ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин идома дорад. Ӯ дирӯз, 11-уми май ба ин кишвар сафар кард ва то он 14-уми май идома ёфта, дар доираи он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва башардӯстона мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
– Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи шашмақомхонӣ – “Ушшоқи раҳмонӣ” ҷамъбаст мешавад. Шоми имрӯз дар саҳни “Қалъаи Хуҷанд” маросими ҷамъбастии ҷашнвора баргузор мешавад ва ба ҳар як ғолиби озмуни шашмақомхонӣ аз 2 то 7 ҳазор доллар тақдим хоҳад шуд. Фонди умумии ҷоизаҳои озмун 28 ҳазор доллар (каме беш аз 261 ҳазор сомонӣ) гуфта мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1958 – Бори аввал дар таърих як намояндаи Тоҷикистон қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ин дастовардро Анатолий Тилик дар намуди варзиши тирпаронӣ аз камони низомӣ ба даст овард. Ӯ аввалин варзишгари тоҷик буд, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар ин навъи варзиш соҳиб шуд.
Соли 2000 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови назди Кумитаи телевизион ва радио мақоми давлатӣ гирифт. Аз ҳамон вақт инҷониб 12 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад.
Шашмақом маҷмӯъи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфаии мардуми тоҷик буда, дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидааст.

Соли 2016 – Дар шаҳри Турсунзода маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 баргузор гардид. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон тавассути шабакаи баландшиддати барқ таъмин мекунад.
Соли 2020 – Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути парвози махсус аз Машҳад ба Душанбе 6 тонна кумаки башардӯстона, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ирсол намуд.
Соли 2020 – Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон лавозимоти ҳимояи шахсӣ ва дорувории тиббӣ ба арзиши 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1927 – Мавлуди Барно Исҳоқова, овозхони яҳудитабори тоҷик, устоди Шашмақом.

Барно Исҳоқова баъди солҳо зиндагӣ дар Самарқанд ба Душанбе омадааст. Ӯ аз соли 1950 сарояндаи яккахони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон ва аз соли 1980 муаллими калони кафедраи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Ӯ яке аз шашмақомсароёни беҳтарин дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аст. Исҳоқова соли 1992 баъди фурӯпошии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба Исроил кӯч баст. 7 сентябри соли 2001 дар шаҳри Рамлеи Исроил аз олам даргузашт.
Барно Исҳоқова беш аз 100 суруду тарона аз силсилаи “Шашмақом” иҷро кардааст. Беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи ӯ “Насруллоҳӣ”, “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори ороми ҷон”, “Ҳусайнӣ”, “Насри Баёт” “Чоргоҳ”, “Ушшоқ” ва дигар сурудҳои Шашмақом аст.
“Ба дилбар”, “Мамлакати мо”, “Гулҷаҳон”, “Шунидам”, “Кокулат”, “Мафтуни чашмат” аз беҳтарин таронаҳои ӯянд.
Соли 1937 – Зодрӯзи Орифшо Орифов, сароянда, роҳбари ансамбли “Гулшан”, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1951 – Мавлуди Шавкат Исмоилов, доктори илми ҳуқуқ, профессор, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон.

Шавкат Исмоилов хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1978 оғоз намуда, ба ҳайси ассистент, омӯзгор, омӯзгори калон, дотсент, ходими калони илмӣ, муовини декан, декани факултети донишҷӯёни хориҷӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат ва ниҳоят декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз соли 1993 то 25 январи соли 2001 дар вазифаи вазири адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан аз 27 майи соли 2001 то соли 2005 вакили парлумон буд. Ӯ муаллифи беш аз 150 мақолаи илмӣ ва якчанд рисолаҳои таҳқиқотӣ мебошад.
Соли 1963 – Мавлуди Насрулло Маҳмудзода, ҳуқуқшинос, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Насрулло Маҳмудзода факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон хатм карда, фаъолиятро ҳамчун коромӯз дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум оғоз кардааст. Баъдан дар вазифаҳои Прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, муовини прокурори шаҳри Исфара, ноҳияи Б.Ғафуров, сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои ВКД ва АНМН прокуратураи вилояти Суғд, Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Прокурори шаҳри Кӯлоб кор кардааст.
Соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Аз соли 2015 додситони вилояти Хатлон буд. Насрулло Маҳмудзода аз моҳи марти соли 2020 то марти соли 2025 котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон кор кард. Ҳоло вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи Конибодом мебошад.
Соли 1999 – Зодрӯзи Эҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик, нимҳимоятгари бошгоҳи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат таҷлил мегардад. Ин иди касбӣ ба зодрӯзи Флоренс Найтингейл бахшида шудааст, ки дар ҷанги Қрим (1853–1856) нахустин хидмати ҳамшираҳои шафқатро дар ҷаҳон иҷро ба роҳ монд.

Имрӯз дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи маърифати экологӣ таҷлил мешавад. Ин иди касбӣ бо ҳадафи боло бурдани маърифати экологӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ва зиндагии инсон аз соли 1991 инҷониб таҷлил мешавад.

Дар Финландия имрӯз Рӯзи худшиносӣ аст. Ин рӯз бо барафрохтани расмии парчами миллӣ ва ба зодрӯзи Йохан Вилгелм Снеллман, арбоби давлатӣ, файласуф ва рӯзноманигори маъруфи Финландия бахшида шудааст.
Ислоҳот дар низоми таълим ва расмӣ кардани забони финӣ аз хидматҳои барҷастаи Снеллман дониста мешавад. Ҳамчунин ӯ аввалин лоиҳаи роҳи оҳани Финландияро пешниҳод кард. Ба шарофати талошҳои ӯ соли 1865 дар Финландия пули миллӣ – маркаи финӣ ҷорӣ гардид.
12 майи соли 1945 амалиёти Артиши Сурх дар Прага ба анҷом расид, ки дар натиҷа шаҳри Прага аз фашистон озод карда шуд. Ин амалиёт охирин амалиёти стратегии Артиши Сурх дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни он 860 ҳазор сарбозу афсари олмонӣ (аз ҷумла 60 генерал) асир гирифта шуданд ва 40 ҳазор нафари дигар кушта ё захмӣ гардиданд. Аз ҷониби Артиши Сурх 12 ҳазор нафар ҳалок ва 40 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола низ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 24+26º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад.Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 8+10º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.





