Дирӯз, 29-уми май, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавонон муқобили коррупсия” ва супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон баргузор гардид.
Ин озмун аз 25-уми апрел то 23-юми май аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гузаронида шуда, дар маросими ҷамъбасти он Додситонии кулл, вазорату кумитаҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва донишҷӯёни кишвар ширкат доштанд.

Аз байни даҳҳо маводи пешниҳодшудаи донишҷӯён беҳтаринҳоро дар се номина интихоб карданд.
“Мақолаи беҳтарин”:
- Ҷойи аввал – Отамуродзода Фароғат, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- Ҷойи дуюм – Акрамҷон Холиков, донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе;
- Ҷойи сеюм – Шоҳимардон Ҳайдарзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Инчунин дар ин бахш, Анушервон Хакимов ва Худобахш Ятимов барои иштироки фаъолн қадрдонӣ шуданд.

“Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин”:
- Ҷойи якум – Искандаров Юсуфҷон, донишҷӯи Академияи идоракунӣ;
- Ҷои дуюм – Муҳаммадҷон Қаландаров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- Ҷойи сеюм- Раббонӣ Абдуҷабборов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
Саидаҳмад Бозоров, Мирзоумар Маҳрамзода ва Мусо Раҳимов ҳамчун намояндагони фаъоли ин номина, қадрдонӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон ба номинаи “Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ”, ки истифодаи фанновариҳои навро дар бар мегирифт, равона гардид. Дар ин самт, лоиҳаи “Narhnomai Shaffof”-и Ансорӣ Негматов , донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм ба лоиҳаи “AntiCorruption.tj”-и Абдухалил Ғаффоров аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба лоиҳаи “Shaffof Platform”-и Бахтиёр Холиқов аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам супорида шуд.

Артукбаев Шодмон барои ташаббуси худ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ ва шаффофияти рақамӣ” ҳамчун иштирокчии фаъол қадрдонӣ ёфт.
Ба ғолиби ҷойи аввал 7 ҳазор сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуввум 5 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ тӯҳфа шуд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштанд, ки натиҷаҳои ин озмун ва дидгоҳи нави рақамии ҷавонон барои сохтани фазои зиддифасод дар ҷомеа таъсири мусбати худро мерасонад.








