Ҳаракати қатор дар масири “Душанбе Маскав-Душанбе” баъди шаш соли таваққуф, аз 21-уми июни соли равон аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора Роҳи оҳани Русия хабар дода, гуфтааст, ки қатори нахустин рӯзи якшанбеи 21-уми июн соати 03:25 ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ҳаракат карда, рӯзи 24-уми июн соати 22:08 ба истгоҳи роҳи оҳани Павелетскии Маскав мерасад.
Аз Маскав бошад, қатор панҷшанбеи 25-уми июн, соати 06:05 ҳаракат карда, рӯзи 29-уми июн соати 02:48 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.
Ин ниҳод илова кард, ки барқарор шудани хатсайри мазкур бо дархости Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст.
Хатсайр аз ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистону Русия ва истгоҳҳо дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Бухоро, Нуқус, Қунғурод, Қандиағаш, Ақтобе, Илетск, Оренбург, Самара, Сизран, Пенза, Ряжск ва дигар нуқтаҳо мегузарад.
Фурӯши билетҳо барои сафар аз Душанбе оғоз шуда, барои сафар аз Маскав низ, ба базудӣ шуруъ мешавад. Дар сомонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон нархи чиптаҳоро пайдо накардем, вале дар сомонаи Роҳи оҳани Русия, нархи чипта барои рӯзи 21-уми июн аз Душанбе ба Маскав 20 ҳазору 89 рубл ё беш аз 2,6 ҳазор сомонӣ нишон дода шудааст.

Қаблан, дар моҳи апрел масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатори мусофирбар дар масири “Душанбе – Маскав” ва ба роҳ мондани ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия дар суҳбати Шоиста Саидмуродзода ва Дмитрий Зверев, муовинони вазири нақлиёти ду кишвар дар Санкт-Петербург баррасӣ шуда буд.
Бояд гуфт, мусофирбарӣ тариқи роҳи оҳан дар хатсайри “Душанбе – Маскав” соли 2020 бо баҳонаи бемории коронавирус қатъ шуда буд.
Ҳоло байни Русия ва Тоҷикистон қаторҳо дар хатсайрҳои “Кӯлоб – Волгоград”, “Душанбе – Волгоград” ва “Хуҷанд – Волгоград” ҳафтае як маротиба ҳаракат мекунанд.








