Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

asia+

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) раванди татбиқи лоиҳаи нави “Гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба низоми рақамӣ”-ро муаррифӣ кард.

Дар вохӯрие, ки рӯзи 14-уми апрел бо иштироки намояндагони вазорат, ҳамоҳангсозони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе баргузор гардид, гуфта шуд, ки ҳадафи ин лоиҳа таъсиси пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ аст, ки ҳамчун “Равзанаи ягона” барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ хидмат хоҳад кард.

Дар ҷараёни муаррифии лоиҳа, Сарвиноз Ҷунайдова, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон, иброз дошт, ки ин иқдом барои соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

“Тавассути “Равзанаи ягона” соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод карда, бе сарсонии зиёд иҷозатномаи фаъолият ва дигар имтиёзҳои пешбинишударо ба даст оранд”, – гуфт ӯ.

Ҷунайдова таъкид кард, ки рақамикунонии минтақаҳо ба ҳукумати кишвар кӯмак мекунад, то ба сатҳи нави рушди технологӣ бароянд.

Манучеҳра Мадҷон, сардори Сарраёсати рушди минтақавӣ ва сиёсати сармоягузории Вазорати рушди иқтисод ва савдо, зикр кард, ки ҷалби сармоя ва муаррифии иқтидори саноатии минтақаҳо бе истифодаи воситаҳои муосири ахбор имконнопазир аст.

Ӯ гуфт, дар ин робита, вазорат ният дорад ҳамкориро бо ВАО тақвият бахшида, дар ояндаи наздик хабарнигорро ба минтақаҳои озоди иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд барад.

Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ки гузариш ба низоми “Равзанаи ягона” ва дигаргунсозии рақамии МОИ ба ҷалби бештари фанновариҳои нав ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон чанд Минтақаҳои озоди иқтисодӣ аст, кадоме воқеан кор мекунанд ва кадоме танҳо дар коғаз “фаъолият доранд”? Дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.