Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Ширин Раҳмонова, аsia+

То 20-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 иштирокчи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) (1941–1945) боқӣ мондаанд. Дар Душанбе танҳо як кас – Бозор Нағзибеков мондааст.

Тибқи иттилои Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Тоҷикистон, ҳоло дар вилояти Суғд ду тан – Нозим Носиров и Бибола Рӯзиматов боқӣ мондаанд.

Дар вилояти Хатлон, 6 кас мондаанд: Сафаралӣ Файзалиев, Машраб Давлатов, Гулмурод Тағоев, Мирзо Ғафуров, Ҳабиб Сафаров (дар минтақаи Бохтар зиндагӣ мекунанд) ва Яҳё Мирзоев (дар Кӯлоб зиндагӣ мекунад).

Ҳамчунин, як тани дигар – Раҷаб Усмонов дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад.

Ин дар ҳоле, ки то моҳи майи соли гузашта теъдоди собиқадорони ҶБВ, 17 нафар буд. Яъне дар як сол 7 тани онҳо фавтидаанд.

Ҳамасола, аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон ва аз номи шаҳрдори Душанбе ба собиқадорони ҶБВ маблағ ҷудо мешавад. Соли гузашта ба муносибати 80-солагии ғалаба дар ҶБВ ба ҳар кадоме аз онҳо 50 ҳазор сомонӣ (4810 доллар) ва аз номи Рустами Эмомалӣ 25 ҳазор сомонӣ (2405 доллар) супорида шуд.

Ҳоло маълум нест, ки имсол ба собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ тақдим мешавад.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд ширкаткунандаи ҶБВ боқӣ мондааст?

То 1-уми феврали соли 2026 дар Қазоқистон 69 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар хабар медиҳад.

Дар соли равон ба онҳо 69 200 танга (148, 52 доллар) кумакпулии махсуси давлатӣ пардохт мешавад. Имсол ба собиқадорони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар дар ин кишвар, 17,7 млрд танга (36,06-36,2 млн доллар) маблағ ҷудо мешавад.

Дар Қирғизистон то 20-уми апрел, 8 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст. Дар ин бора нашрияи “Akipress” бо истинод ба Вазорати меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва муҳоҷират хабар медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи президенти Қирғизистон, соли раовн ба ҳар кадоме аз собиқадори ҶБВ 200 000 сом (2287,02 доллар) маблағ тақдим мешавад.

Дар бораи теъдоди собиқадорони боқимонда Ӯзбекистон ҳоло маълумоти тоза дастрас нест. Соли гузашта дар Ӯзбекистон 82 ширкаткунандаи ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар зиндагӣ мекарданд.

Хабаргузориҳои ӯзбекӣ хабар медиҳанд, ки Шавкат Мирзиёев, расиҷумҳури ин кишвар дар яке аз ҷаласаҳо гуфтааст, ки имсол ба ҳар кадоме аз собиқадорон ва маъюбони ҷанг ба маблағи 30 млн сӯм (ҳудуди 2,5 ҳазор доллар) мукофотпулии пардохт мешавад.

Дар бораи теъдоди собиқадорони ҶБВ дар Туркманистон ва маблағи мукофотпулӣ ба онҳо маълумоти расмӣ дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.