Сухан аз шеъри дороӣ. Таҷлили 80-солагии Доро Наҷот, шоире, ки ба ормонаш расидааст

Ӯ шоири халқиву соҳиби фарҳанги Доро аст.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

“Дониши акнуниён дар хотири роёнаҳост”, – солҳо пеш пешгӯӣ карда буд Доро Наҷот ва маҳз ҳамин тезбиниаш ӯро ба яке аз чеҳраҳои адабиёти муосир табдил дод. Рӯзи 8-уми май дар Душанбе аҳли адаб ва мухлисони каломи бадеъ гирд омаданд, то 80-солагии шоиреро ҷашн гиранд, ки бо эҷоди “шеъри дороӣ” дар сабки нигориш инқилоби адабӣ ба вуҷуд овард.

Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе он рӯз пур буд аз шоирон, нависандагон, муҳаққиқон, ҳунармандон, омӯзгорон ва хонандагон. Дар паҳлӯи аҳли адаби тоҷик, намояндаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт.

Барнома бо суханрониҳои пурмуҳтаво, қироати ашъор, таронаҳои дилпазири ҳунармандон ва баромади хонандагони мактаб ҳусну таровати хосса ёфт. Аз симову нигоҳи ҳозирин пайдо буд, ки ин маҳфил танҳо як чорабинии расмӣ нест, балки суҳбатест самимию дилнишин.

Маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким гардонандагӣ кард.

“Ба ормони бузурги эҷодии хеш расид”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин маҳфил таъкид кард, “қисмати шоирии Доро Наҷот маҷозан шабеҳи роҳи пурпечутоб ва ҷустуҷӯҳои таҳаввулхоҳонаи шеъри мост”. Ӯ масири эҷодии шоирро аз нахустин маҷмӯаҳои суннатӣ, аз ҷумла “Соҳиби кӯҳсор”, “Шабнам”, “Дарав” ва “Хирмани маҳтоб” то шеърҳои сафеди имрӯзаш ёдоварӣ кард.

Низом Қосим, акс аз asia+

Раиси Иттифоқ иброз дошт, ки ашъори суннатии аввалини Доро Наҷот “бо замину замон ва табиату табиият пайванди ногусастанӣ” дошта, симои падари чӯпон ва модари хонабон дар онҳо “мушаххас, заминӣ ва диданӣ” тасвир ёфтаанд.

Дар идомаи суҳбат Низом Қосим ба таҳлили шеърҳои сафеди шоир пардохта, гуфт, ки Доро Наҷот ҳангоми фаъолият дар Ройзании фарҳангии Эрон шеъри муосири он кишварро амиқ омӯхта, ба ин сабк рӯ овард. Аммо он чизе, ки ӯ офарид, на тақлид, балки осори “комилан тоҷикона ва бесобиқа” буд.

“Хусусияте, ки шеъри сафеди Доро Наҷотро ба дилҳо наздик мекунад, табиӣ будани он аст”, – изҳор дошт Низом Қосим ва аз ашъоре мисол овард. Вай дар тавсифи яке аз шоҳкориҳои шоир – “Сарлашкарам дар набарди ишқ ва сардӯшие дорам аз лонаи гунҷишк” – ишора кард, ки ин байт беназир аст. Шоир дар набарди ишқ сарлашкар аст, аммо озод нест, зеро як ҳаракати ноҷо метавонад лонаи гунҷишк – нозуктарин падидаи ҳаётро вайрон созад.

Низом Қосим мисраи “Дониши акнуниён дар хотири роёнаҳост”-ро гувоҳи тезбинии шоир ва мутобиқати он ба воқеияти имрӯз донист. Дар фарҷом, ӯ таъкид кард, ки “шеъри Доро Наҷот мактаби заруриву омӯзанда барои насли нави сапедсароёни тоҷик аст”.

Раиси ИНТ ёдовар шуд, ки солҳо пеш шоир орзу дошт, ки “як ҳарфи касе ногуфта гӯям”: “имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки шоир ба ин ормони бузурги эҷодии хеш расидааст”, – хулоса кард Низом Қосим.

