Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии об идома дорад. Он дирӯз, 25-уми май оғоз шуд ва ва то 28-уми май давом мекунад. Ин ҳамоиш яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст. Он аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил шудааст. Ҳадафи асосии он баррасии мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар конфронс иштироки беш аз 2500 намоянда аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Дар байни иштирокчиён намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, олимон, коршиносон, ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур хоҳанд дошт.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1928 – Дар ҷаласаи ФИФА дар бораи доир намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳар чор сол як маротиба қарор қабул шуд.

Соли 2009 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” муваққатан боздошта шуд.  Сабаби асосии ин таваққуф камбуди маблағгузорӣ буд, ки гуфта мешуд, аз сабаби таъхири пардохти қарзҳои ширкати давлатии “Барқи тоҷик” барои нерӯи барқи истеҳсолшуда ба миён омадааст. 

Соли 2011 – Аввалин ҷаласаи солонаи саҳмдорони НБО-и “Роғун” баргузор гардид.

Соли 2018 – Шаҳрванди 9-миллионуми Тоҷикистон, ки волидонаш сокинони шаҳри Душанбе буданд, ба дунё омад. Ба ин хонавода хонаи сеҳуҷрагӣ дода шуд.

Соли 2020 – Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар эълом кард, ки муолиҷаи гирифторони “COVID-19” дар Тоҷикистон пурра ройгон анҷом дода мешавад ва захираи дору дар кишвар кофист.

Соли 2023 – Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори мустақил Хуршед Фозиловро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.  Ӯ тибқи моддаи 307(3), қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор дониста шуд. Рӯзноманигор 6 марти соли 2023 аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт шуда буд.  Ӯ ва наздиконаш иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, ки парванда ба фаъолияти рӯзноманигориаш рабт дорад. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Хушқадам Қамариддинов, пизишк, олим, профессор.

Соли 1950 – Зодрӯзи Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик.

Соли 1959 – Зодрӯзи Абдуфаттоҳ Шарифзода, собиқ роҳбари хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Абдуфаттоҳ Шарифзода аслан таърихнигор аст. Ӯ соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Вай фаъолиятро аз омӯзгори мактаб оғоз намуда, дертар вакили парлумон ва ҳамин тариқ 21 сол сухангӯи президенти кишвар буд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода баъди чанд соли кор дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2000-2003-юм вакили Маҷлиси намояндагон буд.

15 декабри 2003 сардори Хадамоти матбуотии президент таъин шуд ва то 29 январи 2024 дар ин мансаб кор кард. Ӯро дар ин курсӣ Заробиддин Қосимӣ иваз кард.

Соли 1996 – Зодрӯзи Фараҳманд Каримов, овозхони ҷавони тоҷик.

Соли 2021 – Раҷабмад Амиров, вазири пешини фарҳанг дар 67-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи вакилони дифоъ таҷлил мегардад. Ин сана бо Қарори ҳукумати кишвар соли 2015 расман эълон шудааст. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз қадрдонии нақши муҳими касби адвокатӣ дар таъмини адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва боло бурдани мақоми ҳокимияти қонунӣ дар ҷомеа гуфта мешавад.

Дар мақолаи  “Адвокатура дар Тоҷикистон: дифоъгароне, ки худ ба дифоъ ниёз доранд” аз сарнавишти вакилони дифои маъруфи тоҷик ва ҳаводиси пурсарусадои бахши адвокатура дар Тоҷикистон шинос шавед. 

26 майи соли 1913 нахустин ҳавопаймои бисёрмотораи ҷаҳон нахустпарвози худро анҷом дод. Ин ҳавопаймо аз ҷониби муҳандиси ҷавон Игор Сикорский ҳамчун воситаи таҷрибавӣ барои иктишофи стратегии низомӣ сохта шуда буд. Он аз лиҳози андоза ва вазни борбардорӣ аз ҳама ҳавопаймоҳои то он вақт мавҷудбуда пешсаф буд ва оғози як самти нави саноати ҳавонавардӣ – сохтмони ҳавопаймоҳои вазнин гардид.

Ҳамон рӯз дар шаҳри Волфсбурги Олмон сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли “автомобили мардумӣ” – корхонаи “Фолксваген” оғоз ёфт.

Имрӯз ҳар панҷумин автомобили нави фурӯхташаванда дар Аврупои Ғарбӣ ба ширкати “Volkswagen Group”тааллуқ дорад. Ин ширкат як қатор мошинҳои муосирро пешкаш мекунад, ки бо сифати баланди олмонӣ ва дастовардҳои охирини соҳаи мошинсозӣ фарқ мекунанд ва орзуи дирӯзаро ба воқеияти имрӯза табдил медиҳанд.

26 майи соли 1972 дар шаҳри Мюнхени Олмон варзишгоҳи “Олимпиатадион” ифтитоҳ ёфт. Аввалин бозии варзишие, ки дар ин варзишгоҳ баргузор шуд, бозии дӯстона байни дастаҳои миллии Олмони Ғарбӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар он дастаи Олмон бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардид.

Маҷмааи варзишӣ қобилияти қабул кардани то 70 ҳазор тамошобинро дорад. Майдони футбол 105 бар 68 метр буда, бо системаи обёрии худкор муҷаҳҳаз аст. Болои трибунаҳо ва қисме аз боғи олимпӣ бо бӯри азим ва овезони сохташуда аз симҳои пӯлодин ва шишаи акрилӣ пӯшида шудааст. Барои сохтмони стадион 137 миллион маркаи олмонӣ масраф гардида буд.

Дар Алтай ҳамасола 26 май Рӯзи бабри барфӣ таҷлил мегардад. Ҳадафи асосии ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони Алтай ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба мушкилоти вобаста ба коҳиши шумора ва ҳифзи муҳити зисти бабри барфӣ мебошад, ки яке аз навъҳои нодиру зери хатари нестшавии табиат ба ҳисоб меравад.

Бабри барфӣ дар минтақаҳои кӯҳии 12 кишвари Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳинд, Хитой, Муғулистон, Непал, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Бутан маскун аст. Ба маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, шумораи умумии ин ҳайвон дар табиат тақрибан 4000 сарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, тақрибан 300 сар дар қаламрави Тоҷикистон – асосан дар минтақаҳои кӯҳистони Бадахшон ва қисматҳое аз минтақаи Зарафшон зиндагӣ мекунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 16+18º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.