ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 19:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти гурӯҳи петербургии Эссе-Квинтет баргузор мешавад. Ин консерт дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе доир мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Люксембург муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он тағйирот ва иловаҳо, аз ҷумла ду тағйироти муҳим ба Конститутсия ворид шуд: ҳуқуқи президенти амалкунанда барои пешбарии номзадии худ бидуни маҳдудият ва кам кардани синни номзадҳо ба мақоми президентӣ аз 35 то 30 сол.
Соли 2022 – Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмоишгоҳи “Иқтисодиёти рақамӣ” ифтитоҳ гардид.
Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1942 – Зодрӯзи Малика Собирова, ҳунарпешаи балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Малика Собирова, ки аз ӯ ба унвони ситораи дурахшон, марвориди Шарқ ном мебаранд, рамзи балети тоҷик дониста мешавад. Ӯ унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам пайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ӯро муяссар шуд, ки дар саҳнаи театр мақоми шоиста пайдо кунад.
Малика Собирова Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Ба санъати ӯ аз ҷиҳати фасоҳат, дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ ва техникаи олӣ баҳои сазовор додаанд.
Ӯ образҳои Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарворо дар саҳнаи театр офаридааст. Инчунин балетҳои романтикии маъруф – “Жизел”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик”-ро иҷро кардааст. Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, “1002 шаб” “Малика”, “Қиссаи шарқӣ” иштирок кардааст. Ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии Тоҷикистон дар Душанбе ба номи Малика Собирова аст.
Соли 1944 – Мавлуди Саидбой Шербоев, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1957 – Мавлуди Дилбар Амонова, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Соли 1976 – Зодрӯзи Бобоҷон Ҷамолзода, арбоби низомии тоҷик, фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон.

Бобоҷон Ҷамолзода 13 сол инҷониб фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ то моҳи ноябри соли 2013 командири қисми ҳарбии 051057-и қувваҳои махсуси Гвардияи миллӣ буд ва 20-уми ноябри соли 2013 фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон таъин гардид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 22-юми май Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он ҷалби диққат ба ҳифзи гуногунии биологӣ – ҳам намудҳои зинда ва ҳам системаҳои экологӣ ва мушкили нопадид шудани бархе намуди флора ва фауна дар Замин аст.

Ҳамчунин 22 май Рӯзи таъсиси Галереяи Третяков, осорхонаи миллии санъати тасвирии Русия, ки асарҳои қарнҳои 10 то 21-умро дар бар мегирад, таҷлил карда мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 1856 Павел Михайлович Третяков, ҷамъовар ва соҳибкор аввалин асарҳои санъатро харидорӣ кард. Ӯ зиёда аз 40 соли умри худро барои ин осорхона бахшидааст. Галерея соли 1881 ба рӯйи тамошобинон боз шуд ва соли 1892 Третяков коллексияи худро ба шаҳри Маскав тақдим кард. Ҳоло коллексияи Галереяи Третьяков зиёда аз 100 ҳазор асарҳои санъатро дар бар мегирад.

22 майи соли 1911 Федератсияи байналмилалии кинологҳо (FCI) таъсис ёфт. Кинолог шахсест, ки дар соҳаи омӯзиш, парвариш, таълими сагҳо ва нигоҳубини онҳо кор мекунад. Ҳадафи асосии ин созмон пешрафт ва ҳифзи кинология – илми парвариши сагҳои зотӣ ва татбиқи муносибати башардӯстона ба ҳайвонот мебошад. То соли 2019 Федератсияи байналмилалии кинологҳо узви федератсияҳои миллии 98 кишвар буда, 349 намуди сагро ба 10 гурӯҳи асосӣ тақсим кардааст. FCI бузургтарин ва муътабартарин созмони ҷаҳонии сагпарварон маҳсуб мешавад.

22 майи соли 1892 дандонпизишк аз Вашингтон Шеффилд дар шаҳри Лондон лӯлаи хамираи дандонро ихтироъ кард. Пеш аз ихтирои он дандон бо хокаи дандон шуста мешуд, ки истифодабарии он ноқулай буд.
Шеффилд, пас аз шиносоӣ бо истифодаи лӯлаҳои ранги рассомон тасмим гирифт, ки чунин лӯлаҳоро барои нигоҳдории хамираи дандон истифода барад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳуқуқи патенти ихтироъро нагирифт ва онро дорусози ширкати “Колгейт” соҳиб шуд. Соли 1896 “Колгейт” истеҳсоли хамираи дандонро дар лӯлаҳо оғоз намуд ва ин ихтироъ дар муддати кӯтоҳ маъруфият пайдо кард.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва раъду барқ эҳтимол дорад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 21+26º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва эҳтимолан раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми май ба ҳисоб гирифта шудааст.







