Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

asia+

Дар пайи истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Панҷакент 4 нафар заҳролуд шудаанд. Ҳамчунин, 25 каси дигар бо гумон заҳролудшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Маркази беҳдоштии Суғд бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 6-уми апрел рух дода, заҳролудшудаҳо баъди як шабонарӯзи табобат аз беморхона рухсат дода шуданд. Беморон гуфтаанд, ки пас аз истеъмоли гӯшти мурғ (грил) дар тарабхонаи “Абубакр”-и шаҳр вазъи саломаташон якбора бад шудааст.

“Ҳамзамон, аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент дар ошхонаи мазкур санҷиши назоратӣ гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки ҳангоми коркарди технологӣ ва нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории тезтайёр ба як қатор камбудиҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар рафти кор риоя карда нашудааст”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ба навиштаи манбаъ, то ислоҳи пурраи камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти ошхонаи “Абубакр” боздошт шудааст.

Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон панҷ узви як оила дар ноҳияи Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида дар бемористон бо бемории ботулизм бистарӣ шуда буданд. Мутаассифона ҳолатҳои маргт ҳам ба қайд гирифта мешавад. 

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.