Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Сайфиддин Қараев, asia+

Гӯшти гов дар Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки 1 килограммаш ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад. Ин нарх дар муқоиса бо Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон, инчунин сатҳи Ӯзбекистон гаронтар аст.

Моҳи март болоравии нархи гӯшт дар ҷаҳон идома ёфт. Бино ба маълумоти Созмони кишоварзӣ ва озуқаворӣ (ФАО), нарх нисбат ба моҳи феврал ба андозаи 1% ва дар муқоиса бо соли гузашта – ба миқдори 8% афзудааст.

Болоравии нарх дар навбати аввал ба гароншавии гӯшти хук, бахусус дар Аврупо, инчунин камшавии истеҳсоли гӯшт дар Бразилия вобаста аст. Дар ҳамин ҳол, гӯшти гӯсфанд ва паранда каме арзон шудаанд.

Коршиносон огоҳ мекунанд, ки бар асари камшавии истеҳсол дар ИМА ва Бразилия дар баробари талаботи баланд дар Аврупо, гӯшти гов метавонад боз бисёртар гарон шавад.

Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, нархи миёнаи гӯшти гов дар минтақаи Осиёи Марказӣ нисбатан пасттар мебошад.

Дар Тоҷикистон нархи миёнаи 1 кг он ҳудуди 10-11 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба чанде аз кишварҳои ҳамсоя баландтар аст.

Нархи баландтарини 1 кг гӯшти гов дар Швейтсария 45,72 доллар ба қайд гирифта шуда, дар идома Норвегия ($32,67), Люксембург ($27,09), Кореяи Ҷанубӣ ва ($25,23) ва Сингапур ($25,02) қарор доранд.  

Нархҳои пасттарин дар Нигерия ($4,56), Покистон ($4,70), Кения ($5,17), Ҳиндустон ($5,33) ва Непал ($5,40) ба қайд гирифта шудаанд.

Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) нархи гӯшти гов ба таври назаррас фарқ мекунад. Нархҳои балндтарин дар Эстония ($20,48), Латвия ($13,71) ва Литва ($12,43) сабт шудааст.

Арманистон ($11,59), Русия ($10,80), Озарбойҷон ($10,64) ва Гурҷистон ($9,91) дар гурӯҳи давлатҳои миёна қарор гирифтаанд.

Дар Беларус ($9,25), Молдова ($8,59) ва Украина ($7,22) нархо аз ҳама пасттар мебошанд.

Дар Тоҷикистон истеҳсол зиёд мешавад

Дар ин пасманзар истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Давоми моҳҳои январ-марти соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва чорвои майда (бо вазни зинда) 54,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 11,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Афзоиш дар ҳама минтақаҳо ба қайд гирифта шудааст:

Инфографикаи asia+

Гӯшт дар Тоҷикистон бар асари ноасоӣ гарон боқӣ мемонад: кишвар ҳамагӣ ҳудуди 58%-и талаботро қонеъ карда, воридот ҳамагӣ 4-5%-и ҳиссаи бозорро ташкил медиҳад. Ҳарчанд гӯшти воридотӣ аз хориҷа (бахусус аз Беларус ва Қазоқистон) арзонтару барои нигаҳдории нарх кумак кунад ҳам, лекин бинобар сабаби фарқият дар маззааш он асосан дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ истифода мешавад ва наметавонад гӯшти маҳаллиро иваз кунад.

Гаронии гӯшти ватанӣ ба рушди начандон кофии соҳаи чорводорӣ, норасоии хӯрока барои чорво ва мунтазам дастгирӣ нашудани чорводорон марбут дониста мешавад. Воридот танҳо муваққатан вазъиятро сабук сохта, лекин наметавонад мушкили нархҳои баландро куллан ҳаллу фасл кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.