Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Сайфиддин Қараев, asia+

Тоҷикистон ба туфайли захираҳои нодири табиӣ ва мавқеи роҳбурдии ҷойгиршавӣ, то соли 2030 метавонад дар соҳаи сайёҳии экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафиро ба даст орад.

Чунин ҳадаф дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Дар Стратегия бунёди хатсайрҳои аз лиҳози экологӣ тоза ва иншоот дар минтақаҳои табиӣ ба мисли Помир ва Искандакӯл, рушди сайёҳии кӯҳӣ дар кӯҳҳои Фон, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷалби сармоягузорӣ баҳри бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва пешбурди зерсохтор пешбинӣ шудааст. Таълиму омӯзиши сокинони маҳал ва баланд бардоштани сатҳи касбӣ барои беҳбуди сифати хидматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Баҳри расидан ба ҳадафҳо бунёду омода кардани пойгоҳҳои экологӣ ва хонаҳои пазиройии меҳмонҳо (гестхаусҳо), рушди зерсохтор, таъмиру навсозии роҳу шабакаҳои нақлиёт, ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалии экологӣ зарур аст. Ҳамчунин пешбурди фаъолонаи кишвар дар бозорҳои байнулмилалӣ бо ёрии маъракаҳои ҳадафноки таблиғотӣ (рекламавӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Тоҷикистони сайру саёҳат дар соли 2030

Мувофиқи Стратегия, дар соли 2030 сайёҳӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) саҳми назаррас гузошта, дар шаҳру минтақаҳои дурдаст ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Ҷалби сармоягузорӣ ва рушди зерсохтор, сохтмони меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва шабакаҳои нақлиётӣ ҳадафи муҳим мешавад Аз фароҳам овардани шароит барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар деҳот, ки ба коҳиши муҳоҷирати корӣ имкон медиҳад, интизорӣ меравад.

Дар Стратегия ба рушди зерсохтори сайёҳӣ бо шумули терминалҳои нақлиётӣ ва иншоот барои сайёҳии варзишӣ ва экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Бунёд ва таҳкими заминаи Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва омода кардани мутахассисон дар ин соҳа иқдоми муҳим хоҳад буд.

Вазифаҳои асосии стратегия аз беҳбуди сифати хидматрасонӣ, бунёди кластерҳои сайёҳӣ ва пешбурди таамғаи миллии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ иборатанд. Ҳамчунин роҳандозии тадбирҳо оид ба таъмини амнияти сайёҳон ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва таърихиву фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Дастрасии кишвар ба сайёҳон нақши ҳалкунанда дорад: ҷорисозии сиёсати “Фазои боз”, беҳбуди сифати хидматрсонӣ дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ ҷиҳати таассуроти аввали мусбати сайёҳон ва кумак ба афзоиши сафи онҳо мусоидат мекунанд.

Мувофиқи пешгӯиҳо ва ҳадафҳо то соли 2030, дурнамои сайёҳии экологӣ то соли 2030 дар Тоҷикистон умедбахшанд. Бо табиати нодир, кӯҳҳои сар ба фалак кашида, кӯлу дарё ва навҳои гуногуни ҳайвонот, Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ имкониятҳои бузург дорад.

Самтҳои асосӣ бунёди хатсайрҳои аз лиҳози экологӣ тоза дар мамнуъгоҳҳо, аз ҷумла “Хуталон”, рушди сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳҳои Фон ва Помир, инчунин ҳавасмандсозии сармоягузорӣ ба зерсохтор, аз ҷумла хонаҳои пазиройии меҳмонон ва хонаҳои истироҳат, ки ҳадди ақалл ба табиат таъсир мерасонанд, маҳсуб меёбанд.

Афзалиятҳои сайёҳии экологии кишвар аз ҳифзи захираҳои табиӣ, рушди хатсайрҳои сайёҳии экологӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таълими кадрҳо иборатанд.

Ганҷинаҳои сайёҳии Ҳисор ва Рашт

Тоҷикистон аз имконоти назаррас барои рушди сайёҳии экологӣ бархӯрдор аст. Дар зер чанде аз онҳо.

