Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Қазоқистон ният дорад, ки содироти зироати ғалладона ва маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистонро густариш диҳад. Ин нукта дар вохурии Нурмаҳмад Аҳмадзода, директори Оҷонсии захираҳои давлатии моддии Тоҷикистон бо Элдар Исмагулов, муовини раиси раёсати ширкати “Продкорпоратсия”-и Қазоқистон зикр шудааст.

Тавре сомонаи “inbusiness.kz” хабар медиҳад, ин масъала дар Остона баррасӣ шуда, Нурмаҳмад Аҳмадзода иттилоъ додааст, ки ният доранд, аз ин кишвар ба Тоҷикистон то 1,3 млн тонна зироати ғалла ворид кунанд. Ӯ гуфтааст, Душанбе на танҳо ба харидории ғалла, балки орду равғани офтобпараст низ ҳавасманд аст.

Дар вохӯрӣ, зикр шудааст, ки Қазоқистон ба таври анъанавӣ содиркунандаи калидии гандум ва орд ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.

“Ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 40%-и талаботро қонеъ сохта, аз ин рӯ, воридот нақши муҳим дорад. Дар соли 2025 воридоти гандум аз Қазоқистон ба сатҳи рекордӣ дар тайи панҷ сои ахир – 1,2 млн тонна расид”, – зикр шудааст дар вохӯрӣ.

Элдар Исмагулов гуфтааст, “шарикии мо бо гузаштаи вақт санҷида шуда, ба эътимоди мутақобила ва дарки вазифаҳои умумӣ асос ёфтааст. Аз ҷониби худ, мо ба пешниҳоди механизмҳои боэътимоди содирот, кафолати ҳаҷмҳои устувори ғалладона ва маводи ғизоии зарурӣ ба Тоҷикистон омодаем”.

Ҷониби Тоҷикистон намояндагони ин ширкатро ҷиҳати ошноӣ бо зерсохтори захираи ғалладона ва баррасии имкони иштирок дар лоиҳаҳои сохтмони иншооту иқтидорҳои коркард, ба Душанбе даъват кардааст.

Ширкати қазоқистонӣ таъкид доштааст, ки метавонад “интиқоли устувор”-и ғалладонаро таъмин ва механизмҳои боэътимоди ҳамкории мутақобиларо пешниҳод созад.

Зери мафҳуми “интиқоли устувор” шартҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба тағйири ҳаҷм ва муҳлатҳои интиқол вобаста ба талаботи харидор марбутанд. Содиркунанда метавонад тезтар ба талаби харидор вокуниш нишон дода, зимни зарурат ҳаҷми интиқолро кам ё зиёд кунад ва вобаста ба вазъият дар бозор онро мутобиқ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.