Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Сайфиддин Қараев, asia+

Мувофиқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ – “What a Waste 3.0”, ки соли 2026 нашр шудааст, дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз “истеҳсол” мешавад. Ин маълумот қисмате аз таҳлили ҷаҳонии идоракунии партовҳо дар 217 кишвар буда, ба ҳалли ин мушкилӣ аз сӯи кишварҳо равона карда шудааст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки сатҳи ҷамъшавии партовҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи миёна барои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Барои муқоис, дар Қазоқистон ин нишондиҳанда 0,52 кг, Ӯзбекистон 0,54 кг ва Туркманистон – 0,33 кг ба як нафар дар як рӯзро ташкил медиҳад.

Вазъи марбут ба партовҳо дар Осиёи Марказӣ

Осиёи Марказӣ минтақаест, ки сарфи назар аз талошҳои рушди зерсохтори коркард ва аз байн бурдани кишварҳо ба мушкилоти умумӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо дучор мешаванд.

Дар соли 2022 дар кишварҳои минтақа ба ҳисоби миёна ҳудуди 1,22 кг партовҳ сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешуд. Ин нисбат ба Аврупо, ки дар он нишондиҳанда аз 1 то 3,5 килограммро ташкил медиҳад, поинтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тарзи асосии муносибат бо партовҳо дар минтақа мисли пешина дар майдонҳои холӣ ё худ партовгоҳҳо нобуд сохтан (гӯр кардан) боқӣ мемонад.

Коршиносон зикр мекунанд, ки норасоии зерсохтор ва сармоягузорӣ монеъаҳои калидӣ барои рушди ин соҳа мебошанд.

Мушкилоту хавфҳо барои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сатҳи ҷамъоварии партов дар шаҳрҳо нисбатан баланд буда, вале дар деҳот душвориҳои дар як ҷой партофтану ҷамъоварӣ кардан ва аз байн бурдани партов боқӣ мемонад.

Дар натиҷа қисмати назарраси партовҳо дар майдонҳо ҷамъоварӣ шуда, ба экология ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ

Барои беҳтар сохтани вазъият коршиносони Бонки ҷаҳонӣ як қатор тадбирҳои зеринро пешниҳод кардаанд:

– сармоягузорӣ ба зерсохтори коркарди партовҳо, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои нави коркарди пластику шиша ва дигар мавод;

– рушди барномаҳои таълимӣ оид ба масоили навъбандии партовҳо ва саводнокиии экологӣ;

– васеъ кардани низоми ҷамъоварии партовҳо дар минтақаҳои деҳот ва дурдаст.

Дар гузориши “What a Waste 3.0” таъкид мешавад, ки бидуни ислоҳоти маҷмӯавӣ, кишварҳои минтақа метавонанд ба хавфи зиёдшавии мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.