Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Аз 25 то 28-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии Даҳсолаи “Об барои рушди устувори солҳои 2018-2026” баргузор шуд. Ҳамоиш бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СММ гузаронида шуд. Рӯзи 27-уми май дар нишасти матбуотӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз кори ҳамоиш натиҷагирӣ кард.

1. Душанбе бори дигар маркази муколамаи ҷаҳонии об шуд

Давоми чаҳор рӯз  дар Душанбе масоили обу иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рӯзномаи ҳамоиш масоили дасрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт (санитария), идоракунии захираҳои обӣ, ҳамкории фаромарзӣ, маблағгузорӣ, фанновариҳо, инноватсия, инчунин алоқаи об бо иқлим ва рушди устувор ҷой доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ зикр кард, ки ҳамоиш дар доираи Раванди оби Душанбе доир мегардад.

“Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад”, – гуфт президенти Тоҷикистон.
Президенти Тоҷикистон. Акс азхадамоти матбуоти президенти ҶТ

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, дар кори конфронс ҳудуди 2500 кас ширкат варзиданд. Миёни онҳо 1100 тан аз 110 кишвар, намояндагони 75 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин 170 созмони ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои академӣ ҳузур доштанд.

2. Ҷаҳон аз ҳадафи дастрасӣ ба об ва беҳдошт қафо мемонад

Яке аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” буд. Иштирокчиён дар бораи бахши шушуми Ҳадафҳои рушди устувор ҷудогона музокира карданд. Ин ҳадафи СММ аст, ки ба дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт дахл дорад.

Дар ҳамоиш рушд ва масъалаҳои ноил гардидан ба ин ҳадаф баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар бораи идоракунии захираҳои обӣ, дастрасӣ ба об ва беҳдошт, ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин шарикӣ байни давлатҳо ва созмонҳо сухан рафт.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки даҳсолаи амали об ба идоракунии устувори захираҳои обӣ, рушди шарикӣ, табодули донишу таҷриба ва таъмини дастрасӣ ба об ва беҳдошт равона шудааст.

Иштирокчиёни конфронс. Сироҷиддин Муҳриддин аз рос дуюм Акс аз торнамои dushanbewaterprocess.org
“Аз ин рӯ, марҳилаи хотимавии Даҳсола бояд марҳилаи амалҳои босуръат, амалисози пурсамар ва ҳамкории таҳкимёфта шаванд”, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ли Сзюнхуа, муовини Дабири кулли СММ дар бораи масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфт, ки ҷаҳон аз ноил гардидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қафо мемонад. Ба иттилои ӯ, 2,2 млрд нафар то ҳол ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надошта, 3,5 млрд бо шароити бехатари беҳдошт таъмин нестанд.

Акс аз asia+

3. Натиҷаҳои ҳамоишро бо рӯзномаи ҷаҳонии об алоқаманд месозанд

Ҳамоиши Душанбе идомаи Ҳамоиш СММ дар бораи захираҳои об дар соли 2023 шуд. Он ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба чорабинии СММ дар бораи захраҳои обӣ дар соли 2028 ва гузориши Даҳсолаи об дар соли 2028 алоқаманд аст.

Дар иҷлосия ва муколамаҳои соҳавӣ иштирокчиён иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, маблағгузорӣ, фанновариҳо, инноватсия, инчунин алоқаи рузномаи об бо иқлим, рушди уситувор, низомҳои экологӣ ва равандаҳои СММ-ро баррасӣ карданд.

Дар Душанбе ҳамчунин рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 баррасӣ шуд. Иштирокчиёни муколамаҳои ҷудогона дар бораи ояндаи ҳамкорӣ дар соҳаи об пас аз анҷоми Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 изҳори назар карданд.

Иштирокчиёни конфронс. Акс аз asia+

4. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш се санади калидӣ қабул ва омода мешавад

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш Қатъномаи оби Душанбе -2026 қабул шуд.

Ҳамчунин боз ду санад – хулосаи ҳамраисон ва саҳми Раванди оби Душанбе ба Конфронси СММ дар бораи захираҳои обӣ дар соли 2026 таҳия ва пешниҳод шуд.

Қатъномаи оби Душанбе санади асосии натиҷавии ҳамоиш шуд. Он аз тавсия ва  самтҳои амалӣ оид ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди шарикӣ ва суръат бахшидан ба иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи захираҳои обӣ иборат аст.

Қоҳир Расулзода. Акс аз dushanbewaterprocess.org

Дар хулосаҳои ҳамраисон бояд натиҷаҳои асосии баррасиҳо, ки дар ҷаласа, муколама, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳо гуфта шуданд, дарҷ ёбанд.

