ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Чин идома дорад. Дар ҳошияи ин сафар, миёни ширкатҳои ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки ҷалби беш аз 8 млрд доллар ба Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд. Инчунин як санад миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) бо сармояи беш аз 800 млн доллар ба имзо расид. Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин субҳи 11-уми май оғоз гардид ва он то 14-уми май идома меёбад.
– Имрӯз Тими миллии наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии “CFA International U-16 Men’s Tournament” дар Чин бо ҳамсолони худ аз Чин рақобат мекунад. Мусобиқа ба таври даврӣ ва дар як марҳила баргузор мешавад.
– Имрӯз дар “Боғи Ирам”-и пойтахт даври ниҳоии Ҷашнвора-озмуни ҳунармандону косибон – “Беҳтарин усто ва шогирд” баргузор мешавад. Маросими ҷамъбасти расмии чорабинӣ соати 16:00 шуруъ хоҳад шуд. Иштироки меҳмонону сокинони пойтахт ва ҳаводорони ҳунарҳои миллӣ ва муосир озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1940 – Боғи ботаникии Помир таъсис дода шуд. Ин боғ, ки дар баландии 2,320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, яке аз боғҳои ботаникии баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Соли 2010 – Аввалин маротиба дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Соли 2014 – Тибқи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасттарини истеъмоли машруботро дошт. Гузориш нишон медиҳад, ки танҳо 10.2% аҳолии синни 15-сола ва боло машрубот менӯшанд, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар минтақа мебошад.
Соли 2016 – Бори аввал дар Тоҷикистон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ё Омбудсмени кӯдак таъсис ёфт. Раҷабмоҳ Бадриддинова аввалин ваколатдор оид ҳуқуқи кӯдак дар кишвар буд.
Соли 2019 – “Амонатбонк” ба харидории саҳмияҳои ҷамъияти барҳамхӯрдаи “Сангтуда” аз аҳолӣ ва ташкилотҳо оғоз намуд. Ин раванд бо мақсади ҳифзи манфиатҳои саҳмдорон ва танзими масъалаҳои молиявӣ амалӣ гардид. Мӯҳлати харидории саҳмияҳо то 31 декабри соли 2021 тамдид карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1909 – Мавлуди Латиф Раҷабов, кимиёшиноси тоҷик, доктори илмҳои химия.
Соли 1930 – Зодрӯзи Мирзо Аҳмадзода, адабиётшинос ва шарқшиниси тоҷик.
Соли 1930 – Мавлуди Исмоил Зулфиқоров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Исмоил Зулфиқоров сарояндаи сурудҳои халқии мардуми кӯҳистон буда, дар ноҳияи Ғарм дастаи ҳаваскорони санъатро роҳбарӣ кардааст. “Роғ”, “Ҷонона”, “Ошиқам” (шеърҳои халқӣ), “Бархез”, “Медонӣ магар” аз беҳтарин таронаҳои иҷрокардаи ӯ мебошанд. Чанд суруди Исмоил Зулфиқоров дар Фонди мусиқии радиои Тоҷикистон маҳфузанд.
Соли 1934 – Мавлуди Лутфия Айнӣ, олим, санъатшинос, духтари Садриддин Айнӣ.

Лутфия Айнӣ дар хонаводаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик дида ба олам кушода, факултети санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст. Ӯ ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш буд.
Лутфия муаллифи як қатор асарҳо дар бораи санъати классикии Шарқи Миёна (меъморӣ, суратгарии миниатюрӣ, ҳунармандӣ) ва санъати муосири Тоҷикистон аст.
Лутфия Айнӣ 7 майи соли 2015, дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1955 – Зодрӯзи Отамурод Бекмурод, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1962 – Мавлуди Шодихон Юсуфбеков, забоншинос, доктори илми филология, профессор.
Соли 2020 – Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Баҳриддин Камолиддинов аз сарҳангони илми забоншиносӣ дар кишвар буда, ҳамкасбонаш аз ӯ чун олими пурмаҳсул ва дорои мактаби хос ном мебаранд. Саҳми ӯ, ки ҳамеша барои покизагии забони тоҷикӣ кӯшидааст, дар рушди забоншиносии тоҷик бориз арзёбӣ мешавад.
Баҳриддин Камолиддинов, ки фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, баъди итмом дар ин факулта ба фаъолият пардохта, муддате муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим ва солҳои 1994-2011 мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ будааст.
Ӯ муаллифи як қатор асарҳои боарзиш дар риштаи забону забоншиносӣ аст. Асарҳои илмии “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён”, “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ”, “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”, “Забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ”, “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” аз боарзиштарин таълифоти Баҳриддин Камолиддинов ба ҳисоб мераванд.
Баҳриддин Камолиддинов 13-уми майи соли 2020 дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Андешаи забоншиносони тоҷикро пиромуни корнома ва шахсияти донишманди тоҷик дар матлаби “Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов” мутолиа кунед.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир аст. Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир (World Migratory Bird Day) як маъракаи муҳими экологист, ки ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеа оид ба аҳамияти муҳоҷирати парандаҳо, муҳити зисти онҳо ва хатарҳое мебошад, ки зимни муҳоҷират дучор мешаванд.

Ин сана соли 2006 ба таърих ворид шудааст ва то соли 2017 танҳо як маротиба дар сол, дар моҳи май таҷлил мешуд. Аммо аз соли 2018 инҷониб ду бор дар сол – шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр таҷлил мегардад, то имкони бештар барои огоҳӣ ва таблиғи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати парандаҳо фароҳам шавад.
Тибқи иттилои Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP), дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳар ҳаштумин навъи паранда зери хатари нобудшавӣ қарор дорад.
13 майи соли 1950 дар шаҳри Силверстоуни Англия нахустин пойгаи мусобиқаи “Формула-1” баргузор гардид. Ин чемпионати аввал дар треки Силверстоун баргузор шуд, ки бар болои роҳравҳои фурудгоҳи ҳарбии пешина сохта шуда буд.

Мошинсавори итолиёвӣ Ҷузеппе Нино Фарина, ки бо мошини “Алфа-Ромео” иштирок мекард дар ин мусобиқа ғолиб омад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 27+32º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар шарқи вилоят борон меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 9+14º гарм, дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.





