Дар пайи шамоли сахт дар шаҳри Хуҷанд, як пуфаки бодӣ аз назорат берун шуда, ба болои боми чанд хона суқут кардааст, ки боиси осеб дидани се тан шудааст. Ин ҳодиса бегоҳии 1-уми июн дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рух дода ва балон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон аз ҷониби ширкати “Фаровон” аз Ӯзбекистон барои шод кардани меҳмонон ба маҳфил оварда шуда буд.
Бо вуҷуди талоши хабарнигори мо, шарҳи дақиқи ин ҳодиса аз сӯйи ягон ниҳод пешниҳод нашуд. Аз бахши КҲФ дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳодисаи мазкур ҳолати фавқулода набуда, балки як воқеаи нохуш аст.
Занҷири кандашуда ба Турсунова, ки дар наздикии пуфак будааст, осеб расонидааст. Ӯ ҳоло дар шӯъбаи бемориҳои асаби Беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ аст. Ба нақли манбаъҳои мо, духтари тахминан 10-11-солаи ӯ ҳам дар ҷой ҳодиса ҳузур дошта, осеби сабук бардоштааст.
Ду сокини кӯчаи ба номи Аминҷон Расулови Хуҷанд, ки болопӯши бомашон дар пайи расиши пуфаки бодӣ осеб дидааст, гуфтанд, ки кормандони ширкати “Фаровон” усто оварда, зарари расидаро бартараф карданд.
Мақсуд Орипов, роҳбари лоиҳаҳои гурӯҳи ширкатҳои “Фаровон” имрӯз, 2-юми июн дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки масъули чорабинӣ ин ширкат буд ва онҳо аз Ӯзбекистон пуфаки бодиро оварда буданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ҳодисаи дирӯза консерте, ки боЯд мегузашт, лағв шуд ва он имрӯз, 2-юми июн соати 19:00 дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мешавад.
Навори суқути пуфаки бодӣ шоми дирӯз ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт.