Ноҳияи Лахш сайёҳонро бо табиати зебо ҷалб мекунад: нақшҳои кадимӣ рӯйи сангҳо, маконҳои муқаддас, пирях ва қуллаҳои бузург, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ ва Корженевский. Дар қаламрави ноҳия Боғи миллӣ амал мекунад, ки дар он 13 пирях ва 4 қуллаи баланд ҳаст. Лахш дорои шароити гуногун барои сайёҳӣ аст – аз кӯҳнаврдӣ то сайёҳии лижаронии зимистона. Ин ҷо меҳмонхонаҳои хурд (хостелҳо), нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва чашмаҳои шифобахш амал мекунанд.

Аз шарқ ба ғарб дар ноҳияи Тоҷикобод дарёи Сурхоб мегузарад. Қад-қади соҳилҳои он дигар сарчашмаҳои обии минтақа ҳастанд, аз ҷумла Шӯрак, Қайерма, Диҳдиҳӣ ва Тағояк. Дар ин қаламрав 86 чашами шаффоф ва 1 чашмаи шифобахш ҳаст, ки барои одамон ҷиҳати солми гардонидани ҷисми худ ва истироҳат дар муҳити тозаи экологӣ хидмат мекунанд.

Захираҳои табиӣ ва иқлими ноҳияи Рашт барои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳати фаъол хеле қулай мебошанд Ин ҷо самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла пиёдагардӣ, сайёҳии кишоварзии экологӣ ва дарёгардӣ (рафтинг) дар ҳоли рушданд. Ғайр аз ин, ноҳия зерсохтори рушдёфта бо марказҳои интернетӣ, нуқтаҳои хидматрасонии сарироҳӣ ва марказҳои мубодилаи асъор дорад.

Дар ноҳияи Нуробод сайёҳии экологӣ фаъолона дар ҳоли рушд буда, барои сайругаштҳои пиёда, бо асп, дарёгардӣ, моҳидорӣ ва шикор шароит фароҳам оварда шудааст.

Ноҳияи Сангвор, ки дар водии дарёи Хингоб ҷойгир шудааст, бо зебоиҳои табиат, мероси фарҳангӣ ва имконоти нодир барои сайёҳӣ, аз ҷумла сайҳии экологӣ маъруф аст.

Ин минтақа бо маконҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла мақбараи муқаддаси Бурхи Валӣ маъруф аст, ки зойирин ва сайёҳонро аз саросари ҷаҳон ҷалб мекунад.

Дар қаламрави ноҳия 10 минтақаи тозаи экологӣ, 2 кӯл, зиёда аз 100 чашма, 2 чашаи шифобахш, инчунин 10 боғ ҷойгир шудааст, ки барои истироҳат ва моҳидорӣ хеле оливу қулай мебошанд. Ҳамчунин дар ин минтақа 10 мавзеи шикор мавҷуд аст.

Барои сайёҳони экологӣ шаҳри Роғун бо шифохонаи “Оби Гарм” ҷолиб аст. Дар он оби шифобахши Муллошайх ва дигар чашмаҳо мавҷуданд.

Дараи Ромит бо оби тозаву ҳайвоноти нодир ва растаниҳои шифобахш маъруф аст. Миёни иншооти сайёҳӣ метавон аз мамнуъгоҳи “Ромит”, хонаҳои истироҳати “Явроз”, “Дониш”, “Кайҳон”, инчунин бисёр минтақаҳои экологӣ, иншооти дамгирӣ ва корхонаҳо ном бурд.

Ноҳияи Варзоб қаламрави ояндадор барои рушди сайёҳӣ дониста мешавад. Дар Варзоб беш аз 900 минтақаи истироҳат, аз ҷумла 65 фароғатгоҳ (курорт)-и бузургу миёна ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумлаи дигар маҳаллаҳои аҳолинишин метавон аз Файзобод, Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ном бурд.

Дар Хатлон чиҳо пинҳон аст?

Балҷувон, Муъминобод, Норак, Сарбанд, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг ноҳияҳое мебошанд, ки дар онҳо барои рушди сайёҳии кэологӣ аллакай имконияҳо ҳастанд. Ин ҷо метавон манзараҳои нотакрору бетағйири табиат ва обуҳавои фораму тозаро номбар кард.

Дар паҳлӯи роҳҳои Балҷувон – Сари Хосор ва Кӯлоб – Чилдухтарон сохтмони хонаҳои иҷора, пазиройӣ ва меҳмонхонаҳои хурд пешбинӣ шудааст, ки зисти бароҳати сайёҳонро дар ин ноҳияҳо таъмин мекунад. Ин ба фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри роҳандозии сафар ба ёдгориҳои таърихӣ, инчнуин истироҳати фаъол, дучархаронӣ ва тамошои табиату ҳайвонот имкон медиҳад.

