Додситонии Гулистон ба таҳқиқи ҷон бохтани як кӯдаки 10-сола дар пайи канда шудани “батут” оғоз кардааст

Дар пайи ин ҳодиса 1 кӯдак ҷон бохта 5 кӯдаки дигар захмӣ шудаанд.

Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ҷон бохтани як кӯдаки 10-сола ва захмӣ шудани 5 тифли дигар дар пайи канда шудани “батут” дар ин  шаҳр оғоз кардааст. Дар ин бора Илҳом Пӯлотзода, раиси шаҳри Гулистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Бегоҳии 1-уми июн дар пайи канда шудани “батут” дар канори “Баҳри Тоҷик” дар шаҳри Гулистон як кӯдаки 10-сола ҷон бохта, 5 тифли дигар маҷрӯҳ ва бемористон бистарӣ шудаанд.

Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, сабаби ҳодиса шамоли сахт аст.

“Бар асари шамоли сахт “батут” (лимпопо), ки барои бозии кӯдакон насб шуда буд, аз замин канда шуда, бод онро ба сӯи баҳр бурдааст.  Дар пайи ин, 6 кӯдак захмӣ шуданд, ки мутаасифона, дар беморхона, 1 тани онҳо ҷони худро аз даст дод”, – гуфт ӯ.

Аз кӯдаки ҷонбохта Манучеҳр Музаффарзодаи 10-сола, сокини шаҳри Конибодом ном бурданд

Канори "Баҳри тоҷик". Акс аз саҳифаи фейсбуки "Баҳри тоҷик"

Илҳом Пӯлотзода кӯтоҳ ба мо гуфт, ки кӯдакони осебдида ба маносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъ омада буданд.

“Ҳоло вазъи саломатии 5 кӯдаке, ки дар беморхона ҳастанд, хуб аст. Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Ҷойи бозикунии кӯдакон хусусӣ буд”.
Илҳом Пӯлотзода раиси шаҳри Гулистон

Назари соҳиби “батут” ва волидайни кӯдакон дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт чанд рӯзи охир бар асари шамоли сахт дар Тоҷикистон даҳҳо дарахт решакан шуда, болопӯши баланошёнаҳо осеб диданд. Аз ҷумла, дар пайи шамоли сахт дар шаҳри Хуҷанд, як пуфаки бодӣ аз назорат берун шуда, ба болои боми чанд хона суқут кард, ки боиси осеб дидани се кас шуд.

Ин ҳодиса низ бегоҳии 1-уми июн дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рух дода ва балон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон аз ҷониби ширкати “Фаровон” аз Ӯзбекистон барои шод кардани меҳмонон ба маҳфил оварда шуда буд.

Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро дар ин пайванд мутолиа кунед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.