Ҷанг алайҳи Эрон сабаби қатъи бунёди корхонаи коркарди партов дар Суғд шудааст

Эрон 40 дарсади лоиҳаро сармоягузорӣ мекард.

Фарзона Муродӣ, asia+

Бо оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва ҷанг алайҳи ин кишвар сарнавишти яке аз лоиҳаҳои муҳими саноатии Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд низ норӯшан шуд. Корхонаи муштараки коркарди партов, ки қарор буд бо сармоягузории Тоҷикистону Эрон бунёд шавад ва даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис диҳад, бинобар вазъи ноороми минтақа амалан мутаваққиф шудааст.

Бунёди корхонаи коркарди партов лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Эрон буда, бо 40 дарсад сармояи Эрон ва 60 фоиз аз Тоҷикистон сохта мешуд.

Муҳаммад Муҳаммадзода, роҳбари МОИ “Суғд” рӯзи 20-уми май дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, барои марҳилаи аввали лоиҳа 5 миллион доллари амрикоӣ (беш аз 46 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда буд ва интизор мерафт, ки аз 30 то 50 нафар дар коргоҳ бо кори доимӣ таъмин шаванд.

Ба қавли ӯ, тибқи лоиҳа, дар корхона истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва равғанҳои молиданӣ аз партов ба роҳ монда мешуд ва иқтидори солонаи корхона 200 тонна арзёбӣ мегардид. Корхона бояд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд бунёд мешуд.

Муҳаммад Муҳаммадзода
“Соҳибкорони эронӣ омада, ҷойро диданд ва мувофиқ донистанд. Як “контейнер” (қуттӣ) ҳам оварданд ва аз хукумати шаҳр барои бунёди корхона 2 гектар замин талаб карданд. Раиси шаҳр барои ҷудо кардани замин розӣ буд”, – афзуд Муҳаммадзода.

Ба гуфтаи ин масъул, ҳанӯз пеш аз судури қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи ҷудо кардани замин, ҷанги Исроилу Амрико ба зидди Эрон оғоз шуд ва соҳибкорони эронӣ ба ватани худ баргаштанд.

“Мо низ хурсанд будем, ки ҳам корхонае барои коркарди партов бунёд мешавад, ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам мешаванд ва ҳам то ҷое барои ҳалли мушкили партов  мусоидат мекунад. Аммо ҷанг дар Эрон ин ҳамаро барбод дод. Соҳибкорони эронӣ чанд бор иқдоми омадан карданд, аммо наомаданд ва дигар тамос ҳам нагирифтанд”, – илова кард ӯ.

Дар пасманзари афзоиши ҳаҷми партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар вилояти Суғд, масъалаи коркарду безараргардонии онҳо солҳои охир ба яке аз мушкилоти муҳими экологӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Бо вуҷуди фаъолияти даҳҳо корхонаи саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, то ҳол дар ин минтақа корхонаи бузурги муосири коркарди партов вуҷуд надорад.

Бисёре аз партовҳо дар партовгоҳҳо ҷамъ мешаванд, ки метавонад ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин лиҳоз, бунёди корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон барои коркарди партов яке аз лоиҳаҳои муҳим арзёбӣ мешуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.