Ёде аз “шери саҳна” бо оби дида… Гузориш аз ёдбуди Шералӣ Абдулқайсов ва рӯнамоии китоби “Нур ва умед”-и ӯ

Ӯ дар бораи ҳар рӯзи бемориаш навиштааст.

Дирӯз, 1-уми июн, дар Театри Лоҳутӣ шоҳиди гиряи чанд ҳунарманди куҳансол шудем. Ин оби дида барои Шералӣ Абдулқайсов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон буд, ки аз ӯ “шери саҳнаи тоҷик” ҳам ном мебурданд. Маҳфили ёдбуд ва рӯнамоии китоби “Нур ва умед”-и Абдулқайсов дар саҳни театре, ки солҳо он ҷо кор кард, баргузор шуд.

Гардонандаи ин маҳфил Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир буд. Вай изҳор дошт, ки китоби мазкур бо хоҳиш ва ташаббуси яке аз шогирдони Шералӣ Абдулқайсов – Шуҷоат Асадуллозода ба шакли дастаҷамъона омода ва чоп шудааст.

Ин китоб маҷмӯае аз ёддоштҳои Шералӣ Абдулқайсов аст, ки дар авохири умраш ҳини табобати беморӣ дар бемористонҳои Ҳиндустон навиштааст. Ҳунарманд хотироташро мисли рӯзнома – ҳар рӯзаш чӣ гуна гузашту чӣ диду чӣ шуниду чӣ андешид, дар сафҳаҳо коштааст. Ба гуфтаи Ортиқ Қодир, хотироти Шералӣ Абдулқайсов “бо хуни дилу бо оби чашм” иншо шудаанд ва “ҳар хонандаро ба фикр водор мекунаду ба тори эҳсосоташ ангушт мезанад”. Дар замимаи китоб як мусоҳибаи Ортиқ Қодир бо Шералӣ Абдулқайсов ва хотироти аҳли фарҳангу адаб ҳам гирд омадаанд.

Акс аз asia+

Ортиқ Қодир номи китобро рамзӣ арзёбӣ карда, онро ба умедвории ҳунарманд дар лаҳзаҳои табобат рабт дод: ““Нур ва умед” – чунки беморие, ки Шералӣ гирифтор шуда буд, тавассути нур дар Ҳиндустон табобат меёфт ва дар ҳар саҳифаи ин китоб умедворӣ аз Худо, ки тавассути нур шифоаш медиҳад, боқӣ мондааст”.

“Шери саҳна” ва “марди мутафаккир

Дар равиши маҳфил суханрониҳои пурэҳсоси аҳли ҳунар ашки чашми ҳозирин ва чанд ҳунармандро ҷорӣ кард.

Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсовро “шери саҳнаи тоҷик” хонда, аз садоқати ӯ ба касбаш ёд кард. Вай нақл намуд, ки чӣ тавр Шералӣ Абдулқайсов бо вуҷуди бемории шадид ва гум шудани овозаш, нақши марди гунгро дар намоишҳо меофарид, ҳар рӯз аз ҳама пештар ба машқ меомад ва то лаҳзаҳои охирин кор кард, аз театр дур нарафт.

Ибодулло Машраб, акс аз asia+

Тоҳири Маҳмадризо бо намояндагӣ аз Вазорати фарҳанг ва фарҳангшинос Нозим Нурзода паҳлуҳои фалсафӣ ва ҷомеашиносии нақшҳои устодро таҳлил карданд. Нозим Нурзода гуфт, ки Шералӣ Абдулқайсов аз равоншиносӣ ва назарияи адабиёту фарҳанг огоҳии комил дошт.

Дӯстони наздики ӯ Асалбек Назриев ва Нурулло Абдуллоев, ҳарду Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аз рӯзҳои ҷавонӣ, сафарҳои тӯлонӣ ба Бадахшон ва рӯзгори иҷоранишинии ӯ дар Душанбе хотираҳои гарму самимӣ нақл карданд.

Нурулло Абдулло ва Ортиқи Қодир, акс аз asia+

Даъват ба зиндагӣ ва инсон будан

Фарзонаи Шералӣ, духтари Шералӣ Абдулқайсов аз номи оила изҳори сипос карда, суханҳои падарро на танҳо даъват ба театр, балки даъват ба зиндагӣ ва инсон будан маънидод кард.

“Пас аз падар ин дафтар аз дасти ман ба дасти хоҳарам, ба апаам, ба бародарам гузашт ва мо ҷуръати онро кушодану хондан надоштем, варақ задан барои мо душвору сахт буд. То ҳадде, ки фикр мекардам, ки ин дафтар дасту рӯямро месӯзонад, қалбамро месӯзонад. Танҳо исрори шогирди он кас Шуҷоъат Асадуллозода, боис шуд, ки ин дафтар ба китоб табдил ёбад”, – гуфт духтари Шералӣ Абдулқайсов.

Китоби Шералӣ Абдулқайсов, акс аз asia+

Дар идомаи рӯнамоӣ, дар толори театр филми ҳунарии коргардон Румӣ Шоазимов бо номи “Хаёлпарастони музофотӣ”, маҳсули соли 2020-и киностудияи “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта шуд, ки Шералӣ Абдулқайсов яке аз охирин нақшҳои синамояшро дар он офаридааст.

Филми мазкур, ки филмноманависаш Темур Зулфиқоров аст, аз орзуҳои падару модаре нақл мекунад, ки мехоҳанд ягона духтари худро ба шавҳар диҳанд ва домодҳо пайи ҳам ба хостгорӣ меоянд.

Зиндагинома ва мероси Шералӣ Абдулқайсов

Шералӣ Абдулқайсов 15-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1968 мактаби миёнаи № 8-и деҳаро хатм карда, ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко (факултаи санъат, шуъбаи актёри театри драма ва кино) дохил шуд ва онро соли 1973 бо муваффақият хатм кард. Бо роҳхати Вазорати маданият ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул шуда, то охири умр дар ин макон кору эҷод кардааст.

Аз соли 1996 ҳамчун омӯзгори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва аз соли 2009 ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи маҳорати ҳунарварӣ хидмат карда, шогирдони зиёдеро барои театр ва синамои тоҷик тарбия кардааст.

Ӯ ҳамчунин муаллифи мақолаҳои тадқиқотиву мубоҳисавӣ дар матбуот ва таҳиягари чандин намоишномаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.

Дар муддати фаъолият, ӯ дар зиёда аз 16 озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ҷоизаҳои фаровон, аз ҷумла ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро дар Бишкек (2007) ба даст овардааст. Соли 1991 ба унвони Ҳунарпешаи шоиста ва соли 2007 ба унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуда буд.

Шералӣ Абдулқайсов 3 соли охири умри худро бо бемории саратони ҳалқ сипарӣ кард ва рӯзи 12-уми июли соли 2021 дар 70-солагӣ бар асари бемории вируси куруно дар шифохонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе даргузашт.

Ёдаш ба хайр!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.