Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Фарзона Муродӣ, asia+

Дирӯз, 27-уми апрел, раиси як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳамдеҳаашро бо милтиқи шикорӣ захмӣ кардааст. Ҳардуи онҳо ҷон бохтаанд.

Имрӯз, 28-уми апрел, Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов, муовини раиси ҷамоати Хистерварз дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ кард.

Ба иттилои ӯ, Хуршед Мавлонови 46-сола, раиси хоҷагии деҳқонии Зоидбой Каримови деҳаи Хистеварз ба куштори ду сокини ин деҳа – Наимҷон Ҳоҷибоеви 47-сола ва Шариф Султонови 41-сола гумонбар аст.

Мовини раиси ҷамоати Хистерварз гуфт, ки рӯзи гузашта Хуршед Мавлонов бо милтиқи шикорӣ ду ҳамдеҳаашро захмӣ кардааст, ки бар асари он ҷабрдидагон ба ҳалокат расидаанд.

Дар аксҳои ҷойи ҳодиса, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, дида мешавад, ки яке аз тахтапушт ва дигарӣ аз пушти гардан ва биниаш хунрезӣ дорад. Маълум нест, ки онҳо дар кадом шароит ҷон бохтаанд ва оё ҳарду аз тири милтиқ кушта шудаанд.

Абдуҷалилов сабабу омили ҳодисаро дақиқан шарҳ надод, танҳо кӯтоҳ гуфт, ки “сабаб асосан маблағ аст”. Гап сари кадом маблағ меравад ва миёни фавтидагону гумонбар чӣ додугирифт сурат гирифтааст, дақиқ нест.

Хуршед Мавлонов солҳо милтиқи шикорӣ доштааст ва сокинон аз ин огоҳ будаанд.

Наимҷон Ҳоҷибоев ва Шариф Султоновро субҳи имрӯз дар зодгоҳашон ба хок супоридаанд. Хуршед Мавлонов боздошт шудааст.

Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд рух додани ҳодисаи куштор дар ҷамоати Хистеварзро ба мо тасдиқ, аммо ба далели “халалдор накардани ҷараёни тафтишот” аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд.

Назари пайвандони гумонбар ва кушташудагон ҳам ба мо дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки давоми моҳи апрел ин дуюмин куштори пурсарусадо дар вилояти Суғд аст. Рӯзи 8-уми апрелкорманди ҶДММ “Кабири Хуҷанд” Алишер Ҷӯраеви 30-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон (Чкаловски пешин) ҳамкораш Иқбол Носирови 40-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо зарби корд ба ҳалокат  расонида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.