Рушди сайёҳии экологӣ метавонад ба сарчашмаи муҳими даромад барои сокинони маҳаллӣ табдил ёбад. Ҷалби занони маҳаллӣ ба ташкили сафарҳо, баргузории экскурсияҳо ва тайёр кардани туҳфа ва ҳадяҳо ба беҳбуди сифати ҳаёти онҳо мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, ҷойҳои нави кории марбут ба хидматрасонӣ ба сайёҳон, беҳбуди зерсохтор ва дастрасӣ ба бозорҳо ба рушди иқтисоди минтақа мусоидат мекунанд.

Сарфи назар аз имконоти бузург, вилояти Хатлон ба як қатор хавфҳо дар рушди сайёҳии экологӣ дучор мешавад. Яке аз онҳо зерсохтор аст, аз ҷумла роҳу таъминот бо об ва обу корез, инчунин мавҷуд набудани иншооти сайёҳӣ.

Имконоти нодири Бадахшон

Дар ВМКБ иншооти гуногуни табиӣ ҷойгир аст, аз ҷумла қаторкӯҳу дараҳои амиқ, марғзорҳои баландкӯҳ ва кӯлу пиряхҳо. Яке аз иншооти маъурф Помир, аст ки “боми ҷаҳон” дониста мешавад. Ин бойигариҳои табиӣ барои сайёҳии гуногуншакли экологӣ аз қабили сайругашту кӯҳнавардӣ ва тамошои табиат шароит фароҳам меоранд.

Яке аз намунаҳои барҷаста кӯли Сарез мебошад, ки дар баландкӯҳ воқеъ буда, бо табиату зебоии нодир ва арзишмандии экологии худ фарқ мекунад.

Осоишгоҳи “Гармчашма дар ноҳияи Ишкошим бо обҳои табобатии худ, ки барои солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо истифода мешаванд, маъруф аст. Ин маконест, ки шахсони шавқманди сайёҳии табобатиро ҷалб мекунад.

Дар осоишгоҳи “Айваҷ” на танҳо истироҳат, балки ба навъҳои варзиши экологӣ машғул шудан имкон дорад. Осоишгоҳи “Бибӣ Фотимаи Зуҳро” бо сарчашмаҳои обҳои термалӣ ва зебоиҳои табиат маъруф аст.

Қаторкӯҳҳои осмонбӯси Помир маконест барои дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва сайёҳии экологӣ. Манзараҳои он хеле зебо буда, барои истироҳати фаъол дар баландии зиёда аз 4000 метр дар сатҳи баҳр шароит муҳайё шудааст.

Пиряхҳои Помир шахсонеро ҷалб мекунанд, ки ба низомҳои экологии пиряхҳо таваҷҷуҳ доранд, инчунин кӯҳнавардонеро, ки дар хатсайрҳои душвор имкону қобилиятҳои худро санҷидан мехоҳанд.

Сарфи назар аз имконоти бузург, рушди сайёҳии экологӣ дар ВМКБ бо як қатор мушкилиҳо дучор аст. Яке аз мушкилиҳои асосӣ ҷудо будани зерсохтори минтақа аст. Вазъи бади роҳҳо, норасоии манзили муосир ва маҳдудияти зерсохтори тиббӣ метавонанд сайёҳони имконпазирро дилсард созанд. Барои ҳаллу фасли ин мушкилот, сармоягузории назаррас ба рушд, аз ҷумла сохтмони роҳҳои экологӣ, беҳбуди шароити зист ва хидматрасонии тиббӣ зарур аст.

Марворидҳои табиати Суғди қадим

Ба туфайли захираҳои табиии худ вилояти Суғд барои рушди сайёҳии экологӣ аз имконоти зиёд бархӯрдор аст.

Кӯҳҳои Фон макони писандида барои кӯҳнавардон ва сайёҳон аст, ки ба сайёҳии экологӣ ва манзараҳои зебову табиати нодир таваҷҷуҳ доранд.

Кӯли Искандаркӯл яке аз кӯлҳои зебои ҷаҳон мебошад, ки дар кӯҳҳои Фон воқеъ аст. Он сайёҳонро бо оби тоза ва манзараҳои зебои худ ҷалб месозад.

Кӯли Кӯликалон бо оби шаффофу тоза ва манзарҳои дилфиреби худ фарқ мекунад.

