Дар чаҳор моҳ (январ-апрел)-и соли 2026 ҳаҷми гардиши мол Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 284,3 млн долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025-ум 59,6 млн доллар ё 50,7% (2025 – 188,7 млн доллар) зиёд шудааст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умуии савдои хориҷии Ӯзбекистон, 26,3 млрд доллар ё ҳудуди 1,1% ба ҳиссаи Тоҷикистон рост меояд.

Моҳи марти соли 2026 зимни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, зикр шуд, ки ҷонибҳо ният доранд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 2 млрд доллар расонанд.
Ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар дастур дода шуда буд, ки барои расидан ба ин нишондиҳанда бар асоси барномаи алоҳида тадбирҳои амалӣ рӯйи даст гиранд.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти фулузотӣ, масолеҳи сохтмон ва техникаи маишӣ оварда мешавад. Дар навбати худ, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан маъдан ва консентратҳои руҳ ва мис, нерӯи барқ, ангишт, профилҳои алюминий, нахи пахта ва навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти кишоварзӣ содир мешавад.








