“Худкушӣ кардааст”. Дарёфти ҷасади як духтари 13-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сабаби ба ин кор даст задани наврас маълум нест.

Бегоҳии рӯзи 17-уми апрел дар ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади як духтари 13-соларо дар дохили хонаашон дарёфт кардаанд. Мақомот мегӯянд, ӯ худкушӣ кардааст, вале сабаби ба ин кор даст задани наврас маълум нест.

Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ин духтарро тасдиқ, вале барои халал ворид накардан ба рафти тафтишот аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ карданд.

Мирсаид Ашӯров, раиси ҷамоати Дадобой Холматов имрӯз, 20-уми апрел зимни суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин духтар, ки хонандаи синфи 6-уми мактаби №30 -и ин ҷамоат буд, баъди аз дарс баргаштан “дар хонаашон худкушӣ кардааст”.

Ба гуфтаи ӯ, оилаи духтар солиму намунавӣ буда, то ба ҳол сабаби ба чунин кор даст заданаш маълум нест.

Мақсуда Абдуллозода, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” аз ин хонанда, С.А (номи насаби пурраш дар ихтиёри мо ҳаст, аммо бо сабаби ахлоқӣ аз овардани он худдорӣ мекунем) ном бурд ва гуфт, “духтараки аълохон буд, одобаш хуб ва ба имтиҳонот тайёрӣ дида истода буд”.

Худкушӣ ё қасд ба ҷони худ кардани духтарон дар Тоҷикистон нав набуда, қаблан ҳам даҳҳо духтару зан даст ба ин кор зада буданд. Аз ҷумла, чанд соат пеш пулиси Душанбе аз қасди худкушии як духтар хабар дод, ки бо ин мақсад худро ба дарё андохтааст. Ин ҳодисаро як хонандаи мактаб мушоҳида карда ба кумаки ӯ шитофт ва ӯро аз худкушӣ наҷот дод. Сабаби қасди худкушии ин духтар ҳам маълум нест.

Қаблан, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии замимстони соли равон аз афзоиши худкушӣ, аз ҷумла, худкушии занону духтарон нигаронӣ карда гуфта буд, ки соли 2025 дар кишвар 364 мавриди худкушӣ ва сӯқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2024-ум (316 маврид) 48 маврид бештар будааст. Аз ин рақам 254 (соли 2024 – 217) ҳолат худкушӣ ва 110 (соли 2024 – 99) мавриди дигар сӯиқасд ба ҷони худ будааст.

Ба гуфтаи ӯ аз ин омор, 261 мавриди худкушӣ ва сӯиқасдҳо ба ҷон ба занону духтарони ноболиғ рост меояд, ки назар ба соли 2024-ум (246 маврид) 15 маврид бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.