Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

asia+

Вазорати тандурустии кишвар дар пайи гарду ғуборе, ки шуруъ аз дирӯз аксар манотиқи кишвар, аз ҷумла пойтахтро фаро гирифтааст, аз оқибатҳои хатарзои он ёдовар шуда, барои ҳифз аз хокбориш чанд тавсия пешниҳод кардааст.

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро ҳушдор дода буд, ки 4 рӯз – аз 15 то 18-уми апрел дар кишвар хокбориш ва олудашавии ҳаво рух медиҳад.

Ба навиштаи Вазорати тандурустӣ, гарду ғубор метавонад ба муҳити зист ва саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад. Манбаъ мегӯяд, он метавонад бавуҷудоварандаи мушкилоти нафаскашӣ, чашм, бинӣ ва гӯш, ҳассосият ва бемориҳои музмин гардад, аз ҷумла: 

– Гарду ғубор метавонад хастагӣ, сурхшавии чашмҳо, хушкшавии гулӯ ва эҳсоси сӯзишро дар бинӣ ба вуҷуд оранд;

– Боиси хастагӣ, дарди сар, хашмгинӣ ва парешонӣ шавад;

– Шахсоне, ки бо бемориҳои шуш, чун “астма” ё “бронхити музмин” гирифторанд, метавонанд бо сурфа ва эҳсоси душворӣ дар нафаскашӣ дучор шаванд;

Дар шахсоне, ки ҳассосият (аллергия) доранд, эҳёи аломатҳо, чун хоридани пӯст, атсазанӣ ва варамҳо метавонад мушоҳида шавад;

– Он метавонад боиси баланд шудани фишори хун ва бад шудани вазъи саломатии нафароне гардад, ки бемориҳои дилу раг, махсусан “гипертония” доранд.

Чӣ гуна бояд худро ҳифз кард?

Вазорати тандурустӣ барои ҳифзи саломатӣ ба шаҳрвандон чанд тавсия пешниҳод кардааст, ки муҳимтаринашонро инҷо меорем: 

– Агар имкон доред, дар хона бимонед;

– Дар ва тирезаҳои хонаатонро пӯшонед ва сӯрохиҳоро бо матоъи намнок маҳкам кунед;

Дар сурати ба берун баромадан аз ниқоб ва ё рӯймоли тар истифода кунед. Он аз ғубор ва қисми моддаҳои зарарноки ҳаво муҳофизат мекунад;

– Аз айнаки офтобӣ ё ҳимоявӣ истифода кунед, зеро чашмҳо дар гарду ғубор осебпазиранд;

– Бештар об ва нӯшокиҳои табиӣ нӯшед, зеро гарду ғубор дар шароити гарм ба организм фишор меорад. Нӯшидани бештари об метавонад аз хушкшавии бадан ҷилавгирӣ кунад;

Ҳамчунин, зуд-зуд тамиз кардани хона бо матоъи нам тавсия дода мешавад, зеро миқдори ғуборро дар хона коҳиш медиҳад. Дар ҳолати дучор шудан ба мушкилот ба табиб муроҷиат кардан тавсия дода мешавад.

Таъкид мешавад, ки ба кӯдакон ва солмандон таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Тағйирёбии иқлим ё бетаваҷҷуҳии мақомот?

Ҳавои ғуборолуд ва хокборишҳо дар кишвар ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта, сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд. Вазорати тандурустии кишвар низ бори дигар афзоиши гарду ғуборро дар солҳои охир падидаи нигаронкунанда ва барои саломатии одамон ва экосистема хатарнок номидааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, он яке аз хатарҳоест, ки ба инсон ва олами ҳайвонот таҳдид мекунад. Яке аз далоили ин падидаро вазорат тағйирёбии иқлим ва аз байн рафтани чангалзорҳо номидааст.

Коршиносон низ сабаби инро тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин, бетаваҷҷуҳии мақомот ба унсурҳои пешгирикунандаи ҳавои ифлос, аз ҷумла буридани дарахтону сохтмони зиёди баландошёнаҳо медонанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар, радабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба ифлос будани ҳаво дар Тоҷикистонро қабул надоранд. Аз ҷумла, чанде пеш, пажуҳишгоҳи “IQAir”, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар як гузориши худ навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Вале Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон дар посух ба ин гуфт, ки “раддабандии “IQAir”-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест”. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, зарур аст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.