Санади сеюм – саҳми Раванди оби Душанбе ба Ҳамоиши СММ дар бораи захираҳои обӣ дар соли 2026 мебошад. Он бояд натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе бо омодагӣ ба ҳамоишии минбаъдаи ҷаҳонӣ дар робита ба обро таҳти сарпарастии СММ алоқаманд кунад.

Қоҳир Расулзода гуфт, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба амалисозии минбаъдаи Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, омодасозии Ҳамоиши СММ дар бораи захираҳои обӣ дар соли 2026 ва ҳамоиши ҷамъбастии соли 2028 саҳм мегузоранд.

5. Барои об ва беҳдошт зиёд аз 130 млрд доллар дар як сол намерасад

Дар кори ҳамоиш дар робита ба маблағгузорӣ, фанновариҳо ва инноватсияҳо дар соҳаи об алоҳида музокира карданд.

Иштирокчиён сармоягузорӣ ба соҳаи об, ҳамкории байналмилалӣ ва ташсббусҳои амалиро пеш аз Ҳамоиши СММ дар бораи захираҳои обӣ дар соли 2026 баррасӣ карданд.

Иштирокчиёни конфронс. Акс аз asia+

Ли Сзюнхуа хабар дод, ки барои беҳтар намудани дастрасии одамон ба оби тоза ва беҳдошт ҳамасола зиёда аз 130 млрд доллар маблағ намерасад.

“Маблағгузории бештар, бахусус барои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта зарур аст”, – зикр кард ӯ.

Дар доираи кори ҳамоиш, ҳамчунин намоишгоҳи махсус баргузор шуд. Дар он фанновариҳои муосир, коркардҳои илмӣ, роҳу воситаҳои ҳалли инноватсионӣ ва таҷрибаҳо дар идоракунии захираҳои обӣ намоиш дода шуданд.

Қоҳир Расулзода зикр кард, ки захираҳои обӣ мустақиман ба рушди устувор, болоравии иқтисод, амнияти озуқаворӣ ва энерҷӣ, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии аҳолӣ алоқаманд мебошанд.

6. Ба баррасии об бисёртар занон, ҷавонон, илм ва тиҷорат пайваст шуданд

Дар ҳамоиш дар робита ба зарурати ҷалби васеи гурӯҳҳои гуногун ба рӯзномаи об изҳори назар шуд. Ба иштироки занону ҷавонон, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Ин аст, ки дар ҳошияи ҳамоиш, Форуми ҷавонон, Форуми занон ва захираҳои обӣ, Форуми бахши хусусӣ бо таваҷҷуҳ ба Африқо ва дигар чорабиниҳо баргузор шуданд.

Иштирокчиёни конфронс. Акс аз asia+

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби форуми “Занон ва об – 2026” Қатъномаи “Занон ва об”-и Душанбе қабул шуд. Дар назар аст, ки ин санад ба рӯзномаи Ҳамоиши СММ дар бораи захираҳои обӣ дар соли 2026 саҳм мегузорад.

Ғайр аз ин, ба кори шабакаи шарикии “Занон ва об” оғоз бахшида шуда, таҳияи нақшаи амали минтақавӣ эълон шуд.

Зани сокини деҳаи Эркин-Тоо аз қирғизистон аз убуре, ҳамагӣ чанде пеш дар хонааш насб шудааст, об мегирад. Акс аз vsemirnyjbank.org

7. Тоҷикистон нақшаҳо дар соҳаи обро то соли 2026 пешниҳод кард

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳое, ки Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ рӯйи даст мегирад, изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳалавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардидааст, ки аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар мекунад.

Яке аз лаҳзаҳои кори конфронс. Акс аз asia+

Президент иттилоъ дод, ки барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар кишвари мо “Стратегияи миллии об то соли 2040” ва “Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029” қабул гардидаанд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад.

Ҳамчунин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси фанновариҳои сарфакунандаи обро зиёда аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.

Дар рӯзномаи минтақавӣ, Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти ҳамкории фаромарзиро дар Осиёи Марказӣ таъкид кард. Ӯ пешниҳод кард, ки сохтори Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал такмил ва дар доираи он Комисияи байнидавлатии энерҷӣ таъсис дода шавад.

Суханрониии президенти Тоҷикистон. Акс аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Президент ҷудогона пешниҳод кард, ки “Чаҳорчӯби Душанбе барои об” таъсис дода шавад.

“Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фарҷоми суханронӣ ӯ дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об хабар дод.

Иштирокчиёни конфронс. Акс аз asia+

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.