ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2000 – Иҷлосияи аввалини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид, ки дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.
Соли 2007 – Дар Душанбе нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Литва баргузор шуд.
Соли 2012 – Дар Душанбе филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии “МИСиС” ифтитоҳ ёфт.
Соли 2017 – Дар Душанбе бори аввал дар 25 сол нахустин намоиш-фурӯши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон ифтитоҳ шуд.
Соли 2020 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1913 – Мавлуди Абдулаҳад Қаҳҳоров, арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Абдулаҳад Қаҳҳоров баъди хатми Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ва курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравӣ фаъолияти кориашро ҳамчун нозири шуъбаи меҳнати округи Қӯқанд оғоз карда, минбаъд дар вазифаҳои котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шуъбаи ноҳиявии “Тоҷиктранс”, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент ва кумитаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст.
Шурӯъ аз соли 1956 дар вазифаҳои ҷонишини раиси Шӯрои вазирон ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кард.
Солҳои 1961-1973 раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон буд.
Абдулаҳад Қаҳҳоров 12 феврали соли 1984 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1923 – Зодрӯзи Борис Литвинский, таърихшинос, академик, муҳаққиқи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ.

Борис Литвинский Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон буда, соли 1946 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскавро бо ихтисоси таърих, бостоншиносӣ хатм кардааст.
Ӯ солҳои 1951-1971 мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1971-1973 ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ буд.
Соли 1967 – Зодрӯзи Баҳодур Зиёмиддинов, олим, номзади илмҳои физика-математика.
Соли 1975 – Мавлуди Абдуғаффор Ҳикматуллозода, узви феълии Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, раиси пешини ноҳияи Рӯдакӣ ва собиқ муовини Додситони кулл.
Соли 2020 – Сталина Азаматова, устоди санъати балет, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар 80-солагӣ даргузашт.

Вай барои рушди санъати балети тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Ӯ солҳо дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ кард.
Ӯ дар саҳнаи балет нақшҳои Ҷулйетта “Ромео ва Ҷулйетта”, Медора, Жизел дар “Корсар”, “Жизел”, Франческа дар “Франческа да Римини” Клеопатра дар “Шабҳои Миср” ва ғайра. Ҳамчун балетмейстер балетҳои “Писарча ва Карлсон”, “Марги судхӯр”, “Вини Пух ва дигарон”-ро иҷро кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола, 17-уми апрел дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи ҷаҳонии гемофилия таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ ва фаҳмиш дар бораи гемофилия ва зарурати дастрасӣ ба табобат дар тамоми ҷаҳон баргузор мешавад.

Гемофилия як бемории генетикӣ аст, ки асосан дар мардон ба вуҷуд меояд ва ба системаҳои лахташавии хун таъсир мерасонад. Ба таври оддӣ, одамон бо гемофилия, агар ҷароҳат бинанд ё хунрезии дарунӣ ё берунӣ ба амал ояд, гирифтор мешаванд.
17-уми апрели соли 1941 Игор Сикорский аввалин чархбол-амфибияро, ки қобилияти парвоз аз рӯйи об ва нишастан ба хушкӣ дошт, муаррифӣ намуд. Ин чархбол, ки VS-300 (ва баъдтар R-4) ном дошта, як инноватсия дар он замон маҳсуб меёфт, ки метавонист ҳам дар об парвоз кунад ва ҳам ба хушкӣ нишинад.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони суст меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 7+9º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.


