Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

Сайфиддин Қараев, asia+

Нархи алюминий ба сатҳи рекордӣ – то ба 3644 доллар барои 1 тонна расид. Тибқи пешгӯиҳо, соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли алюминий ба андозаи 20% ва содирот 15% афзуда, барои иқтисоди Тоҷикистон имкониятҳои нав боз мекунад.

Бино ба маълумоти пойгоҳи онлайнии “TradingEconomics.com”, соли равон нархи алюминий дар Биржаи фулузоти Лондон (LME) то 3,6 ҳазор тонна барои 1 тонна боло рафтааст.

Бодя гуфт, ки тайи як соли охир, нархи алюминий ба таври назаррас тағйир ёфт. То моҳи апрели соли 2025 арзиши он атрофи 2400-2500 доллар барои 1 тонна қарор дошта, бо баъзе тағйирот устувор боқӣ монд. Аз моҳи апрел то декабри соли 2025 нарх ба болоравӣ оғоз карда, ба 2600-2700 доллар барои 1 тонна расид, ки метавонад ба афзоиши талабот ё тағйироти мавсимӣ вобаста бошад. Аммо аз оғози соли 2026 болоравии босуръат ба мушоҳида расида, дар нимаи моҳи апрел нарх то 3500-3600 доллар барои 1 тонна расид.  

Сабабҳои гароншавии алюминий

Коршиносони “TradingEconomics.com” сабабҳои болоравии нархи алюминийро бо чанд омил рабт медиҳанд. Аз ҷумла, фючерсҳо нархи алюминийро дар Британияи Кабир зиёда аз 3600 доллар бардоштанд. Ин ба баста будани тангии Ҳурмуз рабт дорад. Халиҷи Форс воситаи ҳамлу нақли муҳим тариқи об ба шумор рафта, тақрибан 9%-и алюминии аввалияи ҷаҳон тариқи он мегузарад.

Ғайр аз ин, низоъ ба иқтидорҳои истеҳсолӣ таъсир расонид, зеро корхонаҳои бузурги коркард дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бар асари ҳамлаҳои Эрон осеб диданд. Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки маҳдудиятҳои интиқол метавонанд якчанд моҳ боқӣ монанд, ҳатто агар ҷанг хотима ёбаду тангии Ҳурмуз кушода шавад. Барқарор кардани иқтидорҳои гудохтан ва коркард метавонад вақти зиёдро гирад. Ширкати “Emirates Global Aluminium” изҳор доштааст, ки пурра барқарор кардани истеҳсолот ҳадди ақалл метавонад як сол вақтро гирад.

Истеҳсоли алюминий дар ТАЛКО. Акс аз хадамоти матбуоти ТАЛКО

Иқтисодшиносон мегӯянд, барои Тоҷикистон, ки соҳаи истеҳсоли алюминий як таркиби муҳими иқтисод маҳсуб меёбад, чунин тағйирот дар бозор имконияти бештар боз мекунад. Тибқи пешгӯии онҳо дар соли 2026. ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар кишвар 20% афзуда, ба 131 ҳазор тонна мерасад. Ин ба васеъ кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаи бузурги истеҳсоли алюминйи дар Тоҷикистон – “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) вобастагӣ дорад. Таъсири вазъияти мусоид дар бозори ҷаҳонии алюминий низ бояд натиҷаҳои хуб ба бор орад.

Ғайр аз ин, содироти алюминий аз Тоҷикистон дар соли 2026 тибқи пешгӯиҳо, 105 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, ки 15% зиёдтар нисбат ба соли 2025 мебошад. Дар ифодаи пулӣ ҳаҷми содирот 10,4% афзуда, ба 243 млн доллар баробар мешавад. Чунин ҷараён бо маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки дар он алюминий яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонад, тасдиқ мешавад.

Дар соли 2026 Тоҷикистон ба маблағи 24,6 млн доллар 5,8 ҳазор тонна алюминий ва маснуот аз онро ба хориҷи кишвар содир кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.