Думаи давлатии Русия қоидаҳои нави ихроҷи муҳоҷирон ва маҳдудиятҳо барои дарёфти шаҳрвандиро маъқул донист

Ба муҳоҷирон дар Русия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Думаи давлатии Русия рӯзи 13-уми май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал маъқул донист, ки сиёсати муҳоҷирати ин кишварро ба таври назаррас шадидтар месозанд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни ҷаласа зикр кардааст, ки ин лоиҳаҳои қонун ба “такмили минбаъдаи сиёсати муҳоҷират” равона шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар яке аз онҳо пешбинӣ шудааст, ки ба хориҷиёне, ки доғи додгоҳӣ (судӣ)-и бекоргардида ё адонашуда “барои содир намудани ҳама гуна ҷиноят дар қалмрави Русия ё берун аз ҳудуди он” доранд, сарфи назар аз вазнинии ҷиноят, дарёфти шаҳрвандӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) манъ мешавад.

“Ҳамчунин дар ин гуна ҳолат бекор кардани ҳуҷҷати иҷозаи зист ё иҷозаи зисти муваққатии қаблан додашуда пешниҳод мешавад”, – илова кардааст Володин.

Лоиҳаи қонуни дуюм, ба “ду баробар – аз 22 то 43 моддаи Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ зиёд кардани номгӯи қонуншиканиҳои маъмурӣ дахл дорад, ки барои содир кардани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ бояд ихроҷ карда шаванд”.

Тавре ки хабаргузории Фергана менависад, ба сафи асосҳо барои ихроҷ моддаҳое дохил карда шудаанд, ки ба фаъолмандии сиёсӣ ва изҳори мавқеъ марбутанд.

Ин ҷо аз ҷумла сари “паст кардани шаъну эътибори артиш, даъватҳо ба ҷорӣ сохтан ё нигаҳдории таҳримҳо зидди Русия, намоиши рамзи миллатгароӣ ё ифротгароӣ, паҳнкунии маводи ифротгароӣ, инчунин суистифода аз озодии ВАО” сухан меравад.

Ба иттилои нашрияи “Коммерсантъ”, илова бар ин, иштирок дар иқдомҳои мувофиқанашуда, вайрон кардани реҷаи ҳолати фавқулода ё ҳарбӣ, монеъа эҷод сохтан ба зерсохтори нақлиёт ва майдаавбошии ҳамроҳ бо итоат накардан ба пулис низ метавонанд барои ихроҷ асос шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.