Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Дар пасманзари ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва таниши вазъ дар Ховари Миёна ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли равон дар муқоиса бо моҳи пешина 9,8% коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар моҳи март 40,6 млн долларро ташкил додааст, ки 4,4 млн доллар камтар нисбат ба моҳи феврал аст.

Ба иттилои манбаъ, rоҳиш дар навбати аввал аз ҳисоби босуръат камшавии содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Эрон сурат гирифт. Ҳаҷми он қариб се баробар – аз 10,6 млн доллар дар моҳи феврал то 3,9 млн доллар дар моҳи март кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, воридоти молҳои Эрон ба Тоҷикистон, баръакс ба андозаи 7,9% – аз 34 млн то 36,7 млн доллар афзудffcn.

Аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи Эрон дар муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 4,5%-ро ташкил дод.

Ба сурати умум, тайи панҷ соли ахир савдо байни Тоҷикистону ва Эрон афзоиши устуворро нишон медиҳад. Аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта гардиши мол ба андозаи 28,1% – аз 377,7 млн доллар дар соли 2024 то ба тақрибани 484 млн доллар афзуд.

Ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Эрон ҳудуди 113 млн доллар ва воридоти мол аз Эрон зиёда аз 371 млн долларро ташкил дод. Ҳиссаи Эрон дар муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ ба 4,5% расид.

Асоси содироти Тоҷикистон ба Эронро маҳсулоти ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, калобаи пахтаву коғаз, инчунин навъҳои алоҳидаи маъдан ва фулузот ташкил медиҳанд.

Аз Эрон ба Тоҷикистон бештар маҳсулоти нафту кимиё, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ (аз ҷумла сабзавоту мева, инчунин полимерҳо бо шумули навъҳои гуногуни полиэтилен ворид мешаванд.

Ҳаҷми гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки 12,8% зиёдтар нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2025 мебошад.

Дар ин давра ҷумҳурӣ бо 112 кишвари саросари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом дод.

Тавозуни савдо манфӣ сурат гирифта, зиёда аз 1,6 млрд долларро ташкил дод.

Ҳаҷми содироти молу маҳсулот қариб 514 млн долларро ташкил дод, ки 0,7% камтар дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2025 аст.

Шарикони асосии тиҷорат кишварҳои зерин мебошанд:

— Чин – 39,9%;

— Туркия – 11,6%

— Белгия – 12,7%

— Ӯзбекистон – 8,5%

— Қазоқистон – 5,8%.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,2 млрд долларро ташкил додааст, ки 16,6% зиёдтар дар муқоисаи бо семоҳаи аввали соли гузашта аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".