“Қудрати шоир аз силоҳи низомӣ бузургтар аст”

Муҳаммад Ҷавонмард, намояндаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, аз номи ниҳоди дипломатӣ ба Доро Наҷот барои хидматҳои арзишмандаш дар солҳои фаъолият дар Ройзании фарҳангии Эрон самимона изҳори сипос кард.

Муҳаммад Ҷавонмард, намояндаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, акс аз asia+

Ҷавонмард таъкид дошт, “сарвати ҳар кишвар дар фарҳанги он аст. Кадом кон ва ё захираи нафтӣ метавонад бо арзиши воқеии як шоир баробарӣ кунад? Қудрати шоир ба маротиб аз силоҳи низомӣ бузургтар аст – бо ин тафовут, ки силоҳ вайронкор асту қудрати шоир созанда”.

Ӯ ёдовар шуд, ки ҳарчанд мо дар тӯли таърихӣ дар майдонҳои ҷанг шикастҳо дидаем, аммо “дар арсаи фарҳанг ҳамеша пирӯз будем ва дар ин миён шоирон нақши барҷаста доштанд”.

“Шеъри нимоӣ на, шеъри дороӣ”

Озарахш ва Фарзона, ду Шоири халқии Тоҷикистон, ки хос барои ин маҳфил аз Хуҷанд ба Душанбе омада буданд, аз робитаи дерини худ бо шеъри Доро Наҷот ва ҷойгоҳи ӯ дар ҳавзаи адабии Эрон сухан гуфтанд.

Фарзона ва Доро Наҷот, акс аз asia+

Фарзона ишора кард, ки дар оғози рӯоварӣ ба шеъри сафед, Доро Наҷот дар Тоҷикистон то ҷое танҳо монда буд ва ҷонибдоронаш ангуштшумор буданд.

“Он замон эҳсос мекардам, ки ӯ дар кишвар танҳост ва ҳатто аз ман ҳам танҳотар буд”, – ёд кард Фарзона ва афзуд, “аммо имрӯз бубинед, ки ин толор чӣ гуна лабрез аз мухлисонаш аст”.

Ӯ инчунин аз хотираи ҷашни арӯсие дар деҳаи Урметан, зодгоҳи соҳибҷашн, нақл кард, ки дар он Доро Наҷот “амири анҷуман”, яъне садри маҳфил буд. Ба гуфтаи шоира, он маҳфили шеъру сухан аз соати шаши шом то субҳ идома ёфт ва кӯдакону наврасон “дар сари бом, болои дарахтон ва рӯйи деворҳои гирдогирди ҳавлӣ ҳалқа зада буданд ва поён намеомаданд”.

Мавсуф дар бораи вижагиҳои сабки Доро Наҷот гуфт, ки бо вуҷуди омӯзиш аз мактаби Нима Юшиҷ, шеъри офаридаи ӯ комилан мустақил ва фарқкунанда аст: “Шеъри Доро шеъри нимоӣ нест, шеъри дороӣ аст, шеъри бисёр номукаррар, хос, бесобиқа, асил ва комилан тоҷикона”.

Ва ҷойгоҳи Доро Наҷотро дар шеъри муосири форсӣ Фарзона чунин тавсиф кард: “Мафҳумҳои бузурги иҷтимоиро, аз қабили Ватан, миллат, истиқлол, ваҳдат ва Наврӯз, устод Доро Наҷот ба гунаи дигар тасвиру тафсир мекунад”.

Фарзона таъкид дошт, “ин сатрҳо хеле тоҷиконаанд. Дар оинаи ҳамин чанд мисраи кӯтоҳ мо на танҳо деҳаи Урметан ва водии Зарафшон, балки тамоми Тоҷикистонро мебинем”.

Дар фарҷоми гуфтор, Фарзона ба Доро Наҷот китоби тозаи ӯ бо номи “Найнаво”-ро (вожае, ки маҳсули табъи худи шоир аст) ҳадя намуд, ки гулчини ашъори соҳибҷашн бо табъи Озарахшу Фарзона аст.

