Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Сайфиддин Қараев, asia+

Тайи даҳсолаҳои ахир ҳодисаҳои хушксолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври назаррас бештар шудааст. Агар дар охири асри гузашта давраҳои бузурги камобӣ тақрибан як маротиба дар даҳ сол ба қайд гирифта мешуданд, пас аллакай дар солҳои 2000-ум онҳо хеле бештар рух дода, солҳои охир минтақа амалан ҳар сол бо хушксолӣ дучор мешавад.

Дар ин бора корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи байнулмилалии идоракунии захираҳои обӣ (IWMI) Искандар Абдуллоев зимни шарҳи натиҷаҳои таҳқиқоти минтақавии сабаб ва паёмадҳои хушксолӣ изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ арзёбии фаврии равандҳои хушксолӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, инчунин сабаб ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли масъала дар сатҳи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Коршинос зикр кард, ки мушкилоти хушксолӣ ва норасоии захираҳои обӣ ба мушкили музмин (доимӣ) табдил меёбад. Тағйирёбии иқлим ивази ҷойҳои боришот, коҳиши онҳо ва инчунин афзоиши талабот ба обро бинобар баланд шудани ҳарорат ӯ аз ҷумлаи сабабҳои асосии ин ҳолат номбар кардааст. Илова бар ин, Осиёи Марказӣ минтақаест, ки дар он ҳарорат нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад ва инчунин аз рӯи шароити табиӣ ва иқлимӣ ба минтақаҳои камоб мансуб аст.

Ба гуфтаи Абдуллоев, таҳқиқот коҳиши назарраси обнокии дарёҳоро нишон медиҳанд. Илова бар ин, тағйирёбии реҷаи об мушоҳида мешавад: агар қаблан давраи об аз моҳи март оғоз шуда то моҳи сентябр идома меёфт, ҳоло то моҳи июн воридшавии ками об ба қайд гирифта мешавад.

Миёни сабабҳои иловагӣ ӯ номувофиқ будани низомҳои обёрӣ ба шароити муосир, афзоиши шумораи истифодабарандагони об баъд аз ислоҳот дар кишоварзӣ, шиддат гирифтани рақобат барои об, инчунин фарсудашавии зерсохтори гидротехникӣ ва истифодаи бесамари захираҳои обиро ном бурд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин ба хушксолии гидрологӣ оварда мерасонад, яъне вазъияте, ки об ё намерасад ё нодуруст тақсим мешавад.

Абдуллоев зикр кард, ки мушкилоти хушксолӣ ҳатто дар кишварҳое мушоҳида мешавад, ки манбаъҳои обии минтақа ба ҳисоб мераванд — Қирғизистон ва Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, хушксолӣ пеш аз ҳама ба заминҳои кишоварзии обёришаванда таъсир мерасонад, аммо соҳаҳои дигари иқтисодро низ фаро мегирад. Аз ҷумла, дар чорводорӣ бинобар норасоии об ва хӯрока талафоти ҷиддӣ ба қайд гирифта шуда, дар гидроэнергетика бо сабаби коҳиши ҳаҷми об дар обанборҳо, истеҳсоли неруи барқ кам мешавад.

Бино ба арзёбии ӯ, зиёни иқтисодӣ аз хушксолӣ метавонад то ба 2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар расад ва ҳамзамон бинобар тез-тез рух додани ин падида, талафот идома меёбад.

Ӯ коҳиши пиряхҳоро, ки ҳамчун анборҳои табиии об дониста мешаванд, алоҳида зикр кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми онҳо нисбат ба асри гузашта тақрибан 30% коҳиш ёфтааст, ки бевосита ба ташаккули захираҳои обӣ таъсир мерасонад.

Дар мавриди чораҳо коршинос се самти асосиро ҷудо кард: ташкили низомҳои огоҳсозии бармаҳал аз хушксолӣ, сарфаи об дар ҳамаи бахшҳои иқтисод, инчунин мутобиқсозии бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла рушди парвариши зироатҳои ба хушксолӣ тобовар ва беҳтар намудани идоракунии чарогоҳҳо.

Коршинос таъкид доштааст, ки аҳолӣ, деҳқонон ва мақомоти давлатӣ бояд пешакӣ дар бораи хушксолии эҳтимолӣ, миқёс ва давомнокии он маълумот гиранд.

Ба гуфтаи Абдуллоев, кишварҳои минтақа бояд технологияҳои сарфаи обро ҷорӣ намоянд, вазъи чарогоҳҳоро беҳтар кунанд ва ба зироатҳои кишоварзии ба хушксолӣ бештар тобовару устувор гузаранд.

«Мо бояд дарк кунем, ки хушксолӣ ҳарчи бештар рух хоҳад дод ва минтақа бояд аллакай ҳоло ба ин шароит мутобиқ шавад», — хулоса кардааст коршинос.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.