ИСЛОҲШУДА: ВМКБ ва Хатлон нақшаро иҷро карданд. Боз кадом шаҳру навоҳӣ аз анҷоми нақшаи даъват ба артиш хабар доданд?

Маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ду моҳ идома мекунад.

asia+

Имрӯз, 1-уми апрел хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти хабарнигораш аз ҷамъомади вилояти Хатлон ва бо истинод ба раиси ин вилоят хабар дод, ки дар ин вилоят нақшаи даъвати наваскарон ба сафи артиш 100% иҷро шудааст. Аммо баъди пайдо кардани иттилоъ аз Вазорати дифоъ, маълум шуд, ки дар хабари нашркарда хато шудааст. Маълумоти дуруст ва тасдиқшуда ин аст, ки дар вилояти Хатлон “нақшаи даъвати наваскарон ба сафи артиш 100% иҷро нашуда”, балки “омодабошӣ барои маъракаи даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар 100% иҷро шудааст”. Барои ин хато мо аз хонандагони худ узр мехоҳем ва дар поён шакли муфассали хабари тасдиқшударо пешниҳод мекунем.

Дар рӯзи якуми мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ, ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар дод. Солҳои гузашта ҳам ин вилоят нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи якуми маърака пурра иҷро мекард.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон низ имрӯз дар маросими гусели наваскарон ба сафи артиш аз 100% иҷро шудани омодабошӣ барои маъракаи даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод. Ӯ дар ҷамъомад “ба ҳамаи волидайн ва омӯзгорони даъватшавандаҳо барои тарбияи чунин ҷавонмардони шуҷоъ” изҳори сипос кард. Соли гузашта ин вилоят нақшаи даъват ба хидматро дар рӯзи аввали маърака иҷро карда буд.

Шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дода буд. Ҳамчунин, ноҳияи Тоҷикобод, аз гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт низ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал гузориш доданд.

Маълум нест, ки нақшаи иҷрои даъват ва сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе чанд дарсад иҷро шуд. Аз Вазорати мудофиаи кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “ҳоло дар бораи иҷрои нақшаи даъват ба Қувваҳои мусллаҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ омори дақиқ гуфта наметовнем”.

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъват ва як рӯз қабл аз оғози онро “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, ҳар сол бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Бояд гуфт, ахиран пайвандони Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки фарзандашонро дар қисми низомӣ латукӯб кардаанд, ба “Азия-Плюс” шикоят оварданд. Ин ҷавони 18-сола як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст.

Бо тафсилоти қазия ва назари тарафҳо дар ин гузориши “Азия-Плюс” шинос шавед: “Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ.

Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд ва ин мавсими даъват то 31-уми май идома мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.