Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Душанбе изҳор дошт, ки иқтисод ва бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд аст, лекин тағйирёбии иқлим, норасоии об ва таназзули низомҳои экологӣ, барои минтақа таҳдиду хавфҳои нав эҷод мекунанд.

Рӯзи 11 май дар Душанбе Конфронси 35-уми минатқавии ФАО барои Аврупо ба кор оғоз кард. Дар кори конфронс намояндагони кишварҳои минтақа, созмонҳои байнулмилалӣ, коршиносон ва шарикон дар соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор иштирок доранд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ сарвазир Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зикр кард, ки тайи 10 соли ахир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ даст ёфт.

“Агар ба рақамҳои даҳсолаи ахир назар андозем, метавон миқёси устувории макроиқтисодӣ ва дурустии самти страгии интихобкардаи моро аёну возеҳ дид, – гуфт Қоҳир Расулзода. – Дар ин давра Маҷмӯи маҳҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 3,4 баробар ва даромади пулии аҳолӣ – 6 баробар афзуд. Ин дастовардҳо барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 19% ва афзоиши давомнокии миёнаи умр то 77 сол кумак карданд. Бахши кишоварзӣ муҳаррики боэътимоди ин рушд гардида, тайи панҷ соли ахир қариб ду баробар афзоиши ҳаҷмҳои истеҳсолро нишон дод”.

Ӯ таъкид дошт, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисоди кишвар боқӣ мемонад. Он бо шуғл фаро гирифтани қисмати назарраси аҳолиро таъмин карда, ба рушди ММД саҳми муҳим мегузорад.

Дар робита ба хавфу чолишҳо ӯ зикр кард, ки обу энергетика ва маҳсулоту низомҳои экологӣ байни худ робитаи зич доранд, аммо тағйирёбии иқлим, кӯҳна ва фарсудашавии зерсохтор, инчунин рақобат барои захираҳо фишор болои соҳаи кишоварзиро тақвият медиҳанд.

Ба гуфтаи Расулзода, ин мушкилот бахусус дар Осиёи Марказӣ, ки дар ин ҷо бахши кишоварзӣ бисёр вақт ба обёрӣ вобаста аст, шадид ба назар мерасад. Ӯ ба хавфҳои марбут ба обшавии пиряхҳо, захираҳои обии фаромарзӣ ва рушди нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика) ишора кард.

Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои Аврупо дар "Кохи Сомон" ҷараён дошта, то 15 май давом мекунад. Акс аз asia+

Сарвазири кишвар ҳамчунин хабар дод, ки дар Тоҷикистон қариб 85%-и истифодаи об ба бахши кишоварзӣ рост меояд.

“Мо назди худ вазифаи муҳим гузоштем, ки то соли 2030 дар 50% заминҳои обёришаванда технологияҳои сарфаи обро ҷорӣ кунем. Дар Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми озуқаворӣ фаъолона корҳо роҳандозӣ мешаванд. Рушди хоҷагиҳои миёна ва хурд, ки дар таъмини амнияти маҳаллии озуқаворӣ нақши муҳим доранд, дастгирӣ меёбанд. Ба рушди чорводорӣ ва парандапарварӣ, инчунин саноати коркард таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад”, – иброз дошт Қоҳир Расулзода.

Мудири кулли ФАО Сюй Дунъюй кишварҳои минтақаро ба ҳамкории бештар зич ва густарда даъват кард.

“Мушкилоте ба мисли тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ сарҳад надоранд ва моро лозим меояд, ки онҳоро муштарак ҳаллу фасл созем”, – гуфт Сюй Дунъюй. Ӯ таъкид дошт, ки обуҳавои ғайримуқаррарӣ – аз хушксолӣ то обхезиҳо – тарзу равишҳои нави муносибат бо бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро тақозо мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.