Гузоришҳо аз тафоҳумномаи 60-рӯзаи Эрон ва Амрико. Теҳрону Вашингтон мегӯянд, то ҳол ин тавофуқ ниҳоӣ нашудааст

Муовини Доналд Трамп гуфт, ки ҷонибҳо ба созиш “хеле наздик” шудаанд

Ҷей Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Вашингтону Теҳрон ба созиши хатми ҷанг наздик шудаанд, вале ҳоло он ниҳоӣ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, ду тараф чанд масъалаи ҳалношударо пеш аз ба даст овардани созиш дар бораи ҷанг бояд ҳал кунанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз даст ёфтани Амрикову Эрон ба як тафоҳумномаи тамдиди 60-рӯзаи оташбас ва оғози музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ хабар медищанд.

Эрон то кунун дар ин маврид расман изҳори назар накардааст ва расонаҳои ғарбӣ ҳам навиштаанд, ки тафоҳумномаи нави оташбас ҳанӯз аз ҷониби раҳбарони ду кишвар тасдиқи ниҳоӣ нагирифтааст.

Ҷей Ди Вэнс. Акс аз Reuters
Венс 28-уми май ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки “ман кафолат дода наметавонам, ки мо ба созиш мерасем, аммо ҳоло эҳсоси нисбатан мусбате дорам”.

Ба қавли ӯ, музокиракунандагони ҳарду ҷониб “дар бораи якчанд масъалаи марбут ба матни созишнома”, аз ҷумла “масъалаи ғанисозии уран”, гуфтугӯ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла, “Аксиос”, “Ройтерз” ва “Ассошиэйтед пресс” гузориш додаанд, ки музокиракунандагони Эрон ва Амрико лоиҳаи ёддошти тафоҳумеро омода кардаанд, ки ба ҷуз тамдиди оташбас ба муддати 60 рӯз, масъалаи оғози даври тозаи музокирот бар сари барномаи ҳастаӣ ва боз шудани тангаи Ҳурмузро дар бар мегирад.

Ба гузориши “Ассошиэйтед пресс”, ин тафоҳумнома метавонад убури “бидуни маҳдудият” аз тангаи Ҳурмузро имконпазир кунад ва Эрон бар асоси он 30 рӯз вақт дорад, ки минҳои дар ин гузаргоҳи борики дарёӣ гузошташударо ҷамъоварӣ кунад.

Тибқи ин гузоришҳо, Амрико муҳосираи баҳрии Эронро лағв карда, бо додани имтиёзҳои таҳримӣ ба Эрон иҷозат хоҳад дод, ки содироти нафти худро аз сар гирад.

сохтаи ҳушвора

Ин ҳама гузоришҳо дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир Амрикову Эрон чанд бор ба якдигар ҳамла карда, ҷониби муоқбилро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.