Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар сабаби камчину гарон шудани арзиши семент дар Тоҷикистонро таъмири бархе корхонаҳо дар мавсими сохтмон ва “фаъолияти миёнаравҳо” маънидод карда, ба масъулин дастур додааст, ки барои ба эътидол овардани вазъ талош кунанд.
Ӯ имрӯз, 28-уми май, дар ҷаласаи ҳукумат аз баланд шудани нархи семент ва камчинии ин маҳсулот дар кишвар нигаронӣ кард.
Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки “аз ҷумла, баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст”.
Ба қавли ӯ, имрӯз ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.

“Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд”, – афзудааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки “болоравии арзиши семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад”.
Ӯ ба масъулин барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳо додаааст.
Ҳамчунин, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ дастур додааст, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд.
Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур додааст, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ба масъулини дигар супориш додааст, ки давоми як ҳафта вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ карда, ба ҳукумат гузориш диҳанд.

“Таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад”, – зикр шудааст дар маҷлиси ҳукумат.
Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафта, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) то ба 100 сомонӣ расид. Дар пайи ин дар бозору мағозаҳои кишвар ин навъи маҳсулот камчин шуд, ки нагиронии аҳолиро ба миён овард.
Арзиши семент дар бозорҳои кишвар чӣ гуна боло рафт ва фурӯшандагону таҳвилгарон чӣ мегӯянд, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?







