Дар чорабинҳои Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқваворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо рӯзи 12 май зикр шуд, ки тағйирёбии иқлим, аз даст додани гуногунии биологӣ ва таназзули замин фишор болои низомҳои кишоварзии озуқавории Аврупо ва Осиёи тақвият мебахшанд.
Соли 2023 ҳудуди 24,5 млн нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо ҷиддӣ таъмин набудани амнияти озуқаворӣ рӯбарӯ шуданд. Соли 2022 64,3 млн нафар дар минтақа наметавонистанд ғизои солимро барои худ таъмин кунанд.
Бино ба маълумоти ФАО, ҳудуди 28%-и навъҳои қадима ё худ азалии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Дар Осиёи Марказӣ 15%-и аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд.
Конфронс рӯзи 11 май дар Душанбе оғоз гардида, то 15 май идома меёбад. Иштирокчиёни он изҳор мекунанд, ки минтақа на танҳо бо мушкилоти алоҳидаи экологӣ, балки буҳрони ба ҳамдигар алоқаманд дучор мешавад. Тағйирёбии иқлим ба хушксолиҳо, давраҳои гармои ғайримуқаррарӣ ва обхезиҳо тақвият мебахшад. Таназзули замин маҳсулнокӣ дар кишоварзиро коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Киҳо бештар осебпазиранд?
Дар чорабинӣ ба ҷамоатҳои деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Миёни гурӯҳҳои бештар осебпазир хоҷагиҳои деҳқонии хурд, чорводорон, занон ва ҷавонон номбар шуданд.
Маҳз ҳамин гурӯҳ бештар ба ҳолати заминҳо, дастрасӣ ба об, устувории бахши кишоварзӣ, инчунин имкони дастёбӣ ба технологияҳо, маблағгузорӣ ва дастгирӣ вобастаанд. Дастрасии маҳдуд ба захираҳои истеҳсолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қобилияти онҳоро ба мутобиқшавӣ нисбат ба ҳолатҳои фавқулодаи иқлимӣ ва иқтисодӣ кам мекунад.
Вазъи бахши кишоварзӣ чӣ гуна аст?
Низомҳои кишоварзии озуқавории минтақа ба ҳолати хоку об, иқлим ва гуногунии биологӣ вобастаанд. Вақте ки ин захираҳо хеле заъиф мешаванд, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, даромади аҳолии деҳот ва устувории тамоми низом зарар мебинанд.

Чӣ гуна тадбирҳо пешниҳод мешаванд
Иштирокчиён муҳимияти равишҳои маҷмӯавиро таъкид карданд. Ин маънои онро дорад, ки тадбирҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, нигаҳдории гуногунии биологӣ ва барқарор намудани заминҳо набояд ҷудогона аз ҳамдигар ба иҷро расанд.
Дар байни самтҳои афзалиятнок мувофиқасозии сиёсатҳо, рушди низоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, низоми огоҳии барвақтӣ, методҳои хоҷагидории сарфаи об, нигаҳдории гуногунии биологӣ, барқарор сохтани заимнҳо, рушди имконот ва ҳамкории мутақобила бо ҷонибҳои манфиатдор номбар шуданд.
Ба кишварҳо таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар саттҳои баланд ва байниидоравӣ тавсия дода шудааст. Ин бояд ба ҳамоҳангсозии амал дар соҳаҳои иқлим, гуногунии биологӣ, истифодаи об ва замин кумак кунад.
Маблағгузорӣ алоҳида баррасӣ шуд
Дар доираи кори конфронс ҳамзамон иҷлосия оид ба маблағгузорӣ ба низомҳои кишоварзии озуқаворӣ баргузор шуд.
ФАО се ҳадафи асосиро ҷудо мекунад: беҳбуди дастрасии иштирокчиёни низомҳои кишоварзии озуқаворӣ ба маблағгузорӣ, афзоиши маблағгузории устувор ва сабз, инчунин тавсеъаи фарогирии молиявӣ.
Норасоии маблағгузорӣ бахусус ба хоҷагиҳои деҳқонии хурд, корхонаҳои хурду миёнаи кишоварзӣ, занон ва ҷавонон дахл мекунад. Барои онҳо бисёр вақт бар асари мавҷуд набудани гарав, таърихи қарз, саводнокии молиявӣ ва хадамоти қулайи бонкӣ, дастрасӣ ба қарз ва дигар хадамоти молиявӣ маҳдуд аст.

Аз соли 2015 ба низомҳои кишоварзии озуқавории Аврупо ва Осиёи Марказӣ 21,4 млрд доллар маблағгузорӣ барои рушд равона шуд, аммо, тавре ки дар санад зикр мешавад, ин маблағҳо барои дигаргунсозии бузургмиқёси соҳа кофӣ нестанд.
Дар ҳамин ҳол, хароҷоти пинҳонӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки ба моделҳои амалкунандаи истеҳсол ва истеъмол дар минтақа марбутанд, тақрибан 2,7 триллион доллар дар як сол арзёбӣ мешаванд.
ФАО ба кишварҳо пешниҳод мекунад, ки ба пойгоҳҳои маълумот ҷиҳати маблағгузорӣ таҳким бахшанд, сиёсатҳоро ҳамоҳанг созанд, аз маблағҳои давлатӣ барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ самараноктар истифода баранд, инчунин маблағгузории сабз, хидматрасониҳои рақамии молиявӣ ва абзорҳои идоракунии хавфҳоро рушд диҳанд.