Кӯли Ҳафткӯл низ боз яке аз кӯлҳои зебои кӯҳҳои Фон мебошад.

Кӯли Аловуддин кӯли баландкӯҳест, ки яке аз маконҳои зебо ва дилфиреб дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад.

Кӯли Марғузор кӯли зебоест ар қисмати шимоли Тоҷикистон, ки бо кӯҳу ҷангал иҳота шудааст. Дар ин ҷо барои сайругаштҳои экологӣ ва гаштугузор дар ҳавои тоза шароит фароҳам оварда шудааст.

Дараи Охтангӣ яке аз маконҳои табиат аст, ки сайёҳонро бо гуногуннавъии ҳайвонот ва набототи худ ҷалб месозад.

Дараи Кенгкӯл маконест, ки дар он табиат дар шакли офариниши ибтидоии худ боқӣ мондааст.

Дараи Кухсовли манзараи хеле зебо дошта, сайёҳонро бо гуногунии табиат ва имконот барои сайругаштҳои экологӣ ҷалб мекунад.  

Маркази байнулмилалтии кӯҳнавардии “Артуч” дар 76 километрии Панҷакент дар кӯҳҳои Фон ҷойгир аст. Ба туфайли мавқеи ҷуғрофии нодир ва шароити мусоид барои навъҳои кӯҳии варзиш, марказ барои кӯҳнавардон ва сайёҳони экологӣ писандида маҳсуб меёбад.

Панҷ мушкили сайёҳии экологии Тоҷикистон

Сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон аз имконоти зиёд бархӯрдор буда, аммо барои таъмини рушди устувори он ҳаллу фасли як қатор мушкилоти калидӣ зарур аст.

Аввал, афзоиши вуруди сайёҳон метавонад ба сарбории қаламравҳои табиӣ боис гардад, ки ба таназзули низомҳои экологӣ оварда расонида, ба навъҳои нодири растанӣ ва ҳйавонот хавф эҷод месозад. Барои ҳалли ин мушкил ҷорисозии квотаҳо барои боздид аз иншооти писандидаи табиӣ, назорати теъдоди сайёҳон, инчунин пешбурди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза ва стратегияҳои сайёҳӣ лозим аст.

Дуюм, Тоҷикистон ба норасоии меҳмонхонаву иншооти сайёҳӣ, инчунин шабакаи нокофии нақлиётӣ бахусус дар ноҳияҳои дурдаст дучор буда, барои ҳаллу фасли ин мушкил рушди зерсохтор тариқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, афзоиши меҳмонхонаҳо ва беҳбуди алоқаи нақлиётӣ бо назардошти хавфҳои табиат ба мисли заминларза лозим аст.

Мшкили сеюм норасии кадрҳои соҳибтахассус аст. Камбуди роҳнамоҳои касбӣ ва мутахассисони сайёҳии экологӣ метавонад сифати химадтмарасонӣ ва таассуроти сайёҳонро коста гардонад. Барои ҳаллу фасли ин масъала рушди низоми омодагӣ ва гувоҳнома гирифтани роҳнамоҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани касбияти кормандон, инчунин таҳияи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи сайёҳии экологӣ зарур аст.

Мушкили чорум ба сатҳи пасти огаҳӣ аз Тоҷикистон ба сифати самти сайёҳӣ марбут аст. Бисёре аз сайёҳон аз Русия ҳоло дар бораи Тоҷикистон ҳамчун макони мусоиди сайёҳии экологӣ огаҳӣ надошта, фаъоляти нокофии бозорёбӣ (маркетинг) теъдоди сайёҳонро маҳдуд месозад. Инро метавон тариқи пешбурди фаъолонаи Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалии сайёҳӣ, тавассути шарикӣ бо агентиҳо, маъракаҳои таблиғотӣ ва бунёди захираҳои иттилоотӣ ислоҳ кард.

Ва дар ниҳояти кор, сайёҳии беназорат ба тахриби захираҳои табиӣ, ифлосшавӣ ва бад шудани низомҳои экологӣ боис мегардад. Барои ҳалли ин масъала ҷорисозии модели устувори сайёҳӣ, бунёди низоми мониторинг ва танзими ҷараёни вуруди сайёҳон, инчунин таҳияи хатсайрҳои сафари бехатар ва меъёрҳои қонунгузорӣ барои ҳифзи минтақаҳои табиӣ лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.