Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Хушнуда Дӯстова, махсус барои asia+

Рисолатхон Имомова 11 сол пеш, баъд аз як садама, бо асобағал роҳ мерафт. Имрӯз ӯ яке аз беҳтарин варзишкорони тоҷик дар риштаи дастхобонӣ (армрестлинг) аст. Ӯ чанд рӯз пештар дар мусобиқаи ҷаҳонии “Импулс-2026” медали тилло гирифт.

Мо бо Рисолатхон дар бораи варзиши интихобкардааш, шароит барои варзишкорони маъюбиятдошта дар Тоҷикистон ва роҳе, ки як зани тоҷик барои расидан ба чунин натиҷа бояд тай кунад, суҳбат кардем.

Аз ҳамшираи тиб то варзиш        

Рисолатхон Имомова дар Корхонаи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳамшираи тиб фаъолият мекунад. Тамринҳои худро ӯ дар толори варзишии ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдат, ки як замон дар он ҷо низ кор мекард, оғоз кардааст.

Дар синни 30-солагӣ як садамаи нақлиётӣ боис шуд, ки Рисолатхон ҷароҳати ҷисмонӣ бардорад ва ҳоло бо ёрии асобағал роҳ равад. Ӯ мегӯяд, дар оғоз танҳо барои беҳтар кардани саломатӣ ба варзиш рӯ оварда буд ва ҳатто фикри ширкат дар мусобиқаҳоро ҳам надошт.

Акс аз Рисолатхон Имомова

“Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дастхобонӣ осон аст, аммо дар асл, мисли дигар намудҳои варзиш, заҳмат ва тамринҳои зиёдро талаб мекунад. Дар аввал бароям хеле душвор буд. Худро мисли кӯдаке эҳсос мекардам, ки бори аввал ба мактаб омадаасту ҳатто як ҳарфро дуруст навишта наметавонад. Вале дар муддати ду моҳ тавонистам нозукиҳои онро омӯзам ва ҳатто орзуи иштирок дар мусобиқаҳо кунам”, – мегӯяд Рисолатхон.

Ашки ифтихор

Бо пешниҳоди мураббӣ Рисолатхон дар якчанд мусобиқаи байнишаҳрӣ иштирок карда, ғолиб шуд. Ин пирӯзиҳо ба ӯ имкон доданд, ки ба мусобиқоти байналмилалӣ роҳхат ёбад. 

Рисолатхон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дастхобонӣ миёни маъюбон, ки соли 2023 дар Қазоқистон баргузор шуд, миёни варзишгарони беш аз 50 кишвар ду медали биринҷӣ ба даст овард. Ин нахустин дастоварди бузурги ӯ дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Мо дар толор нишаста будем, ки холаам аз Русия занг зада пурсид: “Дар куҷоӣ?” Гуфтам: “Дар Қазоқистон, ба мусобиқа омадам”. Хандида гуфт: “Медонам, мо туро дар телевизор мебинем”. Аз фикри он ки тамоми мардум моро тамошо мекунанд, эҳсоси аҷибе маро фаро гирифт. Вақте номамро хонданду ба саҳна баромадам, дасту поям меларзид. Медалро ба гарданам овехтанду парчамро бардоштам ва ҳамин ки суруди миллӣ садо дод, аз ҳаяҷону хурсандӣ чашмонам беихтиёр пур аз ашк шуданд. Дар дил ба худ гуфтам: “Ман ҳам парчами кишварамро баланд бардошта метавонистаам”, – ба хотир меорад ӯ.

Акс аз Рисолатхон Имомова

Чаро дар варзиши дастхобонӣ занон каманд?

Тамринҳо ҳафтае се маротиба мегузаранд. Рисолатхон, ки ҳамзамон ҳамшираи шафқат аст, кӯшиш мекунад, ки аз ҳеҷ яке аз ин тамринҳо қафо намонад.

Ӯ мегӯяд, пас аз ғалаба дар озмунҳо ҳамкорону атрофиён бо ҳайрат аз ӯ мепурсанд: “Кай бо ин ҳама даву тоз вақт ёфта, боз машқ ҳам мекунӣ?” . Аммо, ба гуфтаи Рисолатхон, агар инсон кори худро бо шавқ иҷро ва ҷиддан кӯшиш кунад, метавонад дар ҳама кор комёб шавад.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои пайваста ва омодагии ҳамаҷониба барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии “Импулс-2026”, ки моҳи март дар шаҳри Сочӣ баргузор шуд, имкон дод ӯ ҷои аввалро касб кунад.

Ҷашнвораи мазкур, дар воқеъ, аз соли 2024 инҷониб миёни варзишкорони дараҷаҳои гуногуни маъюбӣ ташкил мешавад ва ин нахустин иштироки варзишгарони тоҷик дар он аст. Дар баробари Рисолатхон дар ин ҷашнвора се варзишкорзани дигар аз Тоҷикистон иштирок карданд. Сабаби кам будани занонро варзишкор дар тасаввуроти нодурусти ҷомеа нисбат ба ин намуди варзиш медонад.

Акс аз Рисолатхон Имомова

“Бисёре аз волидон дастхобонӣ ва вазнбардорӣ (пауэрлифтинг)-ро барои духтарон мувофиқ намедонанд ва монеи онҳо мешаванд”, – мегӯяд ӯ.

Нақшаҳои оянда

Ҳоло Рисолатхон Имомова барои иштирок дар Қаҳрамонии Осиё, ки моҳи июни ҳамин сол дар соҳили Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Ӯ ният дорад оянда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ на танҳо аз рӯи дастхобонӣ, балки дар намуди вазнбардорӣ низ нерӯсанҷӣ кунад.

Рисолатхон  мегӯяд, барои муваффақ шудан дар зиндагӣ бояд пайваста талош кард, касбу ҳунар омӯхт, чунки “дар гӯшаи хона нишаста, муваффақи шудан ғайриимкон аст”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.