Нисфирӯзии 31-уми май пас аз се моҳ қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон, аз шаҳри Теҳрон ба Душанбе парвоз анҷом дода шуд.
Парвозҳо ҳудуди се моҳ пеш дар пасманзари шиддат гирифтани вазъият атрофи Эрон пас аз амали оғози амалиёти ҳарбӣ аз 28 феврал қатъ шуда буданд. Аз сар гирифтани парвозҳо иқдоми муҳим дар барқарор шудани робитаҳои нақлиётӣ байни кишварҳо хоҳад шуд.

Дар ин хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Вориш”-и Эрон 92 тан ба Душанбе омаданд. Тибқи иттилои фурудгоҳи Душанбе, аксари онҳо шаҳрвандони Эрон мебошанд.

Дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон мусофиронро хешу ақрабо, пайвандону дустон ва наздикони онҳо пешвоз гирифтанд.
Дар масири баргашт, ки давоми ҳамин рӯз сурат гирифт, 122 нафари мусофирон ба Теҳрон раҳсипор шуданд.

Дубора барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Эрон ба осон кардани равуои шаҳрвнадони ҳарду кишвар имкон дода, ба рушди робитаҳои корӣ ва башардӯстона миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.







