Меҳнати ҳалол ё истисмор? 5 нуктаи калидӣ дар бораи ҳуқуқи кории кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон

Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аст ва дар моварои ҳамин шабу рӯз ҳам кӯдакону наврасони Тоҷикистон ба таътили тобистона мебароянд. Ва бо фаро расидани фасли тобистон ва оғози таътили хонандагон, дар кӯчаву бозорҳои кишвар сафи наврасоне, ки ба корҳои гуногун ё ба қавле мавсимӣ машғул мешаванд, бештар ба назар мерасад. Мо ба муносибати 1-уми июн, ки натанҳо як рӯзи иду хурсандӣ, балки баҳонаест, ки масъулияти ҷомеаро дар баробари насли наврас, саломатӣ ва ояндаи онҳо ба ёд меорад, дар асоси қонунгузорӣ тартиби кории кӯдаконро дар Тоҷикистон муайян кардем.

Барои он ки волидайн, коргари наврас ва корфармо аз ин ҳуқуқҳо ва меъёрҳо ба таври соддаву дидорӣ огоҳ шавад, мо 5 тасвирбаёни таомулӣ (интерактивӣ) омода кардем. Дар ин ҷо шумо метавонед танҳо бо як ангушт задан маълумоти заруриро пайдо кунед.

Саломатии наврасон дар тарозуи қонун

Аввалин чизе, ки ҳам волидон ва ҳам корфармоён бояд донанд, ин ҳадди ақалли синну соли наврасон барои оғози фаъолияти меҳнатӣ аст. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки кӯдакро дар ҳар синну сол ба кор гирифтан мумкин аст, аммо қонунгузории Тоҷикистон ин ҷо хатти қирмиз ҳам мегузорад.

Тибқи Кодекси меҳнат, синни расмии оғози кор 16-солагӣ аст. Вале истисноҳо низ мавҷуданд: наврасони 15-сола ва ҳатто 14-сола ҳам метавонанд кор кунанд, ба шарте ки ин кор ба таҳсилашон халал нарасонад, кори сабук бошад ва ҳатман розигии хаттии яке аз волидон ё васои худро дошта бошанд. Аз ин рӯ, қадами аввал дар шинохти ҳуқуқи кӯдаки коргар ин донистани синну соли ӯст.

Вақти корӣ: кӯдакон чанд соат кор карда метавонанд?

Танҳо муайян кардани синну сол кифоя нест, зеро ҷисми наврас ба истироҳати бештар ва давомнокии кӯтоҳтари кор ниёз дорад. Қонунгузории кишвар барои ноболиғон реҷаи кӯтоҳшудаи вақти корро муайян кардааст.

Баръакси калонсолон, ки дар як ҳафта 40 соат кор мекунанд, барои наврасони то 16-сола ин нишондод беш аз ду баробар камтар аст. Ҳатто дар давраи таътил, ки кӯдакон аз дарсҳо озоданд, соатҳои кории рӯзона ва ҳафтаинаи онҳо маҳдудияти ҷиддӣ дорад, то онҳо фурсати кофӣ барои бозӣ, истироҳат ва рушди маънавӣ дошта бошанд. Корфармо ҳақ надорад кӯдакро маҷбур кунад, ки аз субҳ то шом дар бозор ё корхона бимонад.

Марзи сурх: чӣ корҳо барои ноболиғон манъ аст?

Нуктаи дигаре, ки бевосита ба ҳифзи саломатии насли наврас дахл дорад, номгӯи корҳоест, ки иҷрои онҳо барои кӯдакони то 18-сола ба таври қатъӣ манъ аст.

Таътили тобистона набояд сабаби он шавад, ки наврасон дар ҷойҳои хатарнок, зеризаминию конҳо, корхонаҳои кимиёвӣ ё муҳитҳои зарарнок машғули кор шаванд.

Қонун на танҳо корҳои вазнини ҷисмиро манъ мекунад, балки ноболиғонро аз корҳои шабона (аз соати 22:00 то 06:00), корҳои изофавақт ва фаъолият дар рӯзҳои истироҳату ид умуман канор медорад.

Мавқеи ҷомеа ва нозирони меҳнат дар ин масъала бояд устувор бошад: кӯдак набояд дар ҷойҳое кор кунад, ки ба рушди равонӣ ва ҷисмии ӯ латма мезананд.

Шартномаи меҳнатӣ: кӣ кафили кӯдак аст?

Ҳамаи ин қоидаҳо ва кафолатҳо танҳо дар сурате татбиқ мешаванд, ки муносибатҳои меҳнатӣ қонунӣ гардонида шуда бошанд.

Дар Тоҷикистон, мутаассифона, аксари наврасони коргар дар бахши ғайрирасмӣ (дар бозорҳо, ошхонаҳо ё нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо) бе ҳеҷ гуна ҳуҷҷат фаъолият мекунанд. Ин амр онҳоро дар баробари фиреби корфармоён ва поймолшавии ҳуқуқҳояшон бедифоъ месозад.

Қонунгузорӣ талаб мекунад, ки бо наврасон ҳатман шартномаи меҳнатии хаттӣ ба имзо расад. Дар ин шартнома бояд уҳдадориҳо, соатҳои дақиқи кор ва ҳаҷми музди меҳнат, ки набояд аз ҳадди ақалли маош камтар бошад, равшан нишон дода шаванд. Танҳо шартнома метавонад кӯдакро аз истисмори меҳнатӣ ҳифз кунад.

Меъёри вазн: бор бояд мувофиқи қувваи ҷисм бошад?

Дар миёни тамоми шартҳои меҳнат, вазни ҷисмии боре, ки наврасон мебардоранд, аз ҳама бештар нигаронкунанда аст. Дар фасли тобистон мо зуд-зуд мебинем, ки кӯдакон аробаҳои вазнини бозорро мекашанд ё қуттиҳои калони меваву сабзавотро ҷобаҷо мекунанд.

Тибқи қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон, меъёри вазни иҷозатдодашуда барои наврасон хеле сабук ва вобаста ба ҷинсу синну сол дақиқ карда шудааст.

Вазни бор барои духтарон ва писарон, инчунин вобаста ба он ки ин кор доимист ё камнавбат, фарқ мекунад. Риояи ин меъёрҳои вазн кафолат медиҳад, ки сутунмӯҳра ва устухонбандии наврас дар оянда нуқсон пайдо накунад.

Маврид ба зикр аст, ки ёрии наврасон ба оила ва омӯхтани ҳунар хуб аст, аммо тавре қонун муайян кардааст, он набояд ба нархи саломатӣ ва ояндаи онҳо тамом шавад. Огоҳии волидон аз ин 5 нуктаи асосии қонун ва талаби риояи он аз корфармоён, қадами аввалин ва муҳимтарин дар роҳи ҳифзи воқеии кӯдакон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.