Озорахш, акс аз asia+

Толиб Озарахш, Шоири халқии ба ёд овард, ки нахустин бор шеъри Дороро дар мактаби деҳаи Урметан, ҳангоми ташрифи шоир ба як ҷашнвора шунида буд:

Куҷо рафтӣ, ки дар роҳи Тагоб овора гаштам,

Суроғат кардаму бечора гаштам…

“Ҳамин мисраъҳо дар дили ман аланга барпо карданд. Шеъри ӯ бӯи зираву кокутӣ медод ва мисли чашмаҳои деҳаи мо мусаффову зулол буд”, – гуфт Озарахш.

Ӯ талошҳои Доро Наҷотро ба пайкори ҳаким Фирдавсӣ монанд кард: чунон ки муаллифи “Шоҳнома” 30 сол ранҷ бурд, Доро Наҷот низ 30 соли умрашро сарфи таҳияи “Фарҳанги Доро” (луғатнома) намудааст.

“Ин суханро нафаре мегӯяд, ки худаш низ 30соли умрашро фидои фарҳанг кардааст. Одами ҳунарманд аламу дарди худро дар кунҷи танҳоӣ бо кор кардан таскин медиҳад”, – иброз дошт ӯ.

“Бигзор Дороро ҳаким гӯем”

Раҳмат Назрӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дар маҳфил иброз дошт, ки дар бораи дӯсти наздик сухан гуфтан кори сода нест: “Ҳар қадар дӯст наздик бошад, ҳамон қадар изҳори назар мушкилтар мешавад. Мо бо Доро аз овони ҷавонӣ дӯсту рафиқ, ҳамқаламу ҳамдардем…”.

Акс аз asia+

Ӯ аз “талошҳои сарсахтона”-и Доро Наҷот дар ҷустуҷӯи вожаҳо ёд кард. Ба гуфтаи ӯ, шоир “мисли занбӯри асал, ки аз гулҳо шарбат меҷӯяд”, ҳар ибора ва вожаи нодиреро, ки пайдо мекард, бо заҳмати зиёд барои таҳияи “Фарҳанги Доро” гирд меовард.

Раҳмат Назрӣ пешниҳод намуд, ки ба Доро Наҷот тахаллуси адабии “Ҳаким” дода шавад, унвоне, ки дар адабиёти классикӣ ба бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳаким Низомӣ ва Ҳаким Умари Хайём дода мешуд: “Доро ҳам луғат месозад ва ҳам маъниро амиқ мекобад. Ин шеваи хосси ҳаким аст”.

Аз номи ҳукумати ноҳияи Айнӣ, зодгоҳи шоир, муовини раис Фарҳод Карамзода паёми шодбоширо ба Доро Наҷот расонд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки 16-уми май дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни расмии 80-солагии Доро Наҷот бо шукӯҳи хосса баргузор мегардаду аҳли адабу дӯстдорони шеърро онҳо интизоранд.

Маҳфил гарму самимӣ ва ба истилоҳ “ширу шакар” гузашт. Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, чанде аз ашъори Доро Наҷот, аз ҷумла “Ман худамро борҳо мирондаям” ва “Хоҳӣ – нахоҳӣ меравӣ”-ро суруд.

Афзалшоҳ Шодиев, сароянда, акс аз asia+

Инчунин, сарояндагони дигаре чун Лола Азизова ва Орзугул Хӯҷамова бо иҷрои таронаҳои дилкаш аз ашъори шоир базмро гармтар намуда, ба маҳфил ҳусну таровати хосса бахшиданд.

Бахши ҷолиби чорабинӣ баромади хонандагони мактаби деҳаи Урметан ва мактаби рақами 120-и шаҳри Душанбе буд. Ин наврасон бо рӯҳу илҳоми баланд намунаҳо аз ашъори соҳибҷашнро қироат карда, собит намуданд, ки насли наврас низ бо ин шеъри ноб пайванди амиқ дорад ва онро бо иштиёқ мепазирад.

Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+

Маҳфил бо сухани ҷамъбастии Аскар Ҳаким хотима ёфт. Ӯ хулоса карда гуфт, “ҳамаи дӯстоне, ки ин ҷо суханронӣ намуданд, аз адибону донишмандон то шогирдони мактаб, бар ин назар буданд, ки шеъри Доро Наҷот аз назари сабку баён ба ҳеҷ шеъри дигар монанд нест ва воқеан ҳам чунин аст”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.