Аз “Ҳамбастагии экологӣ” ва таъсиси Рӯзи баҳри Арал то нигаронӣ аз норасоии обу биёбоншавӣ ва обшавии пиряхҳо

Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар Остона чӣ гуна гузашт ва чӣ натиҷа дод?

Шоираи Қудрат, asia+

Аз 22 то 24-уми апрели имсол дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона бо иштироки намояндагони расмии 15 кишвар Ҳамоиши минтақавии экологӣ таҳти унвони “Нигоҳи муштарак ба ояндаи устувор” баргузор шуд, ки роҳбарони давлатҳо, фаъолони ҷамъиятӣ, сиёсатмадорон ва муҳаққиқонро барои баррасии масъалаҳои муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ гирд овард.

Ин ҳамоиш на танҳо майдони муколама, балки нуқтаи оғози ташаббусҳои воқеӣ шуд ва имкон дод, ки рӯзномаи ягонаи экологӣ барои минтақа бо нақшаи мушаххаси амал барои солҳои наздик ташаккул ёбад.

Дар доираи ҳамоиш 58 нишасти калидӣ, аз ҷумла 21 ҷаласаи сатҳи баланд ва 4 ҷаласаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Муғулистон ва сарвазири Озарбойҷон суханронӣ карданд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ ба Остона сафар ва дар ин ҳамоиш иштироку суханронӣ кард.

Ҳайати расмии кишварҳо, Акс аз res2026.kz

Раисҷумҳурони кишварҳо чӣ гуфтанд?

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар суханронии худ дар ҷаласаи ифтитоҳӣ қайд кард, ки Осиёи Марказӣ бо як қатор мушкилоти умумӣ – норасоии об ва идоракунии нокифояи он, биёбоншавӣ, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии ҳаво, осебпазирии гуногунии биологӣ рӯбарӯ аст. Ӯ таъкид кард, ки танҳо бо талошҳои муштарак метавон ба натиҷаҳои мусбат расид.

Ба қавли ӯ, аксар вақт сиёсати экологӣ бидуни дарназардошти ниёзҳои кишварҳои рӯ ба рушд таҳия мешавад. Аз ин рӯ, гузариш ба иқтисоди сабз бояд одилона, мутавозин ва ҳавасмандкунанда бошад.

Қосим Ҷомарт Тоқаев, акс аз сомонаи res2026.kz

Тоқаев таъкид кард, ки баҳри Арал намунаи равшани оқибатҳои сиёсати нодуруст аст ва айни ҳол тақрибан 36% қисми шимолии он барқарор карда шудааст. Ба қавли ӯ, Қазоқистон барои ҳифзи баҳри Каспий барномаи байнидавлатӣ пешниҳод намуда, Институти тадқиқотии Каспийро таъсис додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар суханронии худ дар робита ба масъалаҳои калидии марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва рушди устувор ҳарф зад.

Ӯ таъкид кард, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Ӯ ҳамчунин ба афзоиши раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ишора карда гуфт, аз 14 ҳазор пиряхи кишвар зиёда аз ҳазор адади онҳо аллакай пурра аз байн рафтаанд ва ин раванд ба вайрон шудани тавозуни об ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунад. 

Эмомалӣ Раҳмон, Акс аз сомонаи дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина барориши вомбаргҳои “сабз”-ро роҳандозӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузорӣ дар самти иқлим мебошад.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон низ дар суханронии худ таъкид кард, ки гарчанде дар ин кишвар танҳо 0,03 дарсади партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонаӣ тавлид мешаванд, аммо таъсири тағйирёбии иқлим сахт эҳсос мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, масоҳати пиряхҳо дар ин кишвар 16 дарсад коҳиш ёфтааст ва тибқи пешгӯиҳо, то соли 2100 Қирғизистон метавонад то 80 фоизи пиряхҳои худро аз даст диҳад. Ҳамчунин, сатҳи кӯли Иссиқкӯл дар даҳсолаҳои охир қариб 14 метр паст шуда, шумораи рӯдҳое, ки ба он мерезанд, аз 100 то ба 30 кам шудааст.

Ҷабборов таъкид кард, ки тағйирёбии иқлим мушкилоти мавҷуда дар соҳаи захираҳои об ва энергетикаро ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон шиддат мебахшад.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон бошад аз афзоиши дукаратаи ҳарорати миёна дар минтақа, шиддати камбуди об ва таназзули заминҳо ва аз байн рафтани тақрибан сеяки пиряхҳо нигаронӣ кард.

Аз ҷаласаи ифтитоҳӣ, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Ҳамчунин раисҷумҳурони кишварҳои дигар низ ба мушкилоти иқлим ва таҳдидҳо ба муҳити зист сухан гуфта, таъкид карданд, ки вақти андешидани иқдомҳои амалӣ аст.

Қабули эъломияи “Ҳамбастагии экологии Осиёи Марказӣ”

Натиҷаи асосии Ҳамоиши минтақавии экологӣ қабули Эъломияи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Ҳамбастагии экологии Осиёи Марказӣ” буд. Раисҷумҳурони кишварҳо ҳадафҳои худро барои фаъолтар кардани талошҳо ҷиҳати таҳияи мавқеъ ва қарорҳои муштараки минтақавӣ дар доираи равандҳои бисёрҷонибаи экологӣ тасдиқ карданд. Ин равандҳо музокирот оид ба гуногунии биологӣ, идоракунии моддаҳои кимиёвӣ ва партовҳо, мубориза бо ифлосшавӣ аз пластик, беҳтар кардани сифати ҳавои атмосфера, муқовимат бо таназзули замин ва биёбоншавӣ, инчунин пешбурди мавқеи ягонаи кишварҳои минтақа дар пойгоҳҳои байналмилалиро дар бар мегиранд.

Дар Эъломия ташаббуси Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон оид ба таъсиси “Созмони байналмилалии об дар сохтори СММ” низ зикр шудааст. Ҳамзамон, дар доираи Эъломия ташаббусҳои Қазоқистон дар бораи таъсиси “Фонди байналмилалии ҳифзи намудҳои нодир ва гуногунии биологӣ”, таҳияи “Барномаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои обии баҳри Каспий”, таъсиси “Рӯзи байналмилалии сабзкории сайёра”, инчунин рушди ҳамкорӣ дар доираи пойгоҳи дафтари лоиҳавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва энергетикаи “сабз” дастгирӣ шуданд.

Ҳамчунин Барномаи амал барои татбиқи ташаббусҳои минтақавии экологӣ дар ҳамкорӣ бо СММ барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шуд. Ба он маҷмуи сармоягузории минтақавӣ дар соҳаи экология ва иқлим, баррасии минтақавии самаранокии фаъолияти экологӣ, санадҳои ҳошиявӣ оид ба ҳалли табиатмеҳвар, барномаи ҳамкории иқтисоди даврӣ ва пойгоҳи минтақавии “Мактаби сабз” дохил шудаанд.

Ин ташаббусҳо дар ҷаласаҳои Ҳамоиш бо иштироки шарикони стратегӣ пешниҳод шуда, нақшаи мушаххаси амалҳои муштараки кишварҳои минтақа ва низоми СММ-ро барои панҷ соли оянда муайян карданд. Ҳамин тариқ, барои татбиқи пайдарпайи тавофуқоти бадастомада заминаи устувор гузошта шуд.

Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамгироии энергетикии Осиёи Марказӣ 1 миллиард доллар ҷудо мекунад

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои рушди ҳамгироии низомҳои энергетикии Осиёи Марказӣ тақрибан 1 миллиард доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора Дмитрий Петрин, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар минтақа дар доираи ин ҳамоиш хабар дод.

Гуфта мешавад, ин маблағ дар доираи барномаи минтақавии “REMIT” (ҳамгироӣ ва савдои бозори нерӯи барқ) равона шуда, ҳадафи он тақвияти ҳамкории энергетикӣ ва густариши интиқоли фаромарзии нерӯи барқ мебошад. Ба гуфтаи масъулон, бо ҷалби сармояи иловагӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ метавонад то 2 миллиард доллар расад.

Тибқи нақша, дар доираи барнома ҳаҷми савдои нерӯи барқ дар минтақа аз 9 то 15 гигаватт-соат дар як сол афзоиш меёбад. Марҳилаи аввали лоиҳа Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро фаро гирифта, дар оянда пайвастани дигар кишварҳо низ пешбинӣ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, татбиқи ин барнома имкониятҳои интиқоли нерӯи барқро то се баробар зиёд карда, шароити мусоид барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва бодро фароҳам месозад. Интизор меравад, ки то 9 гигаватт иқтидори “энергияи сабз” ба низоми ягонаи минтақа ҳамгиро шавад.

Ба гуфтаи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, рушди савдои нерӯи барқ метавонад ба иқтисоди минтақа на камтар аз 15 миллиард доллар фоида оварад. Ҳамзамон беҳтар гардидани ҳамкорӣ дар бахши захираҳои об метавонад ҳар сол то 4,5 миллиард доллар даромад орад.

Бо вуҷуди ин, мушкилоти асосӣ ҳамчун норасоии ҳамоҳангсозии байни кишварҳо ва камбуди маълумоти босифат арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, тақвияти сохторҳои минтақавӣ ва беҳтар кардани механизмҳои ҳамкорӣ яке аз шартҳои муҳими пешбурди барнома дониста мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки то соли 2050 ҳамгироии энергетикӣ метавонад ба иқтисоди минтақа аз 15 то 25 миллиард доллар манфиат расонад.

Таъсиси Рӯзи байналмилалии баҳри Арал

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Тоқаев зарурати ҳамоҳангсозии талошҳоро таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз татбиқи зиёда аз 30 лоиҳа ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар ва афзоиши ҳаҷми об дар Арали Шимолӣ, вазъи экологӣ ҳанӯз ҳам мураккаб аст. Ӯ пешниҳод кард, ки сиёсати тӯлонӣ дар масъалаи об таҳия шуда, назорати доимии рақамӣ дар ҳавзаҳои Сирдарё ва Амударё ҷорӣ гардад. Дар натиҷа, қарор қабул шуд, ки 26-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳри Арал, Амударё ва Сирдарё эълон карда шавад.

Санади нави минтақавӣ барои беҳбуди вазъи экологӣ ва тандурустии кишварҳои назди Арал

Дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар шаҳри Остона, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ санади муштараки “Ояндаи солим барои минтақаи баҳри Арал”-ро ба имзо расониданд, ки ба беҳтарсозии вазъи экологӣ ва таҳкими низоми тандурустӣ дар минтақаи назди баҳри Арал равона шудааст.

Ин санад ирӯз, 23-юми апрел, пас аз анҷоми ҷаласае таҳти унвони “Ҳифзи наслҳои оянда: Саломатӣ дар маркази рӯзномаи экологӣ – дарсҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти минтақаи баҳри Арал” қабул шуд. Дар ин ҷаласа вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ҳамчунин, намояндаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок доштанд. Мавзуи асосии муҳокима паёмадҳои бӯҳрони экологӣ дар минтақаи баҳри Арал буд.

Ба иттилои коршиносон, ҳаҷми оби баҳри Арал беш аз 90 дарсад кам шудааст, ки ин ба саломатии аҳолии минтақа таъсири ҷиддӣ расонидааст. Афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас ва дилу раг, паҳншавии камхунӣ, махсусан дар миёни занон ва кӯдакон, инчунин, таъсири тӯфонҳои гарду ғубор аз паёмадҳои асосии ин бӯҳрон арзёбӣ мешаванд.

Дар поёни ҷаласа чанд санаду ёддошти дигари марбут ба экология миёни ширкаткунандагон ба имзо расид.

Намоишгоҳи байналмилалии фанновариҳои сабз

Дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар пойтахти Қазоқистон намоишгоҳи байналмилалии фанновариҳои сабз низ баргузор шуд.

Намоишгоҳ зиёда аз 240 ширкаткунанда аз 30 кишвари ҷаҳон ва доираи васеи шарикони байналмилалиро муттаҳид карда, ба як майдони муаррифии дастовардҳои муосир дар соҳаи экология ва энерҷӣ табдил ёфтааст. Дар он беш аз 120 гӯшаи намоишии кишварҳои гуногун ташкил шудааст.

Дар намоишгоҳ ғурфаи Тоҷикистон ҳам мавҷуд буда, саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад.

Ҳамчунин дар гӯшаи Тоҷикистон гуногунии табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон, анъанаҳо ва намунаҳои ҳунару санъати миллӣ манзури боздидкунандагон шудааст.

Қисми алоҳидаи намоишгоҳро бахши хусусӣ ташкил медод ва ширкаткунандаҳо дастовардҳои худро дар соҳаҳои энерҷии сабз, ташаккули муҳити экологӣ ва коркарди партовҳо муаррифӣ мекунанд.

Дар нишастҳои панелӣ кадом масоил баррасӣ шуданд?

Дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ (РЭС-2026) дар Остона даҳҳо ҷаласаҳои панелӣ низ баргузор шуданд, ки масъалаҳои калидии экологӣ, энергетикӣ ва иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифтанд. Мавзуъҳои ҷаласаҳои панелӣ гуногун ва фарогир буданд:

Гузариш ба иқтисоди сабз ва тағйирёбии иқлим. Меҳвари як қатор ҷаласаҳои панелиро масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, рушди фанновариҳои камкунандаи карбон, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод), гузариш ба иқтисоди “сабз” ва устувор ташкил медоданд.

Гуфта шуд, ки сол аз сол қабати газҳои гулхонаӣ ғафстар мегардад, ки дар натиҷа қабати поёнии стратосфера сард шуда, қабатҳои наздизаминӣ гарм мешаванд. Ба ин пеш аз ҳама сӯзондани сӯзишвории канданиҳои фоиданок, буридани ҷангалҳо ва афзоиши чорводорӣ таъсир мерасонанд.

Таъсири газҳои гулхонаӣ худ тақрибан 33 дараҷаро ташкил медиҳад ва инсон онро боз тақрибан 2 дараҷа зиёд кардааст. Дар маҷмӯъ, гармшавии кунунӣ тақрибан ба 1,5 дараҷа мерасад.

Мутахассисон таъкид карданд, ки кишварҳои минтақа бояд ҳамзамон рушди иқтисод ва ҳифзи табиатро бо ҳам мутобиқ созанд.

Мутобиқшавӣ ба хатарҳои табиӣ ва устувории иқтисодӣ

Яке аз мавзуъҳои муҳими дигар мубориза бо хушксолӣ ва камобӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табиӣ (сел, тӯфон, гармии шадид), баланд бардоштани устувории иқтисод ба ин хатарҳо буд. Ин самт махсусан барои кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, муҳим арзёбӣ шуд.

Дар яке аз чунин ҷаласаҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвияти ҳамкории худро дар соҳаи криосфера баррасӣ карданд. Тибқи арзёбиҳо, дар сурати идомаи партобҳои зиёд, то соли 2100 минтақа метавонад то 85 дарсади ҳаҷми яхҳоро нисбат ба сатҳи соли 2020 аз даст диҳад. Ин раванд метавонад ба захираҳои об, зерсохтор ва зиндагии аҳолӣ фишори ҷиддӣ расонад ва ҳамзамон хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла шикастани кӯлҳои пиряхиро зиёд намояд.

Амнияти озуқаворӣ ва кишоварзӣ. Таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба шароити нав

ҳифзи хок ва мубориза бо биёбоншавӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа аз масоили дигар буд.

Ташаббуси “Сипари сабз”. Яке аз панелҳои муҳим ба ташаббуси қатъномаи “Сипари сабзи Осиёи Марказӣ”, аз ҷумла таъсиси камарбандҳои ҷангалӣ ва монеаҳои сабз, пешгирии таназзули замин, коҳиши тӯфонҳои гарду ғубор, барқарорсозии экосистемаҳо бахшида шуд. Ин ташаббус ба ташкили низоми камарбандҳои муҳофизатии ҷангал ва монеаҳои сабз равона шудааст, ки метавонанд эрозияи хокро коҳиш дода, ҳаракати регҳоро боздоранд ва иқлими маҳаллиро беҳтар созанд.

Коҳиши сатҳи баҳри Хазар, мушкилоти баҳри Арал, истифодаи муштараки захираҳои об, ҳамкории минтақавӣ дар идоракунии об низ баррасӣ шуда, яке аз нишастҳо ба ҳифзи баҳри Хазар бахшида шуд.

Ҳамчунин дар ҷаласаҳои алоҳида масоили энергетика ва амнияти энергетикӣ, сармоягузорӣ ва молияи “сабз”, илм, технология ва ҳамкории минтақавӣ, маориф, ҷавонон ва “ихтисосҳои сабз” баррасӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.