То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Ширин Раҳмонова, asia+

Моҳи июн дар Тоҷикистон маъмулан гарм меояд: ҳарорат дар саросари кишвар, ба ҷуз минтақаҳои кӯҳистон қариб то +40 боло меравад. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лекин дар баъзе рӯзҳои моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1-2 дараҷа болоатр аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар водиҳо 25-32 ва ноҳияҳои доманакӯҳ – 21-25 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 15-20 то 22-27 дараҷа гарм, рӯзона 32-37 то 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар ҷануби минтақа баъзан то 43-45 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 10-15 то 17-22 дараҷа гарм ва рӯзона – аз 23-28 то 31-36 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришоти моҳона камтар ва баъзан баландтар аз меъёр пешбинӣ шуда, дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ боронҳои кӯтоҳмиуддат ва раъду барқ дар назар аст. Баъзан пурзӯршавии суръати шамол аз самти ғарб то 17-22 м/сония бо тӯфони чангу ғубор ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.

Вилояти Суғд

Баъзан ҳарорати 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар водиҳо 25-29 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳо шабона ҳарорати 15-20 то 21-26 дараҷа гарм, рӯзона 27-32 то 35-40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 5-10 то 12-17 дараҷа гарм, рӯзона аз 17-22 дараҷа гарм то 26-31 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Миқдори боришоти моҳона камтар ва баъзан баландтар аз меъёр пешбинӣ шуда, дар рӯҳои ҷудогонаи моҳ боронҳои кӯтоҳмиуддат ва раъду барқ дар назар аст. Баъзан пурзӯршавии суръати шамол аз самти ғарб то 17-22 м/со ния аз эҳтимол дур нест.

Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, 16-23 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод (меъёр дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ – 16-21 дараҷа гармро ташкил медиҳад).

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар буда, шабона аз 7-12 то 14-19 дараҷа гарм, рӯзона аз 19-24 то 26-31 дараҷа гарм, дар рӯзҳои ҷудогона дар ноҳияи Дарвоз ҳарорат то ба 34-36 дараҷа гарм мерасад.

Миқдори боришоти моҳона камтар ва баъзан баландтар аз меъёр дар назар аст (меъёр дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ 35-55 мм, дар ғарби ВМКБ – 8-20 мм).

Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳамчунин дар ноҳияҳои ҷудогона пурзӯршавии суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/сония аз эҳтимол дур нест.

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм то 3-8 дараҷа гарм, рӯзона аз 10-15 то 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ ҳарорат тағйир ёфта, шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва то 3-8 дараҷа гарм, рӯзона аз 10-15 то 17-22 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Миқдори боришоти моҳона дар ҳудуди меёър ва баъзан баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷудогона пурзӯршавии суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/сония аз эҳтимол дур нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.