумак карда, Душанберо барои ҳаёт бароҳат ва бехатар месозанд.
Дар Душанбе рӯзи 29-уми апрели соли 2026 семинаре баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи устувории таъминот бо оби шаҳр пешниҳод шуд. Семинар бо дастгирии Бонки осиёии рушд (БОР) ташкил шуда, намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносони байнулмилалӣ ва мутахассисони КВД “Обу корези Душанбе”-ро гирди ҳам овард.
Ҳадафи аслии чорабинӣ баррасии роҳҳои беҳтар шудани низоми таъминоти об дар шаҳр ва ба ин васила, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим буд.
Лоиҳаи устувории об ба бунёди низоми самараноки таъминот бо об, ки сарфи назар аз тағйирёбии иқлим устуворона кор мекунад, равона шудааст.

Солҳои охир иқлим дар Душанбе тағйир меёбад, ки ба низоми таъминот бо оби шаҳр таъсири ҷиддӣ мерасонад. Лоиҳа ҷиҳати то ҳадди камтарин расонидани ин хавфҳо ва беҳбуди сифати ҳаёти сокинони пойтахт нигаронида шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 10 млн долларро ташкил медиҳад. Дар доираи он корҳои таъмиру навсозии сохторҳои обгирӣ, беҳбуди таъминот бо об ва ҷорисозии технологияҳои нав баҳри баланд бардоштани самаранокии захираҳои обӣ пешбинӣ шудааст.
Чӣ гуна лоиҳа сатҳи таъминот бо оби Душанберо беҳтар мекунад?
Лоиҳа ба таъмиру навсозии сохтори обгирҳои мавҷуда, аз ҷумла дар дарёи Кофарниҳон (КАФ-1) равона шудааст, ки сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ барои шаҳр аст. Таъмиру навсозии сохтори обгирӣ ҷиҳати баланд бардоштани устувории он ба тағйирёбии иқлим, беҳбуди сифати об ва коҳиши хавфҳои марбут ба ифлосшавӣ кумак мекунад.
Иловатан дар мавриди беҳбуди низоми таъминот бо об дар маҷмӯъ тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд, ки ҳатто дар шароити хушксолиҳои шадид ва боришоти зиёд аҳолии шаҳрро бо об таъмин мекунанд.
Ҷорисозии роҳу воситаҳои табиӣ чӣ натиҷа медиҳанд?
Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини лоиҳа истифодаи роҳу воситаҳои ҳалли табиӣ (NBS) мебошад. Онҳо аз бунёди долонҳои сабз, васеъ кардани минтақаҳои сабз ва барқарор сохтани дарёҳо иборатанд, ки ба беҳбуди низомҳои экологӣ ва коҳиши хавфҳои экологии марбут ба тағйирёбии иқлим алоқаманданд.

Долон ва минтақаҳои сабз ба беҳтар шудани обпарто ва коҳиши ҳолатҳои зери об мондан, ки метавонанд дар вақти боришоти шадид ба вуҷуд оянд, мусоидат мекунанд. Ин бахусус барои Душанбе, ки дар он мушкилоти обхезӣ вуҷуд дорад, муҳим аст.
Барқарор сохтани дарёву обанборҳо низ ба сифати таъминот бо об таъсири мусбат мерасонад, инчунин ба мубориза бо бодлесшавӣ (эрозия)-и хок ёрӣ мерасонад. Ин барои ҳифзи захираҳои об дар дурнамои дарозмуҳлат муҳим аст.
Дар лоиҳа боз чӣ гуна тадбирҳо пешбинӣ шудааст?
Ба ҷуз таъмиру навсозии сохторҳои обгирӣ ва истифодаи роҳу воситаҳои табиӣ, дар лоиҳа ҷорисозии технологияҳои муосир барои назорат ва идоракунии захираҳои обӣ дар назар дошта шудааст.
Яке аз чунин технологияҳо низоми SCADA – низоми худкори идоракунии захираҳои об мебошад. Он ҷиҳати пайгирӣ ва назорати интиқоли об дар вақти воқеӣ имкон медиҳад, ки самаранокии низоми таъминот бо обро баланд бардошта, хавфҳои марбут ба ноқисиҳоро дар низом кам мекунад.

Ҷорисозии низом ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба тағйирот дар низоми обрасонӣ ва рафъи мушкилоти пайдошуда шароит фароҳам меорад.
Лоиҳа инчунин аз тарҳҳои озмоишӣ иборат аст, ки ба коҳиши талафоти об равона шудаанд. Дар ин лоиҳаҳо барои ошкор сохтани ноқисиҳо ва беҳбуди самаранокии умумии таъминот бо об технологияҳои нав мавриди истифода қарор мегиранд.
Фоида барои сокинони Душанбе
Дар лоиҳа барои сокинони Душанбе якчанд афзалиятҳои калидӣ дар назар аст.
Аввал, сокинони шаҳр метавонанд ба таъминоти бештар устувор бо об умедвор шаванд. Зеро таъмиру навсозии сохторҳои обрасон ва ҷорисозии технологияҳои нав интиқоли мунтазами обро таъмин хоҳанд кард, ки дар шароити тағйирёбии иқлим муҳим аст.
Дуюм, беҳтар шудани сифати об ва ҷорисозии роҳу воситаҳои ҳалли табиӣ, аз ҷумла беҳбуди сохторҳои обпарто ба коҳиш додани хавфи обхезиҳо ва пешгирии ифлосшавии об ёрӣ мерасонанд.
Ғайр аз ин, бунёд ва васеъ кардани минтақаҳои сабз дар шаҳр барои солимии сокинони пойтахт муфид аст.
Лоиҳа ҳамчунин ба беҳбуди низомҳои муҳити зисти шаҳр равона шудааст. Васеъ кардани минтақаҳои сабз ва долонҳои сабз ба беҳтар шудани гуногунии биологӣ ва беҳбуди сифати муҳити зист боис гардида, инчунин ба беҳбуди солимии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.

Чӣ гуна лоиҳа ба тағйирёбии ояндаи иқлим мутобиқ мешавад?
Лоиҳаи устувории таъминот бо об на танҳо мушкилоти ин самтро ҳал мекунад, балки шаҳрро низ ба тағйироти ояндаи иқлим омода месозад.
Дар назар аст, ки то соли 2090 ҳарорат дар Тоҷикистон 5,5°C боло меравад. Ин ба давраҳои бештар гармои тобистон ва тағйирот дар реҷаи боришот боис мегардад. Дар ин замина дар лоиҳа таҳияи стратегияи мутобиқшавӣ пешбинӣ шудааст, ки барои мутобиқат ба ин тағйирот кумак мекунад.
Бо ин мақсад нақшаи устувории таъминот бо об таҳия шудааст, ки аломатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла болоравии ҳарорат ва боришоти шадидро ба инобат мегирад. Стратегияи мутобиқшавӣ тарзу усулҳои идоракунии захираҳои обро дар бар мегирад, ки ба истифодаи самараноки об ҳатто дар шароити камбуди он имкон медиҳад.







