Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли дохилӣ супориш додааст, ки то соли 2029 дар минтақаҳои гуногуни кишвар 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд шавад.
Ин дастури ӯро сомонаи расмии раисҷумҳур ҷудо аз хабари баргузории ҷаласаи ҳукумат нашр кардааст. Маълум нет, ки ин корхонаҳо мушаххас дар кадом минтақаи кишвар ва бо кадом маблағгузорӣ сохта мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, иқтидори умумии истеҳсоли ин корхонаҳо “6 миллион тонна” семент хоҳад буд.
“Бо ин иқтидор, ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар афзун гардида, боиси пурра ва барзиёд таъмин шудани бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас мегардад”, – илова кардааст манбаъ.
Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 28-уми май дар маҷлиси ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз гарон ва камчин шудани семент дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ ва сабаби ин вазъиятро таъмири бархе корхонаҳо дар мавсими сохтмон ва “фаъолияти миёнаравҳо” маънидод карда, ба масъулин дастур додааст, ки барои ба эътидол овардани вазъ талош кунанд.
Ӯ дар ин ҷаласа боз чӣ гуфт ва чӣ супориш дод? Дар ин матлаби мо хонед: Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз гароншавии семент ва дастури ӯ барои ба эътидол овардани вазъ
Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафта, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) то ба 100 сомонӣ расид. Дар пайи ин, дар бозору мағозаҳои кишвар ин навъи маҳсулот камчин шуд, ки нигаронии аҳолиро ба миён овард.
Арзиши семент дар бозорҳои кишвар чӣ гуна боло рафт ва фурӯшандагону таҳвилгарон чӣ мегӯянд